Осиёи МарказӣСиёсат

Маркази миллии пешгирии шиканҷа далелҳои шиканҷаи қирғизистониҳои дастгиршударо тасдиқ кард

Директори Маркази миллии пешгирии шиканҷаи Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Рисбеков пас аз натиҷаи мулоқотҳо бо қирғизистониҳо, ки рӯзи 29 апрел аз ҷониби Тоҷикистон гаравгон гирифта шуданд, далелҳои шиканҷаро тасдиқ кард.

Дар ин бора 24.kg бо истинод ба хадамоти матбуоти ММПШ  хабар дод.

«7 май Маркази миллии пешгирии шиканҷа тартиби пур кардани Протоколҳои Истанбулро нисбати шаҳрвандони Қирғизистон, ки ҳангоми ҳодисаҳои рӯзи 29 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон гаравгон гирифта шуданд, оғоз намуд. Бо шаҳрвандон оид ба тартиби Протоколи Истанбул корҳои тавзеҳӣ идома доранд. Ҳоло мо гуфта метавонем, ки онҳо мавриди муомилаи бераҳмона ва шиканҷа қарор гирифтанд ”, – шарҳ дод Бакит Рисбеков.

Протоколҳои пуркардашуда аз ҷониби ММПШ  бо замима кардани як мактуби иловагӣ ба Прокуратураи генералии Қирғизистон пешниҳод карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ин изҳороти Қирғизистонро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тавофуқи сулҳ Тоҷикистон чанд тан аз асирони қирғизистониро раҳо кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *