Осиёи МарказӣСиёсат

Маршал Дӯстум ба Толибон: аз пайи ҳукумати аморатӣ набошед

Муовини аввали собиқ раисҷумҳур, ба Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Русия) ҳушдор дода гуфт, ки агар ин гурӯҳ бо тадовими ҷанг дар пайи ба миён овардани ҳукумати дилхоҳи аморатии худ ҳастанд, иштибоҳ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Маршал Абдуррашид Дӯстум муовини нахусти раисҷумҳури пешини Афғонистон пас аз адои намози Ид бо ҳузури садҳо тан аз мардуми маҳаллӣ ва нирӯҳои амниятӣ дар шаҳри Шибирғони маркази вилояти Ҷузҷон гуфт, Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Русия) бояд бо идомаи оташбас ва поёни ҷанг ба тези гуфтугӯ баргарданд.

Ӯ афзуд, ки ҷанг дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Дӯстум таъкид мекунад, ки агар Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Русия) ба ҷангашон идома диҳанд масъулияти мардуми Афғонистон аст, ки дар саросари кишвар бо ибтидоитарин имконот бар зидди ин гурӯҳ мубориза барад.

Маршал Дӯстум ба раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пешниҳод мекунад, ки барои бурунрафт аз мушкилоти кунунӣ як Шӯрои тасмимгириро ташкил намояд ва барои бунёди он ҳаракат кунад.

Дӯстум пеш аз ин ҳам бо интиқод аз афзоиши хушунатҳо аз сӯи Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Русия) гуфта буд.

“Ин гурӯҳ бо бадтар кардани вазъияти кишвар мехоҳанд эътимоди мардумро ба давлат коҳиш диҳанд”, – таъкид дошт Дӯстум.

Ӯ ҳамчунон бо ишора ба гуфтугӯҳои сулҳ миёни афғонистониҳо дар Давҳа гуфта буд, агар ин бо шикаст ру ба рӯ шавад, ӯ омодаи ҷанг бо Толибон аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *