Осиёи МарказӣСиёсат

Муаллифи суруди миллӣ Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва писарашро душмани паштунҳо унвон кард

12:20, имрӯзМуаллиф: Asia-Plus

0 0 0 70

Чанде пеш нашрияи New York Times Аҳмади Масъудро яке азнафароне хонда буд, ки ИМА мехоҳад ба ӯ такя кунад.

 Борӣ Ҷаҳонӣ муаллифи суруди миллии Афғонистон ва вазири пешини фарҳангу иттилооти ин кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро душмани паштунҳо унвон кардааст

Абдулборӣ Ҷаҳонӣ, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, бо нашр аксе аз бистари беморӣ, дар саҳфаи фейсбукаш ба сиёсатмадорони паштуни Афғонистон ҳушдор додааст, ки барои ҳимоят аз низоми кунунӣ гирди ҳам оянд то аз ин тавтеаҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Оқоӣ Борӣ гуфтааст, ки худи ман ҷонибдори низом нестам ва барои ҳамин аз кор дар вазорати фарҳангу иттилоот истеъфо додам, аммо  дар ҳоли ҳозир ҳимоят аз ин низомро ба нафъи паштунҳо медонам.

Ин суханонро Борӣ дар пасманзари як матлаби нашряи New York Times навиштааст, ки чанде пеш ин нашрия навишта буд, ки Амрико баъди хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон ба дунболи шахсиятҳое мегардад, ки онҳоро ҳимоят кунад то дар мубориза ба терроризм муваффақ бошанд. Ин нашрия Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд Қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи пуровозаи даврони ҷиҳоду муқовимати Афғонистонро ба унвоне яке аз ин гуна шахсиятҳои мавриди назари ИМА ном бурдааст.

То кунун ба ин изҳороти Борӣ ҳеч мақоми расмиву сиёсие дар Афғонистон посух надодааст, ҳатто хонаводаи Масъуд ва дигар шахсиятҳои ҷиҳодиву сиёсии Афғонистон ҳам вокунише накардаанд.

Аммо дар расонаҳои иҷтимоии Афғонистон ин изҳори назарҳо вокунишҳои зиёдеро ба ҳамроҳ доштаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Борӣ Ҷаҳониро ба фошизм ва қавмгаройӣ муттаҳам кардаанд. Аз ҷумла Партав Нодирӣ рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон бо ишора ба муаллифи суруди миллии Афғонситон будани Борӣ навиштааст, ки “ҳеч вақт сурудаи як фошист, суруди миллӣ намешавад. Мо суруди миллӣ надорем”.

“Китобҳоро бифурӯшед, қаламҳоро бифурӯшед, туфанг бихаред. Фошизми бефарҳанг забони китобу қаламро намефаҳмад. Бо забони туфанг бояд бо фошизм сухан гӯйед. Бо фошизм ва ҳамроҳ бо фошизм, на миллат сохта мешавад ва на кишвар. Фошизм кӯрмор аст, ҳам дигаронро мекушад ва ҳам худро”,-навиштааст Нодирӣ.

Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин навиштаҳои муаллифи суруди миллии Афғонистонро башиддат наратангез ва тафриқаафганона хонадаанд.

Бояд гуфт. ки суруди миллии Афғонистон, ки комилан ба забони пашту аст, дар Афғонистон солҳост, ки мавриди баҳс аст ва намояндагони қавмҳои идгари ин кишвар иддао доранд, ки ин шеъри ин суруд манофеи тамоми ақвоми ин кишваро ифода намекунад ва хоси як қавм аст.

Зимнан ҳамон Луйи Ҷиргае, ки шеъри Борӣ Ҷҳониро ба унвони суруди миллии Афғонистон баргузидааст, ҳамчунин ин Луйи Ҷирга ба Аҳмадшоҳ Масъуд унвони Қаҳрамони миллии Афғонистонро низ додааст.

Аҳмад Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло унвни Амири ҷавонро гирифтааст, чанде пеш дар Кобул бо баргузор кардани як ҳамоиши бузурге, гуфт вориди сиёсат мешавад ва барои манофеи тамоми мардуми Афғонистон талош мекунад.

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/world/20210517/muallifi-surudi-mill-afoniston-amadsho-masud-va-pisarashro-dushmani-pashtuno-unvon-kard

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *