Илм ва фарҳангТоҷикистон

Муроҷиати рӯзноманигор Далери Имомалӣ ба масъулини Фестивал-озмуни “Парасту”-2021

Муҳтарам(а) Вазири ФАР-ҳанг ва муовинони ӯ, ки масъули гузаронидани Фестивал-озмуни  “Парасту”-2021 ҳастед. Оё Шумо барои худатон ҳақ медиҳад як шаб дар чунин шароит бо меҳмонҳои фестивал дар ин меҳмонхона хоб равед?

Барои чӣ ҳунарманди МАРДУМӢ 3 хона чӣ 1- то надорад, барои чӣ ҳунарманди шоиста мошин чӣ дучарха надорад, барои чӣ ҳунарманди ҷавон шиму кастюми нав чӣ охиринбор кай шикамсери гуштбирён хурдааст ёдаш нест….барои чӣ…барои он, ки Шумо ҷанобон бо мошинҳои ҲУКУМАТ дода аз буҷаи МАН, МО дар рӯз садҳо литр бензин сарф карда, дар тарабхонаҳои қиммат, дар хонаҳои 3-4 ҳуҷрагӣ…бо бизнесҳои алоҳидаи ба номи дигарҳо…мегардед…КАЙ НАНГАТОН бедор мешавад ноМУҲТАРАМҲОИ азиз? Магар айб нест дар асри 21 ҲУНАРМАНД дар 2 сол як маротиба ба ПОЙТАХТ меояд дар чунин шароит зиндагӣ кунад? Марги ману МО…Даъвоятон ин буд, ки мо беҳтарин намоишҳоро интихоб мекунем то ҳунармандон давоми як ҳафтаи фестивал дар Душанбе монанд…ҳоло чӣ интихоб кардеду бо чӣ тарз баҳсаш алоҳида, аммо магар ҳамин аст ШАРОИТИ пешниҳод кардаатон? Чаро барои “Парасту” як сол пеш аз буҷаи ҲУКУМАТ маблағи лозими талаб намекунед? Агар намекунед, НАМЕТОНЕД пас барои чӣ лозим “ПАРАСТУ”-и камбағал. Ба Худо виҷодон бошаду…

Суоли асосӣ, Шумо омодаед як шаб бо ҳунармандон дар меҳмонхонаи “Фарҳанг” истед?

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *