Осиёи МарказӣҲуқуқи башар

Муроҷиатномаи фаъъолони Қирғизистон ва Тоҷикистон ба президентҳои ду кишвар

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо нашри як изҳороти муштарак аз президентҳои ду кишвар  талаб намуданд, ки барои  дастрасии маълумот дар фазои иттилоотӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Дар ин бора хабаргузории ​​24.kg хабар додааст.

Дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки дар айни замон баста будани раванди гуфтушунидҳо ва набудани иттилооти боэътимод дар бораи вазъ дар қаламравҳои наздисарҳадӣ, инъикоси қутбноки манбаъҳои расмии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ифротгарии ошуфта ва паёмҳои хашмгин аз шаҳрвандони ҳарду ҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамдигар боиси тезутунд шудани низоъ мегардад. Биноан, онҳо талаб мекунанд, ки дастрасии саривақтии иттилоот дар бораи пешрафт ва натиҷаҳои музокирот таъмин карда шавад.

Фаъъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи президентони ҳар ду кишварро  ба оқибатҳои муноқиша ҷалб намудаанд:

– “ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ ва амният ҳуқуқи ҷудонопазирест, ки шумо бояд онро таъмин кунед. Мо аз шумо, ҳамчун кафилони ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, хоҳиш менамоем, ки барои раванди гуфтушунид ва натиҷаҳои он дар ҳалли марзҳои байни кишварҳоямон масъулияти том бар дӯш гиред;

-рӯйдодҳои фоҷиабори рӯзҳои охир бори аввал дар таърихи муносибатҳои мо принсипи неки ҳамсоягӣ ва дӯстии байни халқҳоямонро вайрон карданд ва метавонистанд солҳои дароз “ҳиссаи душманиро зарба зананд” – аз шумо хоҳиш мекунем, ки масъалаҳоро ҳал кунед, зеро ташхис ва аломатгузории сарҳадҳои давлатӣ на бо истифодаи усули зӯроварӣ, балки танҳо дар сари мизи гуфтушунид ҳал мегарданд.

-ҳайати комиссияҳои гуфтушунид байни кишварҳои мо бояд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занонро дар бар гирад. Мо омодаем, ки аз ҷониби худ номзадҳои арзандаро пешбарӣ кунем ва дар ҳалли мусолиматомези масъалаҳои баҳсталаб ҳадди аксар саҳм гузорем.

Фаъъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунанд, ки ҳар гуна амалиётҳои низомӣ ва таҷовузкор фавран қатъ карда шаванд, ки аз он пеш аз ҳама аҳолии осоиштаи минтақаҳои Суғд ва Бодканд зарар мебинанд, шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, қурбон мешаванд.

Илова бар ин, низои давомдори низомӣ боиси ноустувории умумии вазъ дар ҳарду кишвар мегардад, ва  аз ҷумла даъватҳои кинаю адоват мардумро барои иштирок дар ҷангҳо сафарбар мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки  29 апрел миёни нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захм бардоштанд.

1 май  Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқ карданд, ки оташбасро қатъ кунанд ва нерӯҳои низомиро ба ҷойҳои будубоши доимии худ бозгардонанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *