ИқтисодОсиёи МарказӣТоҷикистон

Муқоисаи арзиши парвозҳо: Бишкек арзон аст ё Душанбе?

Рӯзи 25 май марзбонони Қирғизистон иҷозаи вурӯди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба фурӯдгоҳи байналмилалии Манас омаданд, рад карданд. Дар натиҷа  189 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Душанбе баргаштанд. Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар ҳавопаймо буданд, тавонистанд марзро убур кунанд.

Қирғизистон аз 24 май марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва акнун вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон манъ аст.

Тибқи иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ин вазъ ба парвози ҳавоии шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки қаблан ба таври транзит тавассути Қирғизистон парвоз мекарданд, таъсири манфӣ расонидааст.

Хабаргузории Kaktus.media арзиши чиптаҳои ҳавопаймоҳоро  ба самтҳои маъмули Бишкек ва Душанберо муқоиса кард.

Билетҳои аз ҳама арзонтарин. Арзиши билет ба як самт дар таърихи 3 июн ( бо рубл) аз Бишкек ва Душанбе

Новосибирск:

Аз Бишкек- 26 700 рубл;

Аз Душанбе-87 800 рубл.

Маскав;

Аз Бишкек – 25 900 рубл;

Аз Душанбе – 85 400 рубл.

Екатеринбург;

Аз Бишкек – 25 600 рубл;

Аз Душанбе – 84 300 рубл.

Шарм-эш Шейх:

Аз Бишкек – 23 100 рубл;

Аз Душанбе – 76 00 рубл.

Итамбул;

Аз Бишкек – 19 200 рубл;

Аз Душанбе – 70 100 рубл.

Дубай;

Аз Бишкек – 15 700 рубл;

Аз Душанбе – 56 500 рубл.

Азиши билетҳои  парвози зӯдтарин.

Арзиши билет ба як самт бедуни боғҷома дар таърихи 3 июн аз Бишкек ва Душанбе

Новосибирск:

Аз Бишкек- 55 400 рубл;

Аз Душанбе-95 800 рубл.

Маскав;

Аз Бишкек – 25 900 рубл;

Аз Душанбе – 85 400 рубл.

Екатеринбург;

Аз Бишкек – 28 800 рубл;

Аз Душанбе – 95 200 рубл.

Шарм-эш Шейх:

Аз Бишкек – 54 800 рубл;

Аз Душанбе – 85 550 рубл.

Истамбул;

Аз Бишкек – 20 200 рубл;

Аз Душанбе – 75 700 рубл.

Дубай;

Аз Бишкек – 42 800 рубл;

Аз Душанбе – 56 500 рубл.

Арзиши билет пеш аз ин

Наздики ду моҳ пеш аз ин парвозҳо аз Душанбе ба Маскав ба маротиб назар ба  Бишкек гаронтар буданд.

Маскав

  1. Душанбе – 42 200 сомов;
  2. Тошканд – 30 000 сомов;
  3. Алмаато – 27 500 сомов;
  4. Боку – 23 900 сомов;
  5. Нур-Султон – 23 700 сомов;
  6. Бишкек – 19 900 сомов.

Бояд гуфт, ки масъалаи гаронии арзиши парвозҳо аз фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди норозигии аҳолии кишвар гардид  ва то ба имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомае боқӣ мемонад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *