МусоҳибаСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: “ Э. Раҳмонов барои ҳифзи қудрат аз ҳама усулҳои ғайриинсонӣ истифода мебарад!”

     18 май Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи  “Гурӯҳи 24” хабар дод, ки намояндаи  ҳаракат дар Федератсияи Русия  Раҳматҷони Маҳмадҷон бедарак шудааст. Ҳарчанд ин ҳаракати сиёсӣ дар қаламрави Русия ба унвони созмони ифротӣ шинохта нашудааст,  ин бори аввал нест, ки фаъъолонаш  бо вуҷуди доштани шаҳрвандӣ ва ё паноҳанда будан дар қаламрави ин кишвар нопадид гардида, пас аз гузаштани андак муддат дар Тоҷикистон пайдо мешаванд ва равонаи зиндон мегарданд.  Дар бораи сабабҳои ин ҳодисаҳо мо суҳбате доштем бо намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои пасошӯравӣ Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор.

Равзан: Тавре огоҳ шудем, дирӯз намояндаи ҳаракат дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон бедарак шудааст. Лутфан н ҳодисаро   муфассалтар шарҳ медодед.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: Бале, дирӯз мо огоҳ шудем, ки намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия  Раҳматҷони Маҳмадҷон субҳ аз хона баромада, бедарак шуд. Бори охир ӯ соати 12:19 тавассути телефон тамос гирифта, пас аз он робитааш қатъ гардид ва то ба ҳол аз ӯ дараке нест. Ҳаракат фавран як нафар вакили дифоъро ба ин ҳодиса вобаста кард, то масъаларо пайгирӣ кунад ва сабаби нопадид шудани Раҳматҷони Маҳмадҷонро равшан намояд.

Равзан: То ҷое огаҳӣ дорем, бори аввал нест, ки фаъъолони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Федератсияи Русия рабуда мешаванд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: Дуруст фармудед, ин бори аввал нест. Соли гузашта бо дархости мақомоти Тоҷикистон 3-нафар аъзои ҳаракат аз ҷониби кормандони амният ва ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт ва ба таври мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуданд.   1-уми сентябри соли 2020 узви фаъъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов дар  шаҳри Нижний Новгороди Русия аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ рабуда ва худи ҳамон рӯз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Аммо сохторҳои дахлдори Русия то дер замон  дар ин ҷиноят даст доштанашонро  аз мо пинҳон доштанд ва танҳо пас аз баргузории як силсила пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар як қатор кишварҳои Аврупо аз ҷониби фаъъолони ҳаракат ба номаҳои такрории мо расман ҷавоб доданд, ки рӯзи 1-уми сентябри соли 2020 Шобуддин Бадалов аз тариқи фурӯдгоҳи Домодедови шаҳри Москав ба Тоҷикистон парвоз кард.

20-уми сентябри ҳамон сол боз ду узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”: Қамаров Низомиддин Исомиддинович ва Холов Фахриддин Зиёевич дар аснои  убур аз гузаргоҳи “Карлова”-и  марзи Руссия бо Эстония бо гумони даст доштан ба таъсиси гурӯҳҳои ифротгаро ва  таҳти пайгард қарор доштан боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Равзан: Шумо фикр мекунед, ки Раҳматҷони Маҳмадҷонро ҳам сарнавишти аъзои дар боло зикршудаи ҳаракат интизор аст?

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: Дар ин бора ҳоло ягон чизи мушаххас гуфтан душвор аст. Вале эҳтимол, ки ӯро рабуда бошанд ва мехоҳанд ба Тоҷикистон истирдод намоянд. Зеро Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамчун намояндаи ҳаракат дар Русия бо фаъъолияти босамари худ миёни муҳоҷирон нуфузи калон дошт. Бояд гуфт, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия тарафдорони зиёде дорад ва Ҳукумат аз ин сахт меҳаросад. Ҳодисаи рабуда шудани вакили дифои муҳоҷирон Иззат Амон, ки ба ягон ҳизбу созмонҳои сиёсӣ рабт надорад, далели ин гуфтаҳост. Зеро  муҳоҷирини меҳнатӣ қувваи бузурге ҳастанд ва бедории онҳо метавонад барои Ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро ба бор орад. Ба ҳар ҳол қазияи Раҳматҷони Маҳмадҷон аз он вобастагӣ дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ то чи андоза метавонанд ба он таъсиргузор бошанд ва вокуниш нишон диҳанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” рӯзи 24 июни соли 2020 бар зидди иштироки Президенти Тоқикистон дар Паради Ғалаба дар Маскав пикети эътирозӣ доир  карда буд. Мақомоти Русия ӯ ва Шобуддин Бадаловро дар наздикии Майдони Сурх боздошт карданд. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аввал онҳоро бо гуноҳи муқовимат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба  муддати 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард ва барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо рӯзи 9 июл аз ҳабс озод шуданд, вале  дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл  ин дафъа бо гуноҳи намоиши рамзҳои фашистӣ боз ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, танҳо рӯзи 24 июл пурра ба озодӣ баромаданд. Аз ин лиҳоз, қазияи Раҳматҷони Маҳмадҷон ба андешаи ман давоми  нақшаи палили истирдоди  Шобуддин Бадалов аз ҷониби мақомоти Русия ва Тоҷикистон  аст.

Равзан: Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия  ба унвони созмони ифротгаро эътироф нагардидааст. Пас чаро фаъъолони  “Гурӯҳи 24” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд?

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: Мутобиқи  қонунгузории Федерасиюни Русия Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар қаламрави ин кишвар ҳамчун ҳаракати ифротӣ шинохта  нашудааст, чунки  он аслан ифротӣ нест ва дар тӯли фаъолияташ дар ин кишвар  ҳеҷ кадом амалиёти ифротӣ ва ё хилофи қонунгузории ин кишварро анҷом надодааст. Аз ин лиҳоз, истирдоди аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  ба Тоҷикистон бар хилофи қонунгузории ин кишвар ва  қонунҳои байналмилалӣ ва  поймолшавии ҳуқуқи инсон мебошанд. Дар ҳоле, ки Русия узви Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар мебошад ва ин Додгоҳ истирдоди аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро   нақзи ҳуқуқи башар арзёбӣ намуда, онро манъ намудаст.

Аммо дар  баъзе аз сохторҳои Русия  афроди ҷоҳталабе ҳастанд, ки ба хотири манфиатҳои шахсии худ ва ба даст овардани маблағҳои зиёд ин амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа Русияро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун  кишвари ноамн, фосид ва ғайридемократӣ муаррифӣ менамоянд.

Равзан: Ба андешаи Шумо ҳамчун масъули ҳаракат дар кишварҳои пасошӯравӣ амалкарди  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон  чи гуна хоҳад буд?

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мисли пешин талош мекунад, ки дар чаҳорчубаи қонунгузорӣ  аввал тафсилоти ин ҳодисаро муайян намояд. Бо ин мақсад мо расман  ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат мекунем, то ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан намуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар баробари ин  мо  ин ҳодисаи ғайриқонунӣ ва нангини одамрабоиро ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама  созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонем ва аз онҳо талаб менамоем, ки мавқеи худро нисбат ба он муайян кунанд. Агар мақомоти Русия мисли пештара дар баррасии ин масъала бо мо ҳамкорӣ накунанд, мо кушиш мекунем бо роҳи баргузории пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар кишварҳои Аврупо ба мақомоти Русия фишор оварем ва Русияро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони як кишвари ноамн ва ғайридемократӣ нишон диҳем.

Равзан: Ташаккур.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *