АхборОсиёи Марказӣ

Неруҳои қирғиз духтурон ва ду мошини ёрии таъҷилии Тоҷикистонро ҳам тирборон кардаанд

 14:51, имрӯзМуаллиф: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҷониби Қирғизистон ҳам иддао дорад неруҳои Тоҷикистон ба як мошини ёрии таъҷилии ин кишвар ҳамла кардаанд.

Дар даргириҳои хунини рӯзи 29-уми апрел дар марзи Чоркӯҳ ва КокТош, дар назди Маркази обтақсимкунииГоловной” чанд тан аз духтурон ва мошини ёрии таъҷилии Тоҷикистон ҳадафи тирборони неруҳои Қирғизистон қарор гирифтаанд. Духтурон мегӯянд, ба онҳо дар ҳоле тир холӣ карданд, ки мехостанд ба маҷруҳон ёрии аввалия тиббӣ расонанд ва онҳоро аз майдони муҳориба берун кашанд.  

Ҳарчанд ба гуфти ин духтурон касе аз онҳо зарар надид, вале дар ин гуна ҳолатҳои фавқулода амалкарди онҳо бисёр нигаронкунанда буд.

Мошини ёрии таъҷилии Муҳаммадхон Аҳмадов, ронандаи Беморхонаи №2-и ҷамоати Чоркӯҳ, ки ҳамроҳи ду духтур барои кашонидани маҷруҳон ба Хоҷаи Аъло мерафт аз суйи нерӯҳои қирғиз тирборон шудааст. Ин дар ҳолест, ки ронанда мегӯяд, дар макони даргириҳои хунин дар деҳа маҷруҳон зиёде буданд, ки ба духтурон ниёз доштанд ва аз рӯйи вазифа онҳоро фавран ба беморхонаи марказӣ мекашонид. Замони тирхоликунӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷузъ ронанда ду духтур низ будаанд.

 “Дар чанд даргирӣ иштирок кардаву ёрии аввалини тиббӣ расонида бошем ҳам, боре ҳам ба мо тир холӣ накарда буданд. Ҳамин даъфа махсусан ба мо тир паронданд. Соат тахмин 11:00 буд тирро ба қисмати чапи мошин, ки ман сари рӯл (чамбарак) будам паронданд. Дар мошини ман ягон нафар осеб надиданд, вале як тир аз пеши сарам гузашт шукр, ки ба духтури дар паҳлӯям буда нарасид”. 

Ӯ гуфт аз шумори духтуроне, ки дар ин даргириҳо  захмӣ шудаанд хабар надорад, вале захмиҳои дигар зиёд будаанд. Духтурони ёрии таъҷили Беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, ба мошини таъҷилии онҳо 12 тир холӣ шудааст, аммо ду қисмати мошин 21 сӯрохӣ доштааст. Танҳо тирезаи пеши мошин сиҳат буда дигар ҳама тирезаҳо шикастааст.

Наимҷон Мелиев, парастори Беморхонаи №2-и Чоркӯҳ ба “Азия-Плюс” гуфт аз ҳодисаи зери тирборони неруҳои қирғиз қарор гирифтани мошини  ёрии таъҷилӣ ва худи духтурон огаҳ аст.

Ҳамчунин ӯ гуфт, як духтур низ замони даргириҳо, дар рӯзи 29-уми апрел ҳадафи тири нишонзан ё снайпери ҷониби нерӯҳои ҳамсоя қарор гирифтааст, ки хушбахтона ҷон ба саломат бурдааст. Аз ӯ Мансурҷон Ҷӯраев ном бурда мешавад, ки фелдшер будааст  ва дар даргириҳои назди Маркази обтақсимкунии “Головной” ба захмиҳо кӯмак мерасонид.

“Мансурҷон Ҷӯраев дар вақти задухӯрд ҳамроҳи мардум дар таҳхона ҷой мешавад, ба захмбардоштагон ёрӣ мерасонад. Вақте, ки мехоҳад онҳоро берун барорад дарро мекушояд сарашро берун мекунад, ки ба кулоҳи тиббии ӯ бо снайпер мезанан. Мо ин кулоҳро гирифта мондем”, мегӯяд Мелиев.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон ҳам мегӯяд, ки 29-уми апрел дар деҳаи Оқ-Сой ба як мошини ёрии таъҷилиро неруҳои тоҷик ҳамла кардаанд. Дар ин бораи пойгоҳи Turmush хабар додаа ва навиштааст, ки хабарнигори ин пойгоҳ вақти ҳодиса дар макони ҳодиса будааст.

Рӯзи 29-уми апрел ва замони авҷи даргириҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло Камолиддин Ашӯров духтури Маркази саломатии ҷамоати деҳоти Сурх ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ӯ низ ҳангоми иҷрои вазифааш мавриди тирборон қарор гирифт. Ӯ гуфт аввал ба захмиҳои деҳаи Сомониён ёрӣ мерасонид, аммо баъдан довталабона барои кӯмак ба маҷрӯҳон ба Хоҷаи Аъло бо мошини шахсияш рафта буд. Дар ин ҷо мавриди ҳамлаи снайпер қарор гирифт, аммо мошинаш хисорот дод.

“Дар мошин панҷ захмӣ, шаҳрвандони мулкӣ буданд. Вақте аз замин сарро мебардоред  бо снайпер мезананд. Ман духтур, либоси духтурӣ дорам, дар ҳолати ҷангӣ халал расонидан мумкин нест. Мо танҳо ёрӣ мерасонем, аммо ба онҳо фарқ надорад. Онҳо бо снайпер дида истодаанд, ки ман либоси тиббӣ дорам, дар даст аптечка дорам, аммо тир заданд”.

Бино ба иттилои беморхонаи марказии Исфара дар даргириҳои марзии ахир ду мошини ёрии таъҷилии маркази саломатӣ ва беморхонаи марказии Исфара тирборон шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *