СиёсатҲуқуқи башар

Нопадид шудани намояндаи русиягии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Раҳматҷони Маҳмадҷон

Имрӯз  намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон нопадид шудааст.

Дар ин бора  сомонаи расмии “Гурӯҳи 24” медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон, ки шаҳрванди Русия мебошад, “бори охир имрӯз, 18 май соати 12:19 ба робита баромада, пас аз он то ба ҳол алоқааш қатъ шудааст. Вакили дифоъе, ки аз ҷониби Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24” барои пайгирии масъала ҷалб шудааст, дар пайи ҷустуҷӯ ва равшан намудани ҳодиса  аст.  Дар сурати пайдо шудани иттилои нав мо хонандагонро огоҳ хеҳем кард”.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта  фаъъоли Ҳаракакати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов низ пас аз доир намудани пикет дар майдони Сурх ба муқобили иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паради Ғалаба  дар Русия ғайб зад.  Пас аз чанд муддат мақомоти Русия хабар доданд, ки ӯ ҳамон бегоҳ ба Тоҷикистон парвоз кардааст. Тибқи маълумоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ӯ пас аз рабуда шудан ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати 7 сол равонаи зиндон гардид.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкор ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон  Умаралӣ Кувватов таъсис дода шуд. Моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд, вале ҳамсафонаш роҳи ӯро давом медиҳанд. Ҳоло раҳбарии онро Суҳроб Зафар бар ӯҳда дорад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *