Илм ва фарҳангОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Нуриддин Шаҳобиддинов: Ворух оинадори ҳақиқатҳои гузашта ва оянда

Анқариб ҳамаи навиштаҳо дар мавриди Ворух ва ҳодисаҳои сарҳадиро мехондам ва бо гузоштани лайкҳо муносибаи худро нишон медодам ва бо ҳамин мехостам худро маҳдуд созам, аммо ба тариқи нохудогоҳ ин масъала бештар таваҷҷуҳи маро ҷалб мекард ва зарур донистам, ки бевосита назари худро матраҳ намоям. Мо набояд онро як ҳодисаи сарҳадӣ донем, ки бо як шартнома масъалаи он ҳалл мегардад, балки он масъалаест, аллакай бо ду раванди тақдирсоз: аз як тараф бо фарҳанги бодиянишинӣ, ки моҳияташро густариш додани худ ва маҳдуд нагардидан дар як макон ташкил медиҳад ва аз дигар тараф бо сиёсатҳои махуфи абарқудратҳо гиреҳ хурдааст. Ин навишта асосан бетарафона буда, моро на ба барангезиши лаҳзаинаи эҳсосҳо, балки ба тааммул дар мавриди сарнавишти як миллат ва як фарҳанг водор месозад. Мехоҳам ҳар тоҷики огоҳ онро бихонад ва агар афкоре барояш писанд омад, минбаъд густариш диҳад.

Ҳар миллат бо шеваҳои гуногун аз имтиҳони таърихии худ гузаштааст ва дар асоси бархурд бо мушкилӣ ва воқеиятҳои заминии ба сараш омада ба ҳастии худ шакл бахшидааст. Ҳамин имтиҳони таърихӣ барои мо қазияи Ворух (ҳадаф дар ин ҷо фақат Ворух набуда, балки тамоми ҳодисаҳои сарҳадии дар ин минтақа рухдода мебошад-Н. Ш.) гардидааст. Танҳо шеваи бархурди мо бо он моҳият ва ҳақиқати моро муайян месозад. Ин қазия дигар на тахайюлро қабул дорад, на суханбозӣ ва на ормонгароиро, он як пораи ҳастии бевосита ва воқеии мост ва бархурди воқеиро талаб менамояд.  Бинобар ин Ворух як падидаи ғайримаъмулӣ  буда, метавонем онро як оина дар баробари вуҷуди миллӣ, як имтиҳон ва ё як муаммо донист. Сӯзанеро мемонад, ки тамоми ҳаёту мамоти гузаштаю ояндаи мо бояд аз сӯрохии он бигзарад. Алтернативаи дигар вуҷуд надорад, на метавон онро ба фаромӯшӣ супорид ва на аз паҳлуи он бепарвоёна гузар намуд. Ворух дар баробари он ки таваҷҷуҳи моро ба сӯйи худ ҷалб мекунад, ҳамчунин моро водор месозад, ки бар симои ҳастии воқеии худ низ назар андозем, заъфҳои худро бишносем, бар бартариятҳоямон тақвияти бештар бахшем ва ояндаамонро на таваккалӣ ва сар-сарӣ, балки огоҳона ва шарофатмандона бисозем.

Мо ба Ворух метавонем бо ду тарз бархурд намоем: яке бархурди маҳдуди шаклӣ ва маъмурӣ, ки бо бурунбум будан ва ё набудани он ва ҳамчунин аз беадолатӣ дар нисбати ғасби заминҳо дар замони шуравӣ ва истиқлолият аз ҷониби қирғизҳо маҳдуд мегардад ва дигарӣ бархурди бунёдӣ ва куллӣ, ки танҳо дар маҳдудаи тамоми фарҳанги гузашта ва ҳамчунин ояндаи миллӣ метавон онро баррасӣ намуд. Беҳтар мебуд агар масъала ҳамеша фарохтар ва бунёдитар нисбат ба як масъалаи маъмулии сарҳадӣ дар назар дошта шавад.

Дар ин ҷо набояд бо кутоҳандешӣ гумон намуд, ки ҳодиса танҳо ба 50-60 соли охир тааллуқ дорад. Ин ҳодиса як раванди шояд 500-600- сола мебошад, ки ба ҳукми анъана ва таҷриба даромада, характер, руҳия ва маънавиёти ду миллатро шакл додааст. Яке дар заминаи ғасб, азхудкунӣ, таҷовуз ва нобудсозӣ ва дигарӣ дар ҳолати ногувори нобудшавӣ, гузашт, оқибнишинӣ ва таҳаммул ҳуввияти худро шакл додааст.  Мутаассифона бо ҳама даъвии бузургманишӣ мо натавонистаем, ки ҳамсояи наздики худро бишносем. Чаро то ҳол мо марказе, ки бевосита ба омӯзиши забон, таърих, анъана ва хислатҳои ин миллати ҳамсоя машғул бошад надорем? Мо то ҳол намедонем, ки ҳамсояамон кист, бинобар ин мо намедонем, ки бо он чигуна муносибат намоем. Ин қазия нишон дод, ки мо ба андозаи лозима воқеъбин нестем ва тахайюлгароӣ  биниши воқеъгароёна ва заминии моро то ҳадде нобино сохтааст. Мо наметавонем бо ифрот ва тафрит, яъне бо худро болотар аз он ва ё пасттар аз он нишон додан ба муваффақияте ноил гардем. Мо бояд ин миллатро бишносем ва бифаҳмем (Ҳангоме, ки ин мақоларо менавиштам як зарбулмасали қирғизӣ: “Агар худо надиҳад, тоҷик медиҳад”-ро ба фикрам аз устод Мирсаидов хондам, ки худ баробари як китоби таърих воқеияти ҳар ду миллатро баёнгар аст).  Аз мушоҳидаҳои умуиам як ҳақиқатро дармеёбам: фарҳанги мо моро мутеъ, дастнигар, худкамбин ва гузашткунанда ба бор овардааст, мо ҳолати табии надорем, балки ҳамеша мехоҳем тавре муносибат намоем, ки барои дигарон писанд гардем ва таассуфовар ин ки дар ҳамин гумонзанӣ низ ба хатогӣ роҳ медиҳем, зеро гумонзании мо ҳеҷ вақт бо хостаи дигарон айният надорад. Мақсад ин ки маънавиёти мо ҳамеша кӯшиш намудааст, ки ҳақиқати табиии моро хунсо намояд, яъне хунгармӣ ва омода барои мубориза ба хотири ватан ва сарзаминро бо талқини дунуғҳои бузург аз қабили “ҳамаи мо мусулмон” ва ё “дӯстии халқҳо” аз байн барад. Аммо фарҳанги табиии ҳамсоя баръакс ҳанӯз ҳам барои онҳо худро дар сарҳади муайян маҳдуд сохтан, ба як қонун ва ё як сарвари умумӣ итоат карданро наомӯзондааст. Шояд ҳанӯз фарҳанги иҷтимоии онҳо бар заминаи нохудогоҳи кучманчигии табииашон ғалаба накардааст. Ман гумон намекунам, ки идеологияи шуравӣ ин руҳияи миллати ҳамсояро дигаргун сохта бошад, ҳамонгуна, ки ҳуввияти динӣ ва ё фарҳангии моро аз байн бурда натавонист. Бинобар ин набояд бо хушбинии фиребанда интизор дошт, ки ба зуддӣ ҳама чиз ҳалли худро меёбад ва фаромӯш мегардад.

Фарҳанги гузаштаи мо асосан дар ҳолати инзиво шакл гирифтааст. Чун ҷаҳони моро разилат дар мисоли турктозию муғултозиҳо фаро гирифт, мо воқеияти замонро сарфи назар намудем ва гӯшагириро пеша намудем ва ба такомули нафси фардӣ пардохтем. Разилати замон моро водор сохт, ки танҳо дар як самт худро рушд диҳем ва дигар самтҳо ё шохаҳои дарахти фарҳангии мо рушднокарда боқӣ монд. Бояд иқрор гардем, ки мо сиёсат, ахлоқ ва ё фалсафаи озодона ва огоҳона бавуҷудовардашуда надорем. Ду ҳақиқати муҳим дар мавриди фарҳанги мо он аст, ки аз як тараф унсури озодӣ дар бунёди фарҳанги гузаштаи мо қарор надорад: ҳамаи осори мо ё дар сояи фалсафаи юнонӣ ба вуҷуд омадааст ва ё дар сояи арзишҳои исломӣ, фаротар аз ин наҳзате ба вуҷуд наомадааст, ки самараи озодандешии тоҷикӣ бошад, аз дигар тараф, он новобаста саросар аз ҳикмати зиндагӣ иборат будан, аз табиат ва набзи ҳаёти воқеӣ бегона буд. Имрӯз мо аз огоҳӣ ва тавони маънавии зарурӣ бархурдор нестем, ки бунёдҳои маънавии худро бозсозӣ намоем, бинобар ин рисолати рӯшанфикрии худро бо даъвою умумигӯйиҳо ороиш додаем.

Ҳамон чизе ки барои мо разилат шинохта мешуд, барои ҳамсоягони мо ва гузаштагони онҳо фазилат ҳисобида мешуд. Агар дар он рӯзҳо ва имрӯз мо аз Саъдӣ, Ҳофиз ва ё Мавлоно ва аз олитарин идеяҳои башардустию одамият сухан мегӯем, ҳамсоягони мо аз он “фотеҳон”-е, ки сарзаминҳои мардуми оддиро аз худ намудаанд ва ё аз сарзаминашон маҷбуран рондаанд, ифтихор мекарданд ва имрӯз низ мояи ифтихор ва илҳомашон шояд маҳз чунин устураҳо бошанд. Мутаассифона, боз такрор мекунам, ки мо ҳамсояамонро нашинохтаем. Агар ҳодисаҳои солҳои охири дар сарҳад рухдодаро ба тариқи хронологӣ таҳлил намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки мо моҳияти амали ҳамсояро маърифат карда натавонистаем, огоҳона худро фирефтаем ва ҳамеша кӯшидаем, ки бо ҳамсоя бо хушбовариҳои фиребанда ва ҷаҳонбинии “одамият”-и Саъдӣ сухан гӯем, на ҷавобе, ки сазовори амали анҷомдодааш бошад. Шояд баъди чандсад соли дигар, агар онҳо низ ин ҳақиқатҳои моро дарк намоянд, бо ҳамсояамон дар асоси фалсафаи “одамият” сухан гӯем на ҳоло. Ҳоло мо бояд, арзишҳоеро бар худ рушд диҳем, ки нармии беш аз андозаи моро аз байн бибарад ва ҳамсояро водор созад, ки лоақал бо истиҳола бо мо муносибат намуданро биёмӯзад. На дигарон, балки ин худи мо имкон додем, ки дигарон моро ҳамчун “сулҳдӯст” ва “хуб” бишносанд ва омирона муносибат намоянд. Аз ин ба пас низ ин фақат мо ҳастем, ки дигаронро водор созем ба мо чун як миллати огоҳ ва далер муносибат намоянд ва ё як миллати нохудогоҳ ва сазовори ҳеҷгуна эҳтиром.

Сулҳ ва ҷанг. Ман ҳам ҷонибдори онҳое ҳастам, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳамагуна моҷаро аз ҷумла моҷарои марзиро дар сулҳ медонанд. Даъвии ҷанг аз заъф ва кутоҳандешии инсонӣ сар мезанад ва ҳамагуна ғалабаи инсони ҷангталаб дар баробари наҳваи як модар, як кудак, вайронии ободониҳо ва дигар мусибатҳо  арзише надорад.  Агар дуруст бингарем мо таърихан миллати сулҳдӯст ҳастем, на дар ягон таълимоти ахлоқӣ, на фалсафӣ ва на бадеии мо доктринаи ҷанг ситоиш нагардидааст, балки баръакс ҳамеша накӯҳиш гардидааст ва ба ҷои он ҳамеша сухан аз доду додгарӣ рафтааст, яъне ба тариқи априорӣ мо сулҳдӯст ҳастем, аммо ин дар баробари арзанда будан, баёнгари заъфи таърихии мо низ мебошад. Маҳз ҳамин фарҳанги сулҳдӯстонаи мо моро водор сохт, ки воқеъбин набошем ва дар натиҷа он моро дар тули ҳазор сол аз озодии сиёсӣ маҳрум сохт. Сулҳдӯстии самараи як раҳгумзадагӣ ва ё фиребхурдагӣ мебошад. Агар воқеъбин бошем, ба хубӣ дармеёбем, ки мо дар минтақае қарор дорем, ки бо “сулҳхоҳӣ” ба ҷуз аз нобудии таҷридӣ чизе ба даст намеоварем. Дар ин минтақа бояд ҳамеша ҷанговар буд ва ҳамеша омодаи набард ва фақат ҳамон вақт метавонӣ аз иззату эҳтиром бархурдор гашт. Мо ҳамон вақт бо роҳи сулҳ ба мақсад расида метавонем, ки агар тарафи муқобил низ нисбат ба мо эҳтиромеро қоил бошад ва ин ҳамон вақт муяссар мегардад, ки агар онҳо ба тавоноиҳои мо бовар дошта бошанд. Агар ҳамсоя бовар ҳосил намояд, ки мо дар баробари ҷонибдори сулҳ будан аз маҳоратҳои фавқулоддаи ҷангӣ бархурдор ҳастем ва аз ҷангидан ҳаросе надорем, мутмаинам ки ӯ низ омодаи сулҳ мешавад. Дар мавридҳои зарурӣ набояд ҳаросид, набояд истиҳола кард ва ба заъфҳои худ набояд имконияти рушд дод, мутаассифона мо таърихан чунин амал менамоем ва ин амали худро ҳамчун “сулҳхоҳӣ” муаррифӣ менамоем. Мо набояд сари арзишҳое чун “сулҳхоҳ” ё “ҷангхоҳ” мутамарказ шавем, балки бояд инсони огоҳ тарбия намоем. Инсони огоҳ худ медонад, ки дар кадом маврид сулҳ маслиҳат аст ва дар кадом маврид набард.

Ҳодисаи охире, ки дар сарҳад рух дод як гардиши куллӣ буд, дар раванди шояд 500-солаи бархурдҳои ду шеваи зиндагӣ: аз як ҷониб эҳтиром ба хонавода ва замину об ва аз дигар тараф фарҳанги бадавие, ки асоси онро лаззат аз ғасби заминҳои нав ва шиори “ману дави аспам” ташкил медиҳад. Бори нахуст ба ҷои оқибнишинӣ як “шаппотӣ” ба рӯйи ғосиб зада шуд. Такрори ҳар амал одат мегардад, гумон надорам, ки як одати чандсадсола бо як “шаппотӣ” тағйир ёбад. Бовар дорам, ки дар сурати хурдани ду-се шаппотии дигар “хислати манфии сахт мустаҳкамшуда” одаташро дигаргун месозад ва аксуламали фаъоли мо низ ба одат табдил мегардад.

Шикаст дар ҷанги иттилоотӣ. Бисёр сару садоҳо сурат гирифтанд, ки мо дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб гардидем. Шояд ҷониби Тоҷикистон набард дар ин арсаро зарур надонист ва онро пайгирӣ накард. Аммо ба тариқи худҷӯш имкони бартарӣ пайдо намудан вуҷуд дошт. Агар касе набзи ҷаҳони муосирро дарк кардааст, ба хубӣ дармеёбад, ки замони мо замони технологияи иттилоотӣ мебошад. Ҳар касе, ки иттилоотро ҳадафмандона идора ва паҳн менамояд ӯ баранда мешавад. Шояд қирғизҳо то ба андозаи даркорӣ ба ин масъала сарфаҳм нараванд, аммо ҳадс мезанам, ки онҳо аз ҳисоби бегонаҳо, маслиҳатдиҳандаи ниҳоят зирак ва дурандеш доранд. Мо аз рӯи соддагии тоҷикӣ гумон мекунем, ки ин ҳама ҳодисаҳо тасодуфӣ ҳастанд, аммо як дурандешии сиёсӣ нишон медиҳад, ки зери ҳар коса нимкосае аст. Ман шоҳиди бевосита ҳастам, ки ҳанӯз 15 сол пеш як коршиноси хориҷӣ мехост, ки қуввае дар минтақаи Фарғона пайдо гардад, то ин ки боиси ошуфтагии ин минтақа гардад.

Чаро мо натавонистем дар ҷанги иттилоотӣ баранда шавем?:Чун масъала сари сарнавишти як миллат мегардад, ман мехоҳам бидуни истиҳола ва рӯйи хотир намудан, як ҳақиқати талхеро зикр намоям. Дар рӯзҳои аввали ҳодисаҳо куҷое хондам, ки устод Саъдии Маҳдӣ нафарони англисидон ҷустуҷӯ карда истодааст. Ростӣ, барои ман ниҳоят таассуфовар буд. Чаро? Устод Саъдии Маҳдӣ чандин сол декани Факултети Журналистикаи ДМТ буданд. Дар факултети мазкур бахшҳои журналистикаи байналхалқӣ ва журналистика- тарҷумонӣ амал мекунад. Бар замми ин дар факултети Муносибатҳои Байналхалқии ДМТ дар баробари бахши тоҷикӣ бахшҳои англисӣ ва русии минтақашиносӣ амал менамояд. Дар факултети Ҳуқуқшиносӣ бошад бахшҳои русӣ ва англисии ҳуқуқи байналхалқӣ амал менамоянд. Илова бар ин факултети дар гузашта машҳури Шарқшиносӣ, ки имрӯз номи факултети Забонҳои Осиё ва Аврупоро гирифтааст мутахассисони забондон ва минтақашинос тайёр менамоянд. Ин факултетҳо собиқаи на кат аз 15-солаи омодасозии мутахассисонро доранд. Чаро дар лаҳзаи сарнавиштсоз нафаре пайдо карда намешавад, ки ба дарди миллат хурад?

Ман бевосита дар бисёре аз ин бахшҳо дарс додаам ва медонам, ки нафарони болаёқат ниҳоят зиёд ҳастанд, аммо маҳз оқибмондагии зеҳнии сарварони даҳсолаҳои охири ин даргоҳи илму маърифат онро ба чунин ҳоли ногувор оварда расонидааст. Аз ҳисоби маблағи шартномае, ки донишҷӯён месупоранд, ин имкон вуҷуд дошт, ки ҳар сол ками андар кам 4-5 мутаххасиси сатҳи ҷаҳонӣ тайёр карда шавад, аммо касе намедонад, ки маблағи шартномаҳо бо кадом ҳадафҳо сарфа мегарданд ва ҳамагуна лаёқат ва истеъдодҳо худ аз худ аз байн мераванд. Ин ҷо сухан на дар бораи мутахассиси соҳаи нанотехнология ва ё физикаи атомӣ, балки таҳлилгар ва коршиноси минтақавӣ рафта истодааст. Умедворам, ки ректори имрӯзаи донишгоҳ аз ин мероси таассуфбори ба ӯ меросмонда ба хубӣ огоҳ аст ва баҳри тағйири вазъият амале анҷом медиҳад. Ҳадафи ман ин зиддият варзидан бо устод Саъдии Маҳдӣ, ё ягон нафари дигар нест, балки шинохтани заъфҳои худ ва ислоҳ намудани онҳост. Сухан аз масъалаи умумимиллӣ меравад ва ҳамаи мо новобаста аз мансабу унвон ва мансубияти ҷуғрофиямон баробар ҳастем.

Агар ниҳодҳои соҳаи иттилооти давлатӣ бо журналистон ва мутахассисони мустақил ва баъзе аз журналисон ва таҳлилгарони хориҷӣ як ҳамоҳангиро ба роҳ меандохт шояд дар ин набард мо ҳам ба ҷое мерасидем. Вақте ҳадаф миллӣ ва сарнавиштсоз аст, бояд аз хусуматҳои кучак сарфи назар намуд. Шарт нест, ки барои таҳлили равандҳои сиёсии муосир маркази стратегӣ ташкил намуд, метавон марказҳои хурди таҳлилӣ иборат аз чанд нафар ташкил намуда, зеҳниятҳои фаъолро водор ба амал намуд.

Бояд воқеияти замонро дарк намуд ва вобаста ба талаботи он худро омода намуд, дар сурати акс ба таври боварнакарданӣ пушаймон мешавӣ.

Ҳақиқат чист? Оё мо тоҷикон боре дар бораи ҳақиқат фикр кардаем ва ё ба ҳақиқатҳо имон дорем ва ҳақиқат қаблан барои мо дода шудааст? Дар ҳодисаҳои охир мо бовар дорем, ки ҳақиқат дар ҷониби мост, зеро мо фақат ба амалҳои ноҷавонмардонаи ҳамсоя ҷавоби сазовор гардонидаем. Аммо тарафи муқобил низ бо сару садо андохтан дар тамоми ҷаҳон худро ҳақ меҳисобад. Ҳар ду тараф низ ҳақиқатҳои худро доро мебошад, аммо ин ҳақиқатҳо ба фаҳмишҳои гуногуни ҳақиқат тааллуқ доранд. Ончи мо ҳақиқат меномем ин ба фаҳмиши классикии, ё фаҳмиши арастуии ҳақиқат тааллуқ дорад, яъне мутобиқат кардани мазмуни гуфтори мо бо воқеият. Аммо тарафи муқобил аз фаҳмиши прагматикии ҳақиқат пайравӣ карда истодааст. Фаҳмиши прагматикии ҳақиқат фаҳмиши классикии ҳақиқатро инкор менамояд ва барои он ҳақиқат ин ҳар он чизе, ки моро ба ҳадафи дар пеш гузоштаамон мерасонад, шиддати боварӣ ба ақидаи худ ва роҳ надодан ба шакку шубҳа. Чун офтоб равшан аст, ки ҳамсояи мо дар баробари амалҳои хилоф худро мутаалиқ ба ҳақиқат медонад. Дар ин маврид низ ман ҳадс мезанам, ки тарафи муқобил маслиҳатгари бисёр муваффақ ва дурандешро доро мебошад, ки таҷрибаи калони дуруғи худро ҳамчун ҳақиқат ҷилва доданро дар сиёсатҳои ҷаҳони муосир дорад.

Вақте тарафи муқобил даъвии ҳақтарошӣ мекунад, ба ҷои таассуф хурдан аз амалкарди он, бояд донист, ки ӯ аз равишҳои маъмулии сиёсати имрӯза истифода менамояд ва дастҳои ноаёни ниҳоят дароз дар амал ҳастанд. Мантиқҳои мо аз ҳам фарқ мекунанд.

Хулосаи ман чунин аст, ки қазияи Ворух дар ҳар муносибат як омили баҳаморандаи миллӣ ва дар як вақт созанда ва азнавшаклдиҳандаи миллат дар оянда мегардад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *