МусоҳибаСиёсатТоҷикистон

Оё воқеан ҳам Тоҷикистон ҷанги иттилоотиро ба Қирғизистон бохтааст?

Бо вуҷуди он ки  Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз як задухӯрди низомӣ сари мизи музокирот нишаста, дар бораи хатми ҷанг ва ба макони будубоши доимияшон баргардонидани неруҳои низомӣ  ба мувофиқа расида бошанд ҳам, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ҷанги иттилоотӣ ҳанӯз  давом дорад. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  бар он андешаанд, ки дар ин набард васоити ахбори оммаи Қирғизистон назар ба Тоҷикистон фаъъолтару пешгомтаранд ва то ҷое пирӯз ҳам шудаанд. Мо дар бораи  то чи ҳадд воқеъият доштани ин нуқтаи назар   бо чанде аз коршиносони масоили сиёсӣ  ҳамсуҳбат шудем.

Ҳафиз Бобоёров, коршиноси масоили сиёсӣ

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба истилоҳ “ҷанги иттилоотӣ”-ро бохт. Аммо бо ислоҳи иштибоҳҳои содиршуда ва таваҷҷуҳ ба чанд ҷиҳати муҳим дар фазои иттилоотӣ метавонад вазъро тағйир диҳад.

Дар ин марҳила иштибоҳҳои асосӣ ба таври зеранд:

(1) Хомӯшии доираҳои расмӣ, расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар муқобили дастикам ду изҳороти аҳдшиканона ва иғвогаронаи Тошиев, роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон ва тамрини неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар вилояти сарҳадии Бодканд. Чунин ба назар мерасид, ки тарафҳои музокиракунанда паймон баста буданд, ки набояд ҷузъиёти гуфтушунидро ошкор кунанд. Инро фаҳмидан мумкин аст, чунки музокираҳои сарҳадӣ нозукиҳои бисёр дорад. Бисёре аз нафарон, аз он ҷумла худи ман қонеъ будем, ки баҳсу баррасиҳои ноҷо дар мавриди музокирот метавонад ба раванди музокирот халал эҷод кунанд. Шояд ҳамин қаноатмандӣ ва эътимод ба аҳду паймони дуҷониба буд, ки бисёре аз коршиносон ва расонаҳои расмию мустақил ҳаддиаксар хомӯш буданд. Аммо дар ин муддат расонаҳои расмию ғайрирасмии Қирғизистон ҷараёни музокиротро пурра пайгирӣ ва аз он гузоришҳо пахш мекарданду дар бораи натиҷаи музокирот ҳадсу гумон мезаданд. Дар ин миён, Тошиев изҳорот дар мавриди ду гузинаи ҳалли мушкилоти марзӣ дар Ворух пахш кард. Мутаассифона, ҷониби Тоҷикистон тӯли ҳафтаҳо, то сафари Президенти Тоҷикистон ба минтақа, хомӯш монд. Ҳеч гуна посухи расмӣ ва ё ақаллан нотаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҷониби Қирғизистон фиристода нашуд. Дар натиҷа, дар байни мардум нигароние ташаккул ёфт, ки Ворух метавонад бар ивази замини “ҳамвазн” дода шавад. Ҳамин гуна, вокуниши расмӣ, назари коршиносӣ ва мавқеи шаҳрвандии Тоҷикистон дар мавриди изҳороти дуюм, яъне сохтани обанбор дар ҳудуди вилояти Бодканд шунида нашуд.

(2) Боз ҳам хомӯшии расонаҳои расмӣ ва дер рӯ овардани расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ба мушкилоти сарҳадӣ. Танҳо баъди задухӯрди мусаллаҳона расонаҳо ва рӯзноманигорони алоҳида имкон пайдо карданд, ки ба минтақа сафар кунанд ва аз он ҷо гузоришҳои маҳдуд ва аксаран якдафъаина пахш созанд. Дар натиҷа, фазои иттилоотии минтақа ва ҷаҳонро бештар маводҳо (гузоришҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва сурату наворҳо)-е пур карданд, ки аз тарафи Қирғизистон пешниҳод мегардиданд. Ба ҷуз чанд маврид, гузоришҳои деррасидаи расонаҳои тоҷик мухтасар, ноқис ва бе санадҳои кофӣ аз дохили минтақа ҳастанд.

(3) Зарфиятҳои сиёсӣ, касбӣ, техникӣ ва забонии расонаҳои тоҷикӣ дар муқоиса ба расонаҳои қирғизӣ бисёр маҳдуд аст. Ҳам расонаҳои расмӣ ва ҳам ғайрирасмии Тоҷикистон наметавонанд бо ташаббуси худ ҳодисаҳоро пӯшиш диҳанд. Онҳо ё аз эҳтиёт кор мегиранд, то “иштибоҳи сиёсӣ” накунанд ва ё интизори фармони боло мемонанд. Зарфияти касбии расонаҳои тоҷикӣ низ кофӣ нест, то матлабҳои ҷиддӣ омода намоянд. Зарфияти техникии расонаҳо ба маҳдудиятҳое чун дастрасии интернетӣ, фарогирии расона дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва эътибори он дар доираҳои матбуотӣ ва коршиносӣ марбут мебошад.

Зарфияти забонии расонаҳои тоҷикӣ ва рӯзноманигорони онҳо низ яке аз омилҳои асосии шикасти иттилоотӣ ба шумор меравад. Расонаҳо ва коршиносони қирғиз матлабҳои худро ба забонҳои байналмилалие чун русӣ ва англисӣ нашр мекунанд. Аммо расонаҳо ва коршиносони тоҷик дар бисёр маврид чунин имконият надоранд. Дар натиҷа, аксарияти матлабҳои тоҷикӣ дар фазои иттилоотӣ ва коршиносии минтақа ва ҷаҳон шунида намешаванд.

(4) Назари рӯзноманигорону коршиносони тоҷик, ки дар ин маврид менависанд, аз тарафи расонаҳои расмии Тоҷикистон ва ҳамчунин расонаҳои байналмилалие чун Радиои Озодӣ пурсида намешавад.

(5) Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ маводҳое паҳн мегарданд, ки мавқеи Тоҷикистонро аз назари ҳуқуқӣ ва маънавӣ зери суол мебаранд. Аз он ҷумла шахсон ва доираҳои муайян сурату наворҳои дасткоришуда ва ҳамчунин мусаллаҳсозии мардуми мулкиро нашр мекунанд, ки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ чун омодагии Тоҷикистон ба ҷанги навбатӣ ва он ҳам бошад фаротар аз неруҳои сарҳадӣ тафсир меёбад.

(6) Дар таҷрибаи байналмилалӣ ҳамеша мавқеи тарафе ҳимоя мегардад, ки дар ҷанг мағлуб мешавад. Ин як ҳолати муқаррарии равонӣ мебошад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ, шоир:

Дар ҳақиқат дар фазои иттилоотии русизабон теъдоди маводи нашршуда ба манфиати қирғизҳо зиёд аст, ки қисми зиёди онҳо таҳриф, иғво ва маводи бисёр бемасъулиятона ҳастанд ва дар ҳақиқат метавон гуфт, ки фазои иттилоотии русизабон дар ин рӯзҳо ба нафъи қирғизҳо шуда истодааст.

Вале хушбахтона дар ду се рӯзи охир фазои фейсбукии тоҷикӣ ҳам ба забони русиву англисӣ фаъъол шуд ва маводи зиёди ҳам расмиву ҳам ҷамъиятиву ҳам шахсӣ ба забонҳои дигар чоп шуда истодаанд ва ин тавозун андак андак барқарор шуда истодааст.

Баъдан ин ки дидгоҳи расмии Тоҷикистон ба ин масъала хеле масъулиятшиносона аст,  бинобар ин мо он ҳилаву дасисаву ҳуҷуму таҳрикҳои рӯиросте, ки бедуни ягон масъулият дар фазои иттилоотии Қирғизистон сохтаву паҳн мешаванд, аз ҷиҳати сиёсиву ахлоқӣ дуруст намешуморем. Маводе, ки дар мо нашр мешаванд, бештар ба воқеият наздик ҳастанд.

Дигар ин ки ҳарчанд дар ҳақиқат имкониятҳои ширкат ва таҷрибаи ширкати расонаҳову ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон дар фазои иттилоотӣ васеътар аст, аммо дар ин ҷо  шикаст ё пирӯзӣ буда наметавонад. Агар  дар фазои иттилоотӣ онҳо ҳарчи бештар таблиғи зиёде ҳам кунанд, вале мо дар майдон, дар замин, дар марз устувор бошем, дар фазои дипломатӣ фаъъол бошем, дар рӯҳияи ватандорӣ устувор бошем, дар баланси ҷангшоямӣ бартарӣ дошта бошем, ин фазои иттилоотӣ, ки онҳо месозанд,  дар умум таъсири  ҳалкунанда намебозад ва ман нигарони он нестам.

Ва ниҳоят дар  муносибати ҳамсоягӣ ҳар чи бо маҳорати болотар сиёҳ кардану нафрат пошидани онҳо ин пирӯзӣ нест, зеро хоҳу нохоҳ онҳо дар ин минтақа  бо мо ҳамзистӣ хоҳанд кард, бинобар ин беҳтар аст, ки хирад ғалаба кунад ва мавқеи муътадили Тоҷикистон ҳатман ба маънои шикасти иттилоотӣ нест. Муҳим он аст, ки мо ва расонаҳои мо барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баён кардани воқеиятҳои он ҳаводис ва  дуруст муаррифӣ кардани моҳияти сиёсати ҳамсоя ва моҳияти дифои сиёсати мо дар ин ҳамсоягӣ фаъъолтар бошем.  Масъалаи шикаст додану сиёҳ кардан ин сиёсати дурбинона нест.

Шокирҷон Ҳакимов,  ҳуқуқшинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ:

Бале бохтааст, зеро дар натиҷаи қонунгузории номукаммал, набудани рақобати солим дар фазои иттилоотӣ, нобаробарӣ ҷиҳати дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, риоя нашудани кафолати амниятӣ дар робита ба фаъолияти журналистӣ, сензураи ғайрирасмӣ ва дигар омилу сабабҳо боиси он шуданд, ки сатҳи фаъъолияти касбии журналистон нихоят паст шуда, нашрия ва дигар воситаҳои ахбори оммаи мустақилу ғайридавлатӣ кори худро катъ намуданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти мутлақи нашрияю воситаҳои ахбори оммаи вучуд дошта дар тобеияти мақомоту идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ мебошанд ва бидуни шакк чунин ҳолат ба мазмуну моҳияти фаъъолияти онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, тахайюлоти эҷодии журналистон маҳдуду қобилияти таҳлилии онхо низ ба талаботи замони муосир мувофиқ нест.

Боиси таасуф аст, ки ба ғайр аз баъзе воситаҳои ахбори оммаи хориҷии дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дошта ва 2 – 3 нашрияю сайтҳои ғайридавлатӣ кӯшиши инъикоси воқеаҳои рӯзҳои ахири дар минтақаи ҳамсарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро доранд, ки дар муқоиса аз фаъолиятҳои субъектҳои фазои иттилоотии Қирғизистон камрангтар ба назар мерасанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *