ТоҷикистонҶомеа

Оғози марҳилаи дуввуми воксингирӣ бар зидди бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Марҳилаи дуввуми воксингирӣ бар зидди бемории КОВИД-19 25 май   миёни кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурусти Истиқлол» ва якчанд муассисаҳои тандурустии пойтахт оғоз шуд..                                         

Тавре  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад,  ин маърака марҳила ба марҳила миёни кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ  бургузор хоҳад шуд.

Марҳилаи аввал 23 марти соли равон  миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва  соҳаи маориф ва илми пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ин мақсад 8 марти соли равон бо дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 192 000 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид гардид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *