ТоҷикистонҲуқуқи башар

Пас аз эътирози мусофирон ба парвозҳои “Северний ветер” иҷозат дода шуд.

26 май мусофирони ширкати русии “Северний ветер” аз сабаби лағв шудани парвозҳояшон ба Русия дар назди фурудгоҳи шаҳри Душанбе  ҷамъ омада, аз Агентии авиатсияи граждании кишвар талаб намуданд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунад.  Раиси агентӣ Субҳонзода дар суҳбат дар назди мусофирон  гуфт, ки ҳадаф аз лағви парвози ин ширкати русӣ  пойин овардани арзиши чипта буд.

27 май Дафтари матбуоти Фурудгоҳи Душанбе  ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта парвозҳо  ба шаҳрҳои Иркутск ва Қазон сурат гирифтанд ва имрӯз  парвоз ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия  сурат хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 22 май низ  Агентии авиатсияи гражданӣ парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро низ  боздошт, ки дар натиҷа беш аз 500 нафар мусофирон дар фурӯдгоҳи Кӯлоб дармонданд.

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо бо сабаби ҳамагири вируси куруно   аз Тоҷикистон ба Русия пас аз як соли танаффус  1 апрели соли соли равон  аз як соли танаффус 1-уми апрел оғоз шуданд ва дар ҳоли ҳозир   ҳавопаймҳои ширкатҳои  “Сомон Эйр”, “Уралские авиалини”,”Ют Эйр”, “Ямал” ва “Сибир” барои парвоз миёни Тоҷикистону Русияро иҷозатнома доранд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *