СиёсатТоҷикистон

Пешниҳоди гузоштани шаҳр ба номи Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзноманигор  Шарифхон Тиллоев пешниҳод кардааст, ки яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба номи раисҷумҳур  Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Ӯ дар саҳифаи хусусияш дар Фейсбук навиштааст, ки миллати қазоқ шаҳри Остонаро ба номи собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошт ва мо тоҷикон ҳам бояд яке аз шаҳрҳои зебои Тоҷикистонро бояд ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузорем. Ӯ барои интихоб шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Душанберо пешниҳод намудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол нависанда Саттор Турсун раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба мукофоти Нобел пешниҳод карда буд ва сухани нависанда беҷавоб монд. Пешниҳоди додани унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат” ҳам аз ҷониби равшанфикрони миллат ба Эмомалӣ Раҳмон  дар пайравӣ ба бародарони қазоқ роҳандозӣ шуда буд.

Қаблан Шарифхон Тиллоев  пешниҳод кард, ки ба генерали мустаъфӣ, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саидамир Зуҳуров унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад. Вокуниши мақомоти кишвар дар ин хусус то ба ҳол ба мо маълум нест.

Бояд гуфт, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон бар он андешаанд, ки  унвонҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат” ва “Қаҳрамони Тоҷикистон”, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дода шуданд,  нишонаи шахспарастӣ мебошанд , зеро ӯ  Созишномаи сулҳи соли 1997- ро нақз намуд ва  дар муддати 30 сол Тоҷикистонро ба як кишвари ақабмонда, бенаво,  фасодин,  диктотурӣ ва  ҳокимияти хонаводагӣ табдил дод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *