Илм ва маорифОсиёи Марказӣ

ПИНДОР ДИГАР, ГУФТОР ДИГАР, КИРДОР ДИГАР (Нақде бар бахше аз консепсияи таърихи миллии Ӯзбакистон)

Агар сиёсатҳо шаффоф набошанд, ҳатман фосиданд. Ва агар сиёсатмадорон фосиданд, дурӯғгӯёну дуздон ҳокиманд. Дар давлате, ки сиёсаташ шаффоф ва маърифаташ инсонӣ нестанд, ҷомеъааш фоқиди ҳамаи арзишҳои одамист.

Миллатҳо ва давлатҳое, ки ба зоҳир аз дӯстиву бародарӣ мезананд, вале дар амали хеш хиёнат ба ҳақиқату арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ мекунанд, табиист, дар миёнашон на эътимод хоҳад монд, на садоқат. Кош медонистем, ки беҳтарин сиёсат ҳамон ростиву дурустист.

Воқеъият ин аст, ки равобити илмӣ ва фарҳангии миёни ҷумҳурии Ӯзбакистону Тоҷикистон пас аз фурӯпошии шӯравии собиқ ба ҳеч ваҷҳ шаффову созанда набудааст. Доду гиифти ду тараф ҳатто дар замони раёсати Раиси Ҷумҳури кишвари Ӯзбакистон оқои Шавкат Мирзиёев низ ба гунае, ки бояд сурат бигирад, эҳсос намешавад. Аслитарин тирагиии равобити сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии миёни ин ду кишвар, набудани сиёсати шаффофу рӯшан аст.

Таъаммуле бояд бар ташрифоти расмӣ кард. Аз як сӯ, раиси ҷумуҳури Ӯзбакистон оқои Шавкат Мирзиёев ба нишонаи эҳтироми миллати тоҷик дасти дӯстӣ ва бародарӣ ба раиси Тоҷикистон оқои Эмомалӣ Раҳмон дароз мекунад, аз сӯйи дигар, ҳамин ҳукумат фазоро барои вусъат ва пойдор намудани нафратангезтарин андешаҳоро нисбат ба мардуми тоҷик дар муҳиммтарин марокази илмӣ ва пажӯҳишии кишвараш эҷод менамояд. Он чӣ, мегӯям, бо камоли таассуф, ҳақиқат дорад, ки дер боз аст, намехостам бигӯям.

Мутаваҷҷеҳ бояд шуд, ағлаби академикҳо ва профессорони улуми таърихи Ӯзбакистон, ки дар ҳар муассисоти давлатӣ ҳастанд, на танҳо офарандагон, балки ҳомиёни идеулужики зидди тоҷиконаи сиёсатҳои кишварашонанд. Ҳам акнун, пӯшида нест, маҳз бо дастгирӣ ва ҳимоятҳои Раёсати ҷумҳур ва ҳукумати эшон аст, ки дар Академи улум ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбакистон он «нухбагони илму дониши» ин кишвар, ки ҳар чӣ бештар муҳкамтар сангҳои тавҳин ба миллати тоҷик андохтаанд, сазовори инъомҳову рутбаҳои баланди илмӣ мешаванд. Ин воқеъиятро чӣ ном бояд гузошт?

Таассуфангез аст, тавсеъа ва тақвияти афкору андешаҳои миллигароёнаи ифротӣ ва дар канори он пасту беқадр кардани нақши тоҷикон ва ҷойгоҳи гузаштагони миллати тoҷик дар таърихи Осиёи Марказӣ аз сӯйи иддаи донишмандон ва аҳли илму адаби фурсатталаб амдан табдил ба як идеулужики муназзаму муассир дар «Ӯзбакистони бародарӣ» шуда ва ба ростӣ, эҷоди чунин вазъи нохушоянд барои ҷомеъаи ҳар ду кишвари ҳамсоя зиёда нигаронкунанда шудааст.

Ҳамлаҳои дур аз шаъни илм

Шоҳидем, вале ҳамагӣ сокитем. Солҳои ахир шахсияти сиёсӣ ва илмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҷониби гурӯҳи донишмандон, муаррихини ва муаллимини донишгоҳҳои кишвари Ӯзбакистон зери таънаву тавҳинҳои рӯйи рост қарор гирифтаст. Мутмаинан, олимони ӯзбакистонӣ дар симо ва шахсияти ӯ пайваста чӯби маломат ба ниҳоди миллати тоҷик мекӯбанд, ки набояд аҳли илми ватанро аз ин навъ иттиҳоми зидди миллӣ ва дар умқи худ хасмона чашмпӯшӣ кард.

Гурӯҳе аз донишманодони ӯзбакистонӣ аз муассисоти расмӣ ва давлатии Ӯзбакистон чеҳраи раҳбари кишвари «дӯст ва бародар»-ро, ки ҳамоно Тоҷикистон аст, ба унвони як фарди камхираду нотавон дар арсаи илму сиёсату давлатдорӣ ба тасвир мекашанд. Чун, нек назар ба ғаразҳо андохта шавад, хоҳем дид, манзури муҳоҷимон дар тахриби шахсияти раиси ҷумҳур, бенасаб кардани худ мардуми тоҷик аст.

Дар ин навиштор хостам фақат ба моҳияти аслии яке аз тарҳҳои илмии гурӯҳи олимони матраҳи таърихнигор, ки ба унвони маншаъи ҳамаи дастурот ва корбурдтарин нақшаи корӣ дар тамомии марокази илмӣ ва донишгоҳҳои кишвари Ӯзбакистон пазируфта шудааст, ишора намоям. Агарчӣ, ҳамчунин тарҳҳо, китобҳои роҳнамоӣ ва осори «илмӣ-таҳқиқотӣ»-и зидди тоҷикӣ ҷиҳати тақвияти дониши таърихи миллӣ дар Ӯзбакистон дар ҳоли афзоиш аст, вале дар ин сафҳа нақди моҳияти аслии ин навъ аз дастурот, ба ном илмӣ, вале дар амал матраҳ кардани уқдаҳову ғаразҳост, барои ҷомеъаи тоҷикон муҳимм ба назар менамояд.

Кофӣ аст, ба ин мақсад, зикри номи номовартарин муарихини Ӯзбакистон шавад. Чунончӣ, муаррихони машҳур ва саршиноси ӯзбакистонӣ, аз қабили: А. Г. Ртвеладзе, А. С. Сагдуллаев, А. Асқаров, М. М. Исҳоқов, Д. Ю. Юсупова, Ф. Ҳасанов ва бисёр дигарон бо ширкати мустақим ва ғайри мустақими худ, тарҳеро, ки ба номи «Марказий Осиё тарихи тарихшунослигнинг долзарб муаммолари. Тарихшунослик, манбашунослик ва тарихий тадқиқот усуллари (Марказий Осиё мамлакатлари) мутахассислиги бӯйича магистратура талабаларига мӯлжалланган ӯқув қӯлланмаси» номгузорӣ ва бо қалам ва зери раҳбарии профессор Ш. С. Камолиддин таҳия шудааст, дар нишасти махсуси илмӣ дар Институти ховаршинонсии Ӯзбакистон дубора ба тасвиб расонидаанд, ки бахши онро метавон «Низомномаи ҷангии олимон ва таърихнигорони ӯзбакистонӣ зидди муаррихон ва миллати тоҷик» номид. (Тошкент Давлат шарқшунослик институти, 2017, 2019).

Ин бахш аз тарҳ ва дастуроти мазбур «Тожикистон Республикасининг миллий консепсияси» ном дорад. (С. 36-40). То ҷое, ки иттилоъ дорам, дар робита бо ин навъ дастуроти илмӣ дар нашрияҳои кишвари Ӯзбакистон нақде, ки аз умқ интиқодӣ бошад, ироъа нашудааст.

Зимнан, бо таъкид ба муаррихини Ӯзбакистон гуфтаниам, ки донишмандон ва назарияпрадозони кишварашон Ӯзбакистон, ки худ маҳорат, шоистагӣ ва лаёқати таҳлили беғараз ва комилан илмии асилтарин пажӯҳишҳоро дар мавриди таърихи қавми ӯзбак надоранд, вале дар зоҳир тантанавор камари ҳиммат барои таъйини муҳиммтарин осори муаррихини тоҷик мезананд, ки албатта, дар хӯри ахлоқи илму олимӣ нест.

Олим бояд бо олим баҳс кунад. Агар ин муддаъиёни шабеҳдониш, ки худро ба унвони олимони солеҳ месохтанду менишохтанд, шаъни илму маърифатро дар баробари баҳсҳои хақиқии илмӣ ба хоки шармсорӣ ба осонӣ намерехтанд. Ин ҳуққабозони илм, ки худ аз моҳияти илми таърих сар дармеоваранд, ҳаргиз бо баҳонаи тахриб кардани шахсияти сиёсӣ ва илмии Эмомалӣ Раҳмон, дасти таъарруз бар шаъну обрӯйи миллати тоҷик дароз намекарданд ва ба ғалат ҳам намегуфтанд, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон «муаррихи шумораи аввал» ва сарвари тамомии муаррихини кишвари Тоҷикистон аст: Чунончӣ:

«Тожикистоннинг энг асосий тарихчиси – президент Э. Раҳмоннинг ӯзидир.” (С. 39).

Бо ин ғараз, донишмандони ӯзбакистонӣ, яке аз осори таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки олимони Академи Улуми Тоҷикистон ба унвони асари беназиру гиронқадр дар таърихи илми муъосир талаққӣ кардаанд, ба лаҳни бисёр тезу тунд зери тозиёнаи «интиқод»-и хеш қарор дода, бидуни далел тамомии мӯҳтавои онро мутлақо ғайри илмиву беарзиш хондаанд. Чунончӣ:

«Тожикистон президенти Э. Раҳмоннинг “Таджики в зеркале истории. Кн. 1. От Арийцев до Саманидов” (Лондон) номли китобида ҳам бир қанча ғайри илмий қарашлар илгари сурилган. Хусусан, 1. Тожиклар энг қадимги давлатчиликка эга; 2. Тожик халқи Ӯрта Осиё. (С. 37 ). минтақасидаги энг қадимги халқдир; 3. Тожик халқи қадимдан бутун Марказий Осиё ҳудудида яшаб келган; 4. Тожик халқи Ӯрта Осиё ҳудудида яратилган барча маданий қадриятлар (деҳқончилик ва шаҳарчилик маданияти, ҳунармадчилик маҳсулотлари, савдо алоқалари, санъат асарлари, илм-фан ва ҳ.к.) нинг яратувчиси ва эгасидир. Турклар эса бу маданиятни тожиклардан ӯрганганлар ва уларнинг барча маданий қадриятларини ӯзлаштириб олганлар (125, 150, 218-бетлар).» (С. 37).

Албатта, назароти ба истилоҳ илмӣ-интиқодии муҳаққиқини ӯзбак дар мавзӯъоте фавқ дар осори ҳар як онон ба гунаи махсусу муфассал омада, вале бо ин вазъ, то кунун, на аз сӯйи муаллифи “Таджики в зеркале истории», на аз тарафи мушовирони илмии асари мазбур ва на тавассути мутахассисни дараҷаи аввали Академи улуми Тоҷикистон ба ҳеҷ як аз «интиқодот» ва вокуниншҳои олимон ва муаррихини ӯзбак ҳатто, як посухе, ки дар сатҳи илм шоиста бошад, навишта нашудааст, ки албатта, мояи таассуфу шармсорист.

Муаррихони «фошист»

Аз диди иддае аз муаррихони бонуфзи муъосири ӯзбакистонӣ, талошҳои сарсупурдагони миллӣ, аз қабили: С. Айнӣ, Б. Fафуров, Н. Неъматов, Р. Масов ва дигарон, ки ҳамвора ҷиҳати ҳимояти манофеъи миллӣ, аз худ гузаштагиҳо кардаанд, ҳамагӣ «миллатгарову шовинсту фошистоне»-анд, ки дар осорашон илҳом аз идеулужики болшвевизм гирифтаанд. (С. 36, 38, 39, 89). Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ба калидвожаи бахши марбут ба интиқоди «Консепсияи таърихи миллӣ дар Тоҷикистон»:

«Таянч тушунчалар ва иборалар: панэронизм, миллий шовинизм, насизм, фашизм, орийлар, ирқчилик, тожиклар, тарихни сохталаштириш» (С. 36). Он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Ва имрӯз ҳам, тамомии муаррихин ва донишмандони тоҷик, ки аз таърихи миллӣ ва ҷойгоҳи таърихии Сомониён изҳори назар мекунанд, пеши донишмандони ӯзбакистонӣ «миллатгароёнеанд зидди ӯзбакӣ ва бо андешаҳои фошистӣ». Мулоҳиза фармуда шавад:

«Их умы буквально заражены анти-узбекской истерией и оголтелым национализмом. Но это ни в коем случае не относится ко всем, и тем более, к простым людям, которых мало интересуют граничащие с расизмом и фашизмом националистские установки идеологической пропаганды Таджикистана.» (Камолиддин Ш. Комментарий. (2018), С. 73).

Сукут кардан дар баробари ҳар навъ иттиҳом маърифт нест. Баъйид нест, ҳамин хомӯшии мутахассисини ватанӣ дар баробари иттиҳомот ва чаповулҳои таърихии муаррихони кишвари «бародар», боис шуда бошад, ки олимон ва муҳаққиқини таърихнигори Ӯзбакистон бар ин хаёл, ки ҳамагӣ яксара «сарбозони илм» шуда бошанд, ва бад-ин далел, қадами фаротареро дар ҷодаи бедабӣ бигзоранд, ба ҳадде ки бидуни салоҳият дахолатро дар зиндагӣ ва насаби шахсии фард аз нишонаҳои адаби хеш пиндошта ва зимни интиқоди падидаи таърихии «ориёӣ» пиромуни насаби Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бар рӯйи навомиси миллӣ кинояву нешзадҳо задаанд.

Ангор, ки тохтани фарҳангиёни бефарҳанг интиҳо надорад. Мунаққиди ӯзбакистонӣ бар ин иддаъост, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, ки гӯйӣ насаб аз қавми муғулии лақай дошта бошад, ҳатто ба унвони як муаррих, ҳаққи изҳори назарро дар мазӯъи «ориёӣ будани гузаштагони миллати тоҷик» надорад, далелаш ин ки асл ва насабаш на тоҷик асту на форс. Чунончӣ, сареҳан омадааст:

“Шуниси диққатга сазоворки, унинг келиб чиқиши тожик ёки форс эмас, балки кӯчманчи ӯзбекларнинг лоқай қабиласи билан боғлиқ. “Орий” бӯлишдан олдин у иқтисодий маълумотга эга бӯлган коммунистик партия ходими эди.Унинг тарихга бӯлган “қизиқиши” президент бӯлиб сайланганидан кейин бошланган.» (С. 39).

Магар лақай будани касе ҷурмест? Он чӣ ҷиноят аст, ин адами риояи аҳкоми ахлоқ илм аз сӯйи олим аст. Аз диди муаррихон ва донишмандони ӯзбакистонӣ, иддаъоҳо ва идеҳои Э. Раҳмон, ки дар силсилаи осори таърихиаш дар мавриди ҷойгоҳи «ирқи ориёӣ» дар таърих ироъа кардааст, моҳиятан, ҳеч фарқе аз идеулужики фошисттии Адолф Ҳитлер надорад ва худ муаллифи ин «ғояҳои ориёӣ» аз зумраи шохистарин «фошитстони асри ҷадид» эълом шудааст. Чунончӣ, дар тарҳ ва дастури кории муаррихини ӯзбакистонӣ бо оҳанги тамсхур омадааст:

«А. Ҳитлер немисларни олий ирқ деб эълон қилгани сингари Э. Раҳмон ҳам тожикларни “орийлар”, яъни олий ирқнинг авлодлари деб ҳисоблайди. Немислар ирқий ва маданий жиҳатдан ӯзларини славянлар, франсузлар, инглизлар ва бошқа Европа халқларидан устун қӯйган бӯлсалар, ҳозирги кунда тожиклар худди шундай ӯзларини Марказий Осиёнинг туркий тилларда сӯзлашувчи ҳалқларидан устун қӯймоқдалар… Э. Раҳмон “орий” бӯлишдан олдин у иқтисодий маълумотга эга бӯлган коммунистик партия ходими эди.» (С. 37, 84).

Ва муҷаддадан, таъкидвор фармуда, ки андешаҳои олимон ва сиёсатмадорони тоҷик дар умқи худ мушобеҳи шиорҳои нажодпарастонаи фошистони олмонианд. Аз ҷумла:

«Умуман олганда, Тожикистон олимлари ва сиёсатчилари томонидан илгари сурилаётган ғоялар ва даъволарнинг ХХ аср биринчи ярмида немис фашистлари томонидан асос солинган “орийлар” ҳақидаги ирқий-шовинистик назарияси билан жуда ӯхшаш томонлари кӯп.» (С. 37).

Агар Пешво «фошист» аст, пас мардум ҳама «фошистанд»? Бо ин ҳама пинҳонгӯйиҳо ва ба вижа бо судури иттиҳоми «фошизми раҳмонӣ» ба миллати тоҷик, донишмандони ӯбакистонӣ қонеъ нестанд, аз ин рӯ, қадам ба қадам баҳонаҳо ва мавзӯъоти интиқодашон фаротару васеътар мешавад. Чунончӣ, он гуна, ки дар «низомномаи ҷанги муаррихини ӯзбак алайҳи таърихнигорони тоҷик» зимни тавсифин сифоти диктотурон омадааст, Эмомалӣ Раҳмон тамомии сифоти диктотури марҳум президенти кишвари Туркманистон оқои Сафаралӣ Ниёзовро ба худ дошта ва яке аз умдатарин муштаракоти тамоюлаш ин аст, ки эшон низ мисли «туркманбошӣ»-и туркманҳо муаллифи силсилаҳои осори илмист. Мулоҳиза шавад:

«Э. Раҳмонни Туркманистоннинг собиқ президенти раҳматли С. Ниёзов (Туркманбоши) билан ҳам таққослаш мумкин. Гарчи униси туркман, буниси эса “орий” бӯлса-да, уларнинг қарашлари ва даъволарида кӯп ӯхшашликлар бор. Уларнинг иккаласи бир-бирига ӯхшаш ӯтмишга эга, иккаласи ҳам ӯз халқининг тарихига “қизиқиш” билдириб, бир қатор “асарлар” ёзганлар.» (С.40).

Тибқи назари олимони ӯзбакистонӣ ҳар ду раиси ҷумҳур таваҷҷӯҳи вежае ба таърихи асрҳои миёнаи миллати хуш дорад, вале муҳимм ин аст, ки тамоми осори таърихии он ду «олим» ба пояи афсонаҳо ва ривоятҳо таълиф шуда ва фоқиди бори илмианд:

«Иккаласи ҳам нафақат ӯрта асрлар, балки қадимги тарихга ҳам қизиқадилар, лекин уларнинг “асарлари” тарихий манбаларга эмас, афсона, ривоятлар ва сиёсий эҳтиросларга асосланган.» (С. 40).

Бано бар интиқоди муаррихини ӯзбакистонӣ, аввалӣ таърихи давлатдории миллии миллати хешро аз замони Ӯғузхон ва дувумӣ, дар афсонаҳои марбут Каёниёну Пешдодиён меҷӯяд:

«С. Ниёзов Туркманистон давлатчилиги тарихининг бошланишини афсонавий Ӯғузхон давлати, Э. Раҳмон эса Тожикистон давлатчилиги тарихининг бошланишини афсонавий Каёнийлар ва Пешдодийлар сулоласи билан боғлайди.» (С.40, 85).

Боқӣ «иттиҳомоту интиқодот» аз баҳсҳо ва мавзӯъоте, чун: таърихи силсилаҳои Каёниён, Пешдодиён, Ҳахоманишиниён, Портиён, Сосониён, Сомониён ва ғ. бо оҳанги тамасхуру кинояҳои нешдор алайҳи муаррихини тоҷик аз Академи Улуми Тоҷикистон ироъа шудаанд, ки зикру таҳлилаш боиси бештар озурдахотирии миллати тоҷик хоҳад шуд, аз ин рӯ, бо овардани намунаҳое чанд басанда мекунам.

Адами масъулияти олимон

Қасдам дар ин навиштор дифоъ аз идеҳо ва арзишҳои илмии осори таърихӣ ва шахсияти илмии раиси ҷумҳур набуда, балки дар таъкид бар риоъяти маърифати инсонӣ ва мӯҳтарам доштани ахлоқи илм ва баҳсҳои илмӣ будааст, ки пинҳон нест, дар пешрафтатарин кишварҳои дунё ба унвони суннати илм миёни аҳли дониш пазируфта шудааст, мебошад.

Дар ниҳояти сухан, муроҷиатам ба аҳли илму дониш, ба хусус ба муаррихини ватани азизам ин аст:

То ба кай Академи улуми Тоҷикистон, Раёсати Институти таърих ва бостоншиносии ин даргоҳи маърифат дар баробари «ҳарзагӯйиҳои илмгуна» ва иттиҳомоти нухбагону муфтахарони ӯзбакистонӣ ва ҳамсоягони муддаъии дигар сукути мутлақ ихтиёр доранд? Магар ин донишмандону муаррихин масъулият бар дӯш надоранд? Магар ин ҳама олимони муфтхӯр кӯрону каранд, ки намебинанду намешнавад, пайваста ҳарами таърих, фарҳанг, ҳувият ва арзишҳои миллӣ ва ба тамомии муқаддасоти миллии тоҷикон аз тарафи хасмону нокасону ноҷавонмардон таҷовуз мешавад!

Кош ба ҷойи илматон шарафатон иҷборӣ мебуд! Олим бояд масъулиятпазир бошад! Замоне ки бар равони миллат ҷафо мешавад, таваққӯъи сафоро чӣ суд? Агар навомис ва арзишҳои моддӣ ва маънавии мардум хору зоранд, санохониҳои маддоҳони дарборро чӣ суд?

Он чӣ бояд аз ҷониби ходимони илму маърифат сурат бипазирад, қабл аз ҳама дифоъ аз эътибор, шуъун ва навомиси миллат аст, бахусус ҳангоме, ки ин миллати мазлуму маҳруму бечора гирифтори сарошуфтагиву афсурдагиву навмедиҳо бошад. Дар ғайри сурат, шумо, эй аҳли хирад, бо бемасъулиятии худ, на танҳо, ихтиёри сарнавишти хешро аз даст хоҳед дод, балки ояндаи фарзандони худро ба вартаи хатар хоҳед андохт!

Шумо, эй аҳли дониш, ки қодир ба тағйир додани хулқи худ нестед, чӣ гуна метавонед дунёи миллатро тағйир бидиҳед? Ҳалол хӯрдан ва ҳалол зистан ҳунар аст. Ба шогирдонатон биёмӯзед, ки ҳар касе, ки илм меофарад, бояд бар дифоъи андешааш низ омода бошад!

Қабл аз он, ки сурати ҷомеъаро беҳтар бикунед, нахуст сирати худро беҳтар кунед! Сукути шумо – шикасти шумост! Баҳои шумо масъулиятпазирии шумост!

Луқмон Бойматов, муаррих,  ФБ, «Тураника»,  08.05.2021.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *