ТоҷикистонҶомеа

Прокуратураи генералии Тоҷикистон : Дар кишвар”облава” вуҷуд надорад!”

Пркуратураи генералии Тоҷикистон бо имзои Сарпрокурори ҳарбӣ И.О.Зоиров ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи пешгирӣ кардани ҳодисаи “облава”, ё боздошт ва даъвати маҷбурии ҷавонони синни хидмат ба артиш, ки бо ибтикори Раҷаби Мирзо таҳия шуда, ба ниҳодҳои дахлдор фиристода шуда буд,  посух дод.

Дар ин бора рӯзноманигор ва фаъъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассиси гурӯҳи фейсбукии “ Ахбор барои афкор”  Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст.

Раҷаби Мирзо бо таассуф навиштааст, ки “ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МУРОҶИАТНОМА ДАР БОРАИ “ОБЛАВА” ҲАМОН ТАВРЕ ПОСУХ ДОД, КИ ИНТИЗОР ДОШТЕМ: “АКСАРИЯТИ МАҚОЛАҲО БА ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ КОР МУВОФИҚАТ НАМЕКУНАНД, НАВОРҲОИ ВИДЕОӢ БА МАЪРАКАИ ДАЪВАТ ИРТИБОТ НАДОРАНД”.

Раҷаби Мирзо порае аз  ҷавоби Прокуратураи генералии Тоҷикистонро овардааст, ки дар он гуфта шудааст: “”санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд”.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо дар нома онҳо “ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст”.

Дар вокуниш ба ин посухи Прокуратураи генералии Тоҷикистон Раҷаби Мирзо навиштааст:”

Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назар аст, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст.  Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти операвтивӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад. МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ”  ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН…”

Ёдовар мешавем, ки  масъалаи “облава” то ба имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа боқӣ мемонад. Ҳамасола корбарон дар маъракаи даъват ба артиш даҳҳо навор ва номаҳои шикоятии худро дар бораи зӯран боздошт намудани ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад. Вале мақомот ҳар бор мавҷуд будани ин падидаи номатлубро рад мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *