СиёсатҶомеа

Рабуда шудани ҳавопаймо аз ҷониби режими Лукашенко. ИМА ҷаласаи фаврии ШСБҲ -ро оид ба Беларус талаб кард

Фурӯди иҷбории ҳавопаймои Ryanair аз ҷониби режими Лукашенко. Котиби давлатии ИМА даъват кард, ки нишасти фаврии Шӯрои Созмони Байналмилалии Ҳавонавардӣ оид ба Беларус баргузор шавад.

Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки ҷаласаи фаврии Шӯрои Созмони Байналмилалии Ҳавонавардӣ ( ШСБҲ) роҷеъ ба вазъи фурӯди иҷбории ҳавопаймои мусофирбари Ryanair бо хатти парвози Афина-Вилнюс дар Минск барои боздошти мусофир Роман Протасевич, асосгузори канали оппозисиюни Telegram NEXTA баргузор гардад.

Дар ин бора Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳор дошт.

“Ин амали такондиҳанда, ки аз ҷониби режими Лукашенко содир шудааст, ҷони беш аз 120 мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Амрикоро зери хатар гузоштааст” таъкид кард котиби давлатӣ.

Ӯ дар  дар вебсайти Департаменти давлатӣ ва дар Твиттери худ навишт, ки “Вашингтон тағйири маҷбуркунии парвози байни ду кишвари ИА ва боздошти минбаъдаро шадидан маҳкум мекунад”. Сардори дипломатияи ИМА талаб кард, ки Протасевич фавран озод карда шавад.

Блинкен аз  дахолат доштани хадамоти махсуси Беларус дар ин қазия ва истифода шудани ҳавопаймоҳои низомӣ  барои нишасти иҷбории ҳавопаймо  “шадидан нигарон аст” .

“Мо таҳқиқи байналмилалиро талаб мекунем ва посухи худро бо шарикон, аз ҷумла ИА, Литва ва Юнон ҳамоҳанг месозем” навишт Блинкен.

Ӯ афзуд, ки расонаҳои мустақил як рукни волоияти қонун ва ҷузъи ҳаётан муҳими ҷомеаи демократӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида “мардуми Беларусро дар талоши онҳо барои ояндаи озод, демократӣ ва шукуфон дастгирӣ мекунад”, ки дар он ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон эҳтиром карда мешаванд.

Сафири ИМА дар Белорус Ҷули Фишер пеш аз ин дар Твиттери худ навишт, ки “Лукашенко ва режими ӯ як бори дигар нисбат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи маданӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ беэҳтиромӣ нишон доданд. Бо роҳи зӯрӣ ба нишаст маҷбур намудани ҳавопаймо ин нафратовар аст”.

23 майи соли 2021 режими диктатории  Лукашенко бо истифода аз як ҳавопаймои ҷангӣ ҳавопаймои Ryanair FR4978 Афина-Вилнюсро маҷбур кард, ки ба Минск фурӯд ояд. Пас аз нишаст  кормандони амният аз ҳавопаймо ҳаммуассиси калонтарин канали оппозисиюнии Telegram NEXTA Роман Протасевичро дастгир карданд. Ба ӯ дар Белорус  мӯҳлати зиёди зиндон  таҳдид мекунад. Коршиносон ҳатто ҳукми қатлро истисно намекунанд.

Роҳбари оппозисиюни кишвар дар табъид Светлана  Тихановская онро амалиёти хадамоти махсуси Лукашенка номид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *