ТоҷикистонҲуқуқи башарҶомеа

Раисҷумҳур андозаи нафақаи маъюбонро зиёд кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон “бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” бо фармони худ андозаи нафақаи ин қишри ҷомеаро боло бурд.

Дар фармон аз ҷумла омадааст:
“— нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
— нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
— нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.”

Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2021  эътибор пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори расмӣ то 1 январи соли 2021 729 ҳазору 385 нафар нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *