АхборСиёсат

Раҳмон дар Маскав вазъи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ хоҳад кард

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 8 май дар Маскав низоъ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора котиби матбуотии Президенти Русия  Дмитрий Песков хабар дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар Паради Ғалаба дар Майдони Сурх ширкат варзида, сипас ба Душанбе бармегардад.

Низоъ миёни сокинони маҳаллии минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиён табдил ёфт. Даргирӣ миёни марзбонон беш аз шаш соат идома кард. Тақрибан 50 нафар аз ҳарду ҷониб кушта, зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ ва беш аз 300 хона ва иншооти инфрасохторӣ хароб ё сӯзонда шуданд.

Рӯзи 1 май ҷонибҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расиданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *