СиёсатТоҷикистон

Ровии Шабакаи аввал Президенти Тоҷикистонро “Эммануэл” Раҳмон номид

Ровии Шабакаи аввали телевизиони Русия иштибоҳан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “Эмануэл” номид. Ин ҳодиса ҳангоми пахши Паради Ғалаба дар майдони Сурх рух дод.

“Дар экранҳо шумо, Президенти Русия Владимир Путин ва дар паҳлӯи ӯ Президенти Тоҷикистон Эммануэл Раҳмонро мебинед”, шарҳ дод ровӣ, аммо баъд зуд худро ислоҳ карда,  номи дурусти сарвари Тоҷикистонро гуфт.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳам ҳангоми иштирок дар Паради Ғалаба  ровии телевизион Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Вазири мудофиаи Ҳиндустон муаррифӣ кард.  Иштибоҳ будани  ҳодисаи ахирро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон зери суол бурдаанд. Ба андешаи онҳо бори дуввум такрор гардидани як иштибоҳро метавон ба тарзи дигар ҳам таъбир кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май бо даъвати Путин ба Маскав парвоз кард ва бо ҳамтои руси худ вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пас аз муноқишаи ахир баррасӣ кард.  Ба гуфтаи Раҳмон, Тоҷикистон қасд дорад масоили марзии худ бо Қирғизистонро танҳо тавассути музокирот ҳал кунад. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими марз бо Афғонистонр пас аз хурӯҷи  нирӯҳои Амрико ва НАТО аз ин кишвар мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *