Илм ва фарҳангТоҷикистон

САЛОМ, ЭЙ ЛОИҚИ ИМРӮЗУ ФАРДО!

Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Ба истиқболи 80 солагии шоири шаҳири тоҷик ЛОИҚ ШЕРАЛӢ.

Салом, эй рафтанат ташрифи дигар,

Салом, урдубиҳишти тозаву тар.

Салом, эй кофару эй ринду бутсоз,

Мусулмонии мо бо ту шуд оғоз.

Салом, эй Лоиқи имрӯзу фардо,

Салом, эй шоири хуршеду дарё.

Салом, эй мӯҳтавои ишқу ҳастӣ,

Бимон бо соғари саршори мастӣ.

Бимон моро ватандорӣ биомӯз,

Саводи хештандорӣ биомӯз.

Дуруд ба рӯҳи падари бузургвор ва шоири миллату муҳаббат. Дуруд ба посдорандаи фарҳанги форсу тоҷик ва пайғомбахшандаи ҳазор насли ояндаи бани инсон Лоиқ Шералӣ. Имрӯзҳо миллионҳо ҳаводори шеъру адабиёт ва гавҳаршиносони сухану санъат, ҳуввияту хештаншиносӣ, пайравони ойини инсоният, адолату садоқат ёде аз солумри 80-уми  ин абармарди таърих мекунанд. Шукр бар офаридгори бемислу монанд, ки қисме аз ҳаёти ин шоири маҳбуби машриқзамин ва ному осори эшонро  бо ман пайванд кардааст. Ҳоло қатрае аз меҳру самимият ва камоли ҳамнишиниямро мехоҳам ба ёд орам.

Шиносоии аввалини ман бо Устод Лоиқ Шералӣ, ки баъдан бароям пири роҳи ҳақиқат ва раҳнамои роҳи санъату самимият шуда буданд,  ин тавр сурат гирифта буд: Соли 1975 ба деҳаи мо – Ғусар омаданд ва мо хонандагони синфҳои 7-8 аз паси мошини шоир давидем. Устод, то хонаи бародарашон – Қоришариф рафтанд. Қоришариф дар баробари он ки ба мо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфтанд, ҳамчунин шикастабанди маъруф ҳастанд. Дар хонаи муаллим модари шоир Бибӣ Зуҳро ба пешвоз баромаданд. Пас аз мошин фаромадан, устод бо мо як-як салом карданд, ҳолпурсӣ карда, аз таҳсиламон пурсон шуданд. Шодии моро ҳадду канор набуд. Мо барои изҳори шодмонии худ мошини устод Лоиқро бо оби мусаффои ҷўй шустем. Бо ҳамин робитаи рўҳониву маънавии мо бо устод оғоз ёфт. Нишастҳову маҳфилҳо ва шеърхониҳои устод дар соҳили Зарафшон ҳанўз пеши чашмонам аст. Дар бораи шеърҳои нотакрори устод бисёриҳо гуфтаанду навиштаанд. Ҷилд-ҷилд асарҳои пажўҳишӣ ҳастанд. Аммо кори мо оҳанг бастан ба сурудҳои шоири зиндаёд буд. Ашъори устод болу пари оҳанг ва сурудҳои ман гаштаанд. Сурудҳои “Ҳасрат”, “Панди дигар”, “Дар соҳилам ҳанўз”, “Модар надоштаст”, “Ин ҷаҳонам мондааст”, “Сўзишгаҳи инсон”, “Гузашт умрам…” ва садҳо шеърҳои баландмазмуну намакинро ҳама медонанд, ки банда оҳанг бастаам. Вақте суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро сурудем, маҳбубияту ҷаззобияташ аксари минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказиро гирифт гўям ҳам, хато намешавад. Дар хонаи устод аз шаб то домони саҳар менишастем.  То дили шаб устод шеър мегуфтанду ман месурудам. Он рўзҳову шабҳои нотакрорро ёд кунам, дилам гум мезанад, чашмонамро ашк ғарқ мекунад.

Бешак бароям равшангари роҳи фардоям ва падари маънавиву ҳодиву раҳнамоям буданд. Дар аксари маҳфилҳоям иштирок кардаву бароям фотеҳаву дуоҳои фаровон додаанд. Як дуояшон ҳеҷ аз хотирам намеравад.

Додаракам Афзалшо,

Хизмати ёрон бикун.

Ман Офтобборон кардам,

Ту сурудборон бикун!

Ёдам ҳаст, ки як шаб фарёд зада, бо фараҳмандӣ хитоб карданд: “Афзал! Бачем, “генеальный” шеър иншо шуд, гўш кун:

Шишаи мо санги хоро бишканад,

Хомии мо пухтаҳоро бишканад…

Гардани гардуни гардон бишканем,

Пеш аз он, ки гардани мо бишканад!

Ин ва даҳҳо шеърҳои дигар дар шоҳидии ман эҷод шудаанд. Ёди Бибӣ Зебунисо ба хайр бодо! Ин зани бузургу соҳибдил, ҳамсари устод Лоиқ, барои шоир хидматҳои бедареғ кардаанд. Ҳазорон меҳмонҳои шоирро ба хушӣ пазируфта, нону намак карда, гуселондаанд. Шабҳои дароз ҳамрозу ҳамдами шоир буданд. Ин хел занҳо дар ҳаёт кам вомехўранд, ба андешаи ман, як сабаби муваффақияту барори устод дар ҳама ҷода ҳамин ҳамсарашон буданд. Устод одами басо самимӣ, ростгўй ва якқавл ва дар садоқату пос доштани арзишҳои инсонӣ ягона буданд.

Устодону ҳамқаламонашон: Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Ашўр Сафар, Қутбӣ Киромро ба ҷон эҳтиром мекарданд. Аз хомакашону олимони ҷавонтар, яъне ҳамсолу ҳамнаслонашон ба Файзуллоҳ Ансорӣ, Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб ва Акбар Абдулло эҳтиром доштанд. Аз сарояндаҳои он замон маъруфу имрўз ҳам дўстдоштанӣ Ҷўрабек Муродов, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов ва даҳҳо сарояндагони асили тоҷикиро гўш медоданд. Ёдам меояд, ки рўзе бо хоҳиши устод дар сабукравашон сабти сурудҳои нағзу пурмағзи Одина Ҳошимро гузошта будам. Ҳар гоҳ гўш дода, лаззат мебурданд. Азбаски шахсияти обрўманд, шоири донишманд ва забондону луғатдон буданд, ҳама пиру ҷавон ва ҳатто сиёсатмадорони варзида низ эҳтиромашон мекарданд ва ба ҷон мехостанд, ки дар маҳфилу сӯҳбатҳояшон Лоиқ барин шоири овозадор ширкат варзад.

Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,

Сўзед, ки  олам бишавад нуронӣ.

Бар як худи Хуршед гарон аст, охир

Бар олами бекарон нурафшонӣ.

Шеърҳои аввалини устод Лоиқ бо дард, бо маъно ва дилнишин буданд. Рўз ба рўз ному ашъори шоир шуҳрат пайдо мекард, оламгир мешуд. Ва рафта-рафта тамоми тоҷикони асил ва форсизабонони ҷаҳон устодро шинохтанд ва ба ашъорашон бовару эътимод ва муҳаббат пайдо карданд. Устод Лоиқ борҳо гуфтаанд: “ШЕЪРҲОИ МАН ҲАМОН ШЕЪРҲОИ ГУМШУДАИ УСТОД РӮДАКИСТ!”

Ин  шоиру равшанфикри номвар дар арсаи сиёсату давлатдории навини Тоҷикистон низ шахсияти пешгом ва шинохта буданд. Бо Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсайид Убайдуллоев ва Абдумаҷид Достиев дўст ва рафиқи наздик буданд. Устод Лоиқ бо ҳамон дониши фаровони забонӣ ва ҳисси баланди миллатпарастӣ дар масъалаи гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт, эҳёи пули миллии имрўза ва Суғд ном гирифтани вилояти Ленинободи онвақта  ба Сарвари давлат маслиҳатҳои худро дода буданд. Дар ҳамаи ин машваратҳо  банда низ иштирок доштам. Барои устод Лоиқ маҳаллу макону мавқеъ аҳамият надошт, он кас Инсонро мепарастиданд, ҷону дилашон, ҷигарашон аз ғаму дард ва каму костии одамон ранҷ мекашид, ҳар куҷо хории забону фарҳангро бинанд, ба дод меомаданд, шўрида мешуданд, дар ғами фардои миллат қатра-қатра чун шамъ об мешуданд. Худашон бисёр бо сўзу гудоз фармудаанд:

Дар ғами номуси миллат,

Камтарин тоҷик агар чун ман бисўзад,

Бемуҳобо, хонаи душман бисўзад!

Ҳамин худфарсоиву дилобкарданҳои устод сабаб шуд, ки мардуми намакшиносу қадрдони тоҷик шоири писандидаашро лаҳзае фаромўш намекунад. Дар маҳфилу базм ва рўзҳои ғамгинӣ ашъори устодро малҳами дарду доғҳо медонанд ва дар ҳамин баробар сурудҳои моро ҳам, ки сиришта аз ашъори ошиқонаву ормонии зиндаёд ҳастанд, бо завқ гўш меандозад. Дар ҳақиқат, шеърҳои устод Лоиқ ҷовидона шуд. Ба қавли худашон:

Аз касе як хасе намемонад,

Аз ман умри дубора хоҳад монд.

Пораҳои дили шикастаи ман –

Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.

Имрўз, бемуҳобо, номи Лоиқ Шералӣ бо вожаҳои Миллат, Муҳаббат, Шеър, Адабиёт, Санъат, Варзоб (макони писандидаи шоир) якҷо садо медиҳад. Номи шоир абадӣ ва хокашон гулфишону охираташон пурнур бод!

Ту, эй Шеъри Аҷам, бошӣ, ки бошӣ!

Алорағми адам бошӣ, ки бошӣ.

Салом, эй марди роҳи бекарона,

Салом, эй ҷовидона, ҷовидона!

Шарҳ: Нашри ин ёднома аз сӯйи расонаву нашриёти давр истиқбол мегардад ва муаллиф ин ризоиятро бо фиристодани ин матн ба ман (Фарзон Машарипов) тариқи паёмак додаанд. Ҳамчунин  паҳну ҳамвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ боиси хушҳолист. Акс аз бойгонии Афзалшоҳ Шодиев аст.

12 05 2021

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *