Илм ва фарҳангТоҷикистон

САНГНАВИШТАИ БОБУР МИРЗОИ ТЕМУРӢ ДАР МАСЧО ВА АҲАММИЙЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Обид Шакурзода, нависанда ва пажӯҳишгар

Бобур ин навиштаро ҳини гурезогурези худ аз балои лашкари Шайбониҳои узбак, дар канори чашмае дар деҳкадаи Оббурдони шаҳристони Масчо ба ёдгор гузоштааст. Дар сатҳи табии сайқалёфтаи ин санг ва дар маҳдудаи муайян (20 см x 30 см) катиба шомили шаш байт аз «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, бо хатти настаълиқ (ду мисраи мобайнӣ аз самти чап ва дигар мисраъҳо амудӣ омадаанд) ҳакк шудааст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,

Ба сарчашмае-бар ба санге навишт:

«Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

Бирафтанд, чун чашм бар ҳам заданд.

Гирифтем олам ба мардийю зӯр,

Валекин набурдем бо худ ба гӯр»!

Дар гӯшаи рости санг бо забони арабӣ чунин омада: «Ин навиштаи Бубур аст. 917 [соли ҳиҷрӣ = 1511–12-и милодӣ]». Ва Бобур Мирзо дар зери ин сатрҳо имзо гузоштааст. Вале санаи сангнавишта аз маълумоти мундариҷ дар «Бобурнома» (асари ёддоштию таърихии Бобур) тафовут дорад. Сабаби ин ноҳамгунӣ ҳанӯз рашан нашудааст, аммо ба гумони таърихшинос Аҳрор Мухторов, хато ҳангоми таснифи «Бобурнома» сар задааст. Чунки Бобур хотираҳои худро пас аз мусофиратҳои чандсола аз Мовароу-н-наҳр дар Ҳиндустон навиштааст. Бобур аз баски чандин бор ба музофотҳои Истаравша ё ба қавли худи ӯ – Уротеппа ва Масчо сафар карда буд, санаи дақиқи ҳар як аз ин сафарҳоро дар хотир надоштааст ва воқиаи соли 917 (1511–12)-и ҳиҷриро ба соли 907 ҳиҷрӣ нисбат додааст. Аз ин рӯ, ӯ дар «Бобурнома» навиштааст, ки соли 907 ҳиҷрӣ (1501–02) ҳангоми дар Уротеппа буданаш хабар расида, ки Шайбонихон шаҳри Хуҷандро ишғол карда, нийят дорад, ки Уротеппаро тасарруф намояд. Аз ҳамин сабаб Бобур ба қисмати шимол фирор намуда, ба кӯҳистони Масчо меояд.

Бобур дар «Бобурнома» навиштааст, ӯ дар Масчо ин одати кӯҳистониёнро мушоҳада кардааст, ки онҳо дар рӯйи сангҳо абёти ҷаззоб ва ё чизҳои дигареро кандакорӣ мекунанд. Сипас дар пайравӣ бо ин суннати кӯҳистониён ӯ ҳам дар чашмае, ки пойинтар аз мазори деҳаи Оббурдон воқеъ буд, дар санг ин се байти Шайх Саъдиро ба дасти худ кандааст.

Чанд сатри ёддоштии Бобур Мирзо ба рӯйи ин санг, ки шояд ниме аз баргаи маъмули коғазӣ бошад, ба масобаи як асари бузурги таърихӣ аҳаммийят касб кардааст. Овардани се байт аз «Бӯстон» нахуст шоҳиди ҷойгоҳи баланду меҳварии забону фарҳангу адаби форсӣ дар Мовароу-н-наҳр то шибҳиқораи Ҳинд аст ва аз ҷумла, донишу маҳаббати амиқу самимийи султони темуриро ба ин фарҳангу адаби ҷаҳоншумул, ба вижа ба осори Фирдавсию Саъдӣ намоиш додааст ва низ баёнгари он аст, ки ин саркардаи муғул дар ҳар ҳолу аҳволу авзоъ бо руҳияву маърифати эронӣ ё худ тоҷикӣ дам мезада ва маҳаку милоки маънавияш дар зиндагӣ донишу адаби форсию исломӣ будааст. Ҳамчунин рӯ овардани шоҳи темурӣ ба «Бӯстон»-у маҳз нақли қавл кардан аз гуфтори Ҷамшед бар сари чашмае, ки равон асту гузарони умри инсонҳову омаду рафти ононро тамошобин, ҳовии руҳияи парешону афсурдагии Бобури император дар айни шикасту сарнагунии тахту тоҷаш дар Самарқанд аст, ки он вақт пойтахти Эронзамин буд.  Ин чашмаву ин сангнавиштаи Бобур ҳамзамон шоҳиди тохтутозу кашмакашҳои саҳроиёни муғули ғосиб дар сарзамини мо ҳаст. Катибаи Бобур ҳамчунин ба он ваҷҳ осори нодиру гаронарзиши илмию адабист, ки то ҳол кӯшиши зиёди шарқшиносони ҷаҳон баройи ба даст овардани нусхаи мусаввадаи асарҳои Бубур натиҷае набахшидааст. Аммо сангнавиштаи аз Масчо пайдошуда, ягона хаттест, ки бо дасти Бобур Мирзо канда шуда, дастраси илм гардидааст ва ин ёдгорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Бобур барои такмили донишу маърифати илмию адабиии худ аз мероси гузаштагони бузурги адабиёти форсӣ ба таври вофир баҳраҳо бурдааст.

Султон Заҳируддин Муҳаммади Бобур (1483–30), аз насли паҷуми авлоди Темур, ки нахуст ҳокими Фарғона буд ва дар мубориза бо Шайбониҳо се маротиба Самарқандро аз даст доду замоне ҳам дар Кобул ҳукумат рондааст, ҳамчун поягузори сулолаи Темуриёни Ҳинд дар таърих монда. Ӯ худ зиндагии пурмоҷарои хешро дар китоби «Бобурнома» бо ҷузъиёт тасвир кардааст. Бобур аз истиқомати худ дар саргаҳи Зарафшон – дар Масчо, дар деҳкадаи Оббурдон, иттилоъ дода, ёдрас меунад, ки дар ин санги канори чашма се байте ҳакк кардааст ва онҳоро меорад.

Сангнавиштаи Бобурро як чӯпони деҳаи Оббурдон аз сари чашма пайдо намуда, ба як нафар аҳли саводи деҳа ба исми Гадомурод, ки устои хуби манзил ҳам будааст, меорад ва усто онро дар канори чашмаи Шорох мениҳад. Академик Аҳрор Мухторов дар сафари корӣ ба Ҳиндустон аз «Бобурнома» дарёфт мекунад, ки Бобур бори нахуст риши худро дар назди чашмаи Озухаки деҳаи Оббурдани Масчо тарошида ва дар санги кулула шеъри Саъдиро ҳаккокӣ кардааст ва сипас ба ин деҳа омада, ин ёдгориро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Навиштаи Бобур акнун дар Осорхонаи Бостонии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *