СиёсатТоҷикистон

Сафари аз Ворух то Маскави Эмомалӣ Раҳмон

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор

Банда аз ҷумлаи он журналистони сарсабзи мӯйсафеде ҳастам, ки нони ҳалолу номи сазоворро аз пушти касб ёфтаам ва дар баробари шукр гуфтан, ифтихор ҳам дорам. Ва ба пешвози офарину лаънат шунидан, пешакӣ гуфтанӣ ҳастам, ки мани мунаққиди ҳукумат (на давлат), бори аввал ба Эмомалӣ Раҳмон (чун Сарвари давлат) аҳсант хонданӣ ҳастам. (Дарвоқеъ, Сардори давлат ва Сардори Ҳукумат будани 1 шахс тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ аксаран боиси нофаҳмиҳо аст ва бояд, ки ин меъёри Конститутсияи ҶТ тағйир ёбад).

Чаро?

Хушҳолӣ ва қаноатмандии Банда аз сафари Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба Русия ва ширкати эшон дар Паради Ғалаба ва чорабиниҳои идона дар Маскав аст. Ҳамаи шумо шоҳид будед, ки дар Паради имсолаи Ғалаба бар фашизм аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ танҳо Президенти Тоҷикистон ширкат дошт, ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти Президенти Русия пешакӣ аз даъват нашудани сарони давлатҳои дунё ба Паради имсолаи Ғалаба ба Маскав хабар дода ва ду-се рӯз пештар, бо пайдо шудани ҳангомаҳо, даъвати расмии Президенти Тоҷикистон дар ин рӯзҳоро ба протоколи чанд ҳафта қабл тасдиқшуда рабт дода буд.

Хуб, бошад, вале сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар баробари тадбири оқилона, судманд, стратегӣ будан, рафтори инсонмандонаи Эмомалӣ Раҳмон буд. Ва дуюмин чунин рафторе, ки аз сарчашмаҳои мусалмонию гуманистӣ об мехурад.

Ёд доред, ба ҷанозаи Президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳозир шудан, пойи тобути ӯро бардоштан ва сари қабраш як каф дуо хондани Эмомалӣ Раҳмонро? Он рафтори Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи сарварони давлатҳои мусалмоннишини на танҳо Осиёи Миёна, балки олами ислом, ки дар зиндагиаш Ислом Каримовро дӯсту бародар мехонданд ва он солҳо …Тоҷикистон аз сиёсатҳои сарҳадбандию минагузории марзу зиндаҷудо кардани хешу ақрабои ду ҷониби марзи  Ислом Каримов ба дод омада буд, ҳамаи ин китфи Сарвари далати Тоҷикистонро хам мекард, ҷавонмардона ба ҷанозаи ӯ рафт ва паҳлуи роҳбарони кишвари ҳамсоя қарор дошт. Ҳикмат: Ҳамсояро интихоб намекунанд, ҳамсояро Худо фармудааст!

Натиҷаашро ку ёд доред. Ҷавонмардии Сарвари нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ростои тасмими кушодани марзҳо, рӯбучини минаҳо аз сарҳади Тоҷикистон, роҳи сафед кушодан ба ҳамсоягарии нек, барқарор намудани ҳамкорию ҳамдастии ҳасанаи давлатии ҷумҳуриҳои  ҳамсоя, аз пештара бештару беҳтар рушд додани равобити хешу таборӣ ба ана ҳамон рафтори ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмон асос меёфт. Шахси оқил ишораи оқили дигарро мефаҳмаду кафи дасти моил ба вохӯриро мефишорад.

Ба сафари Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баргардем.

Сафари мазкур дар пасманзари якчанд воқеҳои рӯйдодаву равандҳои ояндаи вобаста ба Тоҷикистон сурат гирифт. Маҳфили пешистодаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои ОДКБ, ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе, ки раисии давраӣ ба дӯши Тоҷикистон аст, тадорукоти беруншавии нерӯҳои низомии Амрико ва ёронаш аз Афғонистони ҳамсоя, ки Тоҷикистон дар ин амр масъулият дорад, нооромию муноқишаҳои рӯзҳои охири наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон силсилаҳалқаҳои проблемаҳо ҳастанд, ки бегумон, баррасии батафсили сарварони кишварҳои ҳамсуд, ба хоса Русияю Тоҷикистонро тақозо доранд. Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки сафари Президенти Тоҷикистон на барои худнамоӣ, на барои рашки дигар ҳамтоён, на ба рағми ҳамтоёнаш аст, балки аз эҳсоси вазъи сиёсию иҷтимоии минтақа ва масъулиятшиносӣ ҳасту бас!

Албатта, дар шароити феълӣ, ки ҳамлаи дигарбораи КОВИД-19 дар ақсои олам маҳфилу ҳамоиш, мулоқоти рӯбарӯйи ҳамсуҳбатонро маҳдуд сохтааст ва барои гирдиҳамойии сарони кишварҳо новобаста аз муҳимияти масоили муҳимтарин низ садди роҳ ё баҳонае ҳаст, ба Паради низомӣ ва чорабиниҳои Рӯзи Ғалабаи умумишӯравӣ ба Маскав ташриф наовардани сарони кишварҳои пасошӯравиро касе айб намеҳисобад. Ва тавассути суҳбатҳои онлайнӣ баррасӣ намудани масоили байнидавлатӣ ва минтақавӣ ҳоло “мӯд” шудаасту ба амали муқаррарӣ табдил ёфтан дорад.

Вале сафари  Президенти Тоҷикистон ба Маскав, суҳбату ҳамроҳӣ бо Президенти Русия Владимир Путин (бидуни ниқоби тиббӣ) дар Паради низомӣ ва гулгузорӣ ба хотираи шаҳидони роҳи озодии Ватани умумӣ дар оромгоҳу санги сари қабрҳои аскарони беноми Ҷанги Бузурги Ватанӣ рамзе аз ҳамдигарфаҳмӣ, умед ба ҳамзистии осоишта ва ҳамгироии кишварҳои ҳамсуд аст.

Бошад, ки бениқобӣ дар сиёсат ба расми давлатмардону сиёсатмадорон табдил ёбад ва рафтори ҷавонмардонаи Президенти Тоҷикистон вокуниш ва идомаи сазовори амали ҳамтоёнашро ба бор оварад!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *