ВарзишТоҷикистон

Ситораи «Истиқлол»-и Тоҷикистон РУСТАМ ЯТИМОВ: ЭРОН, ХЕЛЕ ДӮСТАТ ДОРЕМ!

(суҳбати Муҳаммади ҲИММАТӢ, хабарнигори эронӣ, бо футболбози тоҷик ҳамроҳ бо чанд акси Рустам)

Хабарнигор пеш аз гуфтугӯ овардааст, ки рӯёрӯийи «Перспулис» бо «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳалаи якҳаштумниҳоии Лиги қаҳрамонони Осиё ҷаззобийяти ин тимро ба футболдӯстони эронӣ афзоиш додааст. Аммо ҳатто пеш аз он низ теъдоди эрониҳое, ки намояндаи шаҳри Душанберо пайгирӣ мекарданд, кам набуданд, онҳое ки ба воситаи фарҳанги муштарак суроғи «Истиқлол»-и Тоҷикистонро мегирифтанд. Ва иҳтимолан онҳо Рустам Ятимов, дарвозабони ин тимро мешиносанд, аммо барои бақия ӯро бояд яке аз омилҳои суъуди «Истиқлол»-и Душанбе ба марҳалаи ҳазфии Лиги қаҳрамонони Осиё муаррифӣ кард: дарвозабони 22-солае ки бо 5 сев дар дидор бо «Ал-ҳилол» нақши бузурге дар пирӯзии 4 : 1-и тимаш ифо кард.

Хабарнигор оварда, дар гуфтугӯ бо Рустам Ятимов, ки бисёр хушсуҳбат аст, аз Лиги қаҳарамонон оғоз кардем ва ба муқоясаи «Перспулис» расидем ва ҳам ин шуд, ки баҳс ба футболи Эрон кашида шавад. Ин ки оё «Истиқлол»-и Эронро мешносанд? Ҳамтимиҳояш дар тими миллиро чӣ? Ва алабтта санҷиши мизони алоқамандии Рустам ба ҳузур дар тими эронӣ.

СУОЛ: *Суъудатон боварнакарданӣ буд. Худат тасаввурашро мекардӣ?

РУСТАМ: Содиқона хоҳам бигӯям, қабл аз вуруд ба мусобиқот тардид (шак) доштам. Аммо баъд аз бозии аввал (бо «Шабоб-ал-аҳлӣ») ин тардидҳо нопадид шуданд. Мо фаҳмидем, ҳадафмон чист ва ба самташ рафтем. Кодри фаннӣ вазифаҳои ҳар фардро мушаххас кард ва ҳар кудом аз мо дар ин чаҳорчӯб ҷангидем.

СУОЛ: Бозии охирро бохтед, аммо ногаҳон хабари шикасти «Ал-Ҳилол» омад ва суъуд кардед. Чӣ ҳиссе доштед?

РУСТАМ: Як ҳисси дугона буд ин ки бохтӣ, аммо суъуд кардӣ. Ман дар бораи худам агар бихоҳам бигӯям, дар бозии охир воқиъан хуб набудам, яъне аз худам ризоят надоштам.

СУОЛ: Дар охир ҳам болотар аз «Ал-Ҳилол» қарор гирифтед. Яъне болотар аз тиме, ки ҷузви беҳтаринҳои қораи Осиёст.

РУСТАМ: Бале, албатта ки хуб аст. Албатта мо хушҳолем аз ин ки болотар аз АЛ-ҳилол истодем. Аммо ба ҳар ҳол мо як ҳадаф доштем ва он ҳам садрнишинӣ буд. Фарқе надошт ба чӣ тиме дар гурӯҳ бошад.

СУОЛ: Як бозии аҷибе ҳам дар муқоили «Шабоб-ал-аҳлӣ» доштед.

РУСТАМ: Аслан қобили тавсиф нест, наметавонам иҳсосамро бигӯям. Мо дар дақиқаи 95 метавонистем шикаст бихӯрем, аммо дар дақиаи 96 баранда шудем! Боварнакарданӣ буд. Барои ҳамин аст, ки футболро хеле дӯст дорам. Чун то охирин лаҳза бояд биҷангид.

СУОЛ: Беҳтарин лаҳзаи Лигаи қаҳрамонон бароят чӣ лаҳзае буд?

РУСТАМ: Ҳамон бозӣ бо «Шабоб-ал-аҳлӣ».

СУОЛ: Дар марҳалаи ҳазфӣ ҳам ба «Перспулис» дучор омадед.

РУСТАМ: Бале, ин бозӣ чаҳор моҳ баъд аст ва ман воқиъан ба он фикр намекунам. Мо мусобиқоли лиги худро дорем ва алабатта мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳониро дар моҳи оянда ҳам, ки бисёр аҳаммийят дорад. СУОЛ: Фикр мекунӣ, суъуд кунед?

РУСТАМ: Умедворам, корамон сахт аст, амо Лиги қаҳрамонон намунаи хубе ба мо дод.

СУОЛ: Оё муҳоҷимони «»Перспулис–ро мешиносӣ?

РУСТАМ: Ман воқиан дар бораи ин мавзуъ наметавонам суҳбат кунам, чун фикрам ҷойи дигарест, мусобиқоти лиги худӣ ва Ҷоми ҷаҳонӣ. Албатта «Перспулис» беҳтарин хатти ҳамлаи марҳалаи гурӯҳиро дорад ва ҳатман тими қавиест.

СУОЛ: Чӣ касонеро аз футболи Эрон мешиносӣ?

РУСТАМ: Бо он ки ба қудрати футболи Эрон ошностам, чизе дар мавриди афроди шохиси он нашунидаам. Ман аз дарвозабонҳои Эронӣ Алиризои Биронвандро мешиносам ва ҳамчунин Амири Обидзодаро. Ҷузви беҳтарин дарвозабонҳои Осиё ҳастанд.

СУОЛ: Агар пешниҳоде аз Эрон дошта бошӣ, қабул мекунӣ?

РУСТАМ: Футболи Эрон сатҳи болое дорад ва ба ҳамин хотир бозикунони зиёде аз Эрон дар Аврупо бозӣ мекунанд. Мо тими зери 23-сол муқобили Эрон бозӣ кардем ва ёдам меояд ки аз назари баданӣ чӣ қадар қавӣ буданд. албатта 2 – 1 баранда шудем. Дар бораи суолатон, бале, чиро на!

СУОЛ: Исми ту Рустам аст. медонӣ, ки ин исм як шахсийяти устураӣ дар «Шоҳнома» аст?

РУСТАМ: Бале, албатта ки медонам! Дар мактаб ҳам филмҳое дар бораи Шоҳнома дидаам. Як шоҳкори беназир аст.

СУОЛ: Агар бародаре дорӣ, исми он ҳам аз «Шоҳнома» аст?

РУСТАМ: Ман фарзанди якка дар хонавода ҳастам.

ДАР ПОЁНИ МУСОҲАБА: НУКТАИ ДИГАРЕ ДОРӢ?

РУСТАМ: Мехоҳам бигӯям, виқиъан аз ҳаводорни эронӣ муташаккирам. Мо медидем, ки онҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ чӣ менависанд ва чӣ қадар хушҳол ҳастанд. Ин барои мо ҳам хушҳолкунанда буд ва дӯст дорам бинависед ки мо онҳоро хеле дӯст дорем.

МУСОҲАБА аз Муҳҳаммади Ҳимматӣ.

Аз саҳифаи адиб  Обид Шакурзода

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *