ТоҷикистонҶомеа

Соҳибкорони ворухӣ беш аз ₽2,2 млн ба зарардидагони низоъи марзӣ кумак кардаанд

Соҳибкорони ворухӣ, ки дар Русия ба сар мебаранд, ба хонаводаҳои қурбониён ва хисоротдидаи даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва як соҳибкори дигар ба таври ҷудогона 510 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол кардаанд.

Зубайдулло Шомадов, масъули дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ин соҳибкорон дар замони хуруҷи коронавирус низ 1,5 миллион сомонӣ маблағ барои харидорӣ, овардани доруворию таҷҳизоти тиббӣ, таъмири беморхонаи деҳа, сохтмони ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҷомашуихона фиристода буданд. Ӯ гуфт баъди даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел, ки даҳҳо қурбониву захмӣ бар ҷой гузошт соҳибкорони ворухӣ гуфтаанд хонаводаи онҳоро дар Исфараву Хатлон ва дигар манотиқи кишвар, ки ҷони худро дар ҳифзи марзи Чоркӯҳу Ворух аз даст доданд ё захмӣ шуданд танҳо намегузоранд.

“Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”-

Ба гуфтиаи ӯ инчунин рӯзе пеш, 6-уми май як соҳибкори Ворух аз Русия ба 19 хонаводаи қурбониёни муноқишаи марзӣ, ки аз Чоркӯҳу Ворух, Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд 510 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ интиқол додааст.

“Аз ин маблағ ба хонаводаи ҳар 19 нафар қурбонӣ  15 ҳазор сомонӣ, ба 33 хонаводаи захмишудаҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 6 нафар, ки дар ҳолати вазнини захмиву бистарӣ ҳастанд 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкор  Сорбон Савриддинов фиристода шудааст”.

Чанд рӯз пештар низ Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида буд ва ба 87 захмии ин даргириҳо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ёрии моли расонида шудааст.

Бино ба маълумоти расмие, ки дафтари мартбуоти раиси вилояти Суғд дар як хабарномаи расмӣ нашр карад шумори кушташудаҳои Тоҷикистон  дар даргириҳои марзӣ 19 нафар ва шумори захмиҳо 87 нафар аст.

Фаридун Раҳимӣ, Хабар (Новости)

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *