Осиёи МарказӣСиёсат

Суҳбати телефонии Сергей Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон

1 майи соли равон бо ташаббуси ҷониби Русия гуфтугӯҳои телефонӣ байни Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров ва вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Р.А.Қазоқбоев ва Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Мухриддин баргузор гардиданд.

Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбат масъалаи  вазъият пас аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Русия созишномаи ба тавофуқрасидаро мувофиқи дастури сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кардани муноқиша истиқбол мекунад. Изҳори умед  карда шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро ба манфиати комилан ба эътидол овардани вазъ ва барқарор кардани фазои эътимод ва ҳамсоягии неки байни ду халқи бародар бемайлон иҷро хоҳанд кард.

Русия омодааст минбаъд низ тибқи принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқ бо Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ин раванд ҳама кӯмаки заруриро расонад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *