Илм ва маорифТоҷикистон

Тассурот аз тамошои филми мустанади “Нисор”

Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгар

В. И. Ленин гуфта буд, “барои мо аз ҳамаи ҳунарҳо муҳимтаринаш кино аст”. Шояд ба ин далел аст, ки “Хонаи кино” дар замони шӯравӣ дар маркази Душанбе қарор дошт ва акнун, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол кино ҳам чандон муҳим нест, “Хона”-ашро бурдаанд ба канори пойтахт (воқеъ дар кинотеатри Зебуннисо). Ва ман барои он ки ба нахустнамоиши филми “Нисор”-и режиссёр Сафарбеки Солеҳ биравам, аз манзил то он ҷо ҳудуди якуним соат сарф кардам.

Бигзарем….. Аз моли дунё он чӣ ба мо расидааст, ҳамин вақт аст ва то замоне ки аб ихтиёри мо додаанд, чи туре ки мехоҳем, мегузаронем. Ва аммо ин якуним соат арзиши онро дошт, ки барои расидан ба Хонаи Кино сарф бишавад ва ҳудуди чиҳил  дақиқа низ  барои дидани филм.

Филми мустанади “Нисор”  мухтасар аз рӯзгор ва фаъолиятҳои сиёсӣ ва маърифатпарварии  Нисор Муҳаммади афғон ҳикоят мекунад; марде ки  дар канори Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев,  Чинор Имомов аз як сӯ ва  Садриддини Айнӣ, Аббос Алиев,  Саидризо Ализода, Вадуд Маҳмудӣ, Абулқосими  Лоҳутӣ дар амри ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зуҳуру тақвияти матбуот ва нашриёти ҷумҳурии навташкили тоҷикон хидматҳое босазое кард ва дар ин роҳ ҷонашро ба қурбонӣ  дод.

Аз техникаи филмофарӣ, бандубаст, дидгоҳи режиссер чизе намегӯям, ин корро беҳтар аз ман синемошиносон  ва муҳаққиқони ҳунар метавонанд анҷом бидиҳам.   Аз таассуроте мехоҳем бигӯям, ки ин  мустанад бар қалбу мағзам гузошт ва ангезае шуд барои андешаҳои иҷтимоӣ.

Аввал, мавзуи қадршиносист! Аз ин лиҳоз, филми Сафарбек хеле саривақтӣ ва замонавист.  Дар замоне офарида ва ба намоиш гузошта шуд, ки назари нигилистӣ ба Торих ва қадрношиносии чеҳраҳои фарҳангӣ ва адабӣ дар ҷомеъаи Тоҷик бедод мекунад. Намехоҳам зиёд ҳарф бизанам, бо ин иктифо мекунам, ки мо тоҷикони муосир бинои театри Маяковскийро бе ҳеч дареғу  афсус хароб кардем;  дақиқатр бигӯям,  давлатамон хароб кард ва миллатамон тамошобин шуд. Дар ҳоле, ки ин бино Торихитарин иморати пойтахти Тоҷикистон буд; ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил шудани Тоҷикистони Шӯравиро нахуст бор дар ин бино эълом карда буданд. Онҳое, ки ҳамарӯза аз истиқлоли Тоҷикистон лоф мезананд, эҳтимол ба гӯшаи хаёл ҳам наоварданд, ки агар Тоҷикистони шӯравӣ набуд, давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки акнун узви комилҳуқуқи СММ аст, низ ташкил намеёфт. Ва гара Чунончи, давлате ба номи Тотористон вуҷуҷуд надорад, агарчи ҷамъияташ хеле бештар аз Тоҷикистон аст.   Хулоса, тамошои ин филм ин амрро бори дигар таъкид кард, ки мо тоҷикон чандон мардуми қадршиносе нестем, ҳарф бисёр мезанему кор камтар мекунем, гапамон дигар ва рафторамон дигар аст, хотираи торихии қавӣ ҳам надорем. Ҳоло барои мисол ба кӯчаҳои Душанбе бираведу аз сад роҳгузар бипурсед, ки Нисор Муҳаммад кӣ буда, мутмаинан 98-99 нафар посухе дуруст нахоҳанд гуфт……

Дигар зулмпарварӣ ва золимдӯстии мо тоҷикон аст.

Медонем ва дар ин филм бори дигар таъкид шуд, ки ҳамаи онҳое, ки дар таъсиси Ҷумҳурии  Тоҷикистон саҳм доштанд, дар солҳои 30-юм, солҳои истибдодии ҳукумати Сталин кушта шудаанд: Шотемурро куштанд, Нусратулло Махсумро куштанд, Абдураҳим Ҳоҷибоеву Чинор Имомовро куштанд, Абдулқодир Муҳиддинову   Аббос Алиевро куштанд….. Ва Нисор Муҳаммадро низ куштанд….. Ва баъди ин ҳама, тоҷик вақте ки Сталин мегӯяд, аз даҳонаш асалу шакалод мерезад; Худо накунад, ки интиқоде аз Сталин бикунӣ, аз гиребонат мегирад, ангор ки падарашро душном додаӣ!  Тоҷикони мо хеле мардуми эҳсосӣ ҳастанд; эҳсосӣ будан хоси бачагону ҷавонон аст ва дар ҳайрат мемонӣ, ки чи тавр ин қавми пир ҳанӯз ҳам дар  даврони бачагӣ қарор дорад ва хеч намехоҳад ва ё наметавонад бузург шавад.   Тоҷикони моро ҳама ифтихору ғурурашон аз Сталин ин аст, ки  чанд ҳарфе дар бораи мо гуфтааст: “Тоҷикон мардуми қадимтарини Осиёи Миёна ҳастанд…. Суннатҳои фарҳангии онҳо аз замони Фирдавсӣ шуруъ мешавад…. Тоҷикон ӯзбаку туркман нестанд, дигаргунаанд….” ва ғайраву ҳоказо.  Инро плакат карда ҳам чоп кардаанд, ҳар замон ки қирғизҳо ба марзи мо ҳуҷум меукнанд,  ҳар гоҳ ки “олими” навбатии  ӯзбак алайҳи тоҷикон сухане мегӯянд, ё  Сардори туркманҳо ба мошинҳои тоҷикон иҷозаи убур аз хокашро, ки  ватани аҷдодии мост,  намедиҳад, тоҷикон ин гуфтаҳои Сталинро ба рухи ҳарифон мекашанд….. Ана бибин, ки мо кӣ будему шумо кистед? Бибин, Сталини муаззам дар бораи мо чӣ гуфта?!   Хомӯш бош, даҳонатро банд!

Ҳеч фикр накардаем, ки идеологи табартақсими Осиёи Миёна ҳамин Сталин буд. Ҳамин Сталин буд, ки  мо ҳама марказҳои фарҳангиамонро аз даст додем ва дар деҳае пойтахт сохтем.

Ва аслан ин суханони  Сталин ҳам дар нишасте гуфта шуда,  нӯшбодест, ки дар маросими зиёфат барои иштироккунандагони Даҳаи ҳунари тоҷик дар Маскав гуфта шуда ва мисли ҳамаи нӯшбодҳо ҳарфҳои таъоруфисту бас.  Ва агар Бобоҷон  Ғафуров набуд, ки ба Брагинский ишора кард, ҳарфҳои доҳиро сабт бикунад ва баъдан аз дафтари Брагинский ба сафҳаи “Правда” роҳ ёфт, ҳоло хеч касе ҳам аз он хабар надошта буд.   Шояд Сталин беҳтар аз ин суханонро  дар бораи  ӯзбакон ё қазоқон гуфта буда, вале онҳо он замон  Ғафурову Брагинский надоштанд, ки он суханонро сабт кунаду ба “Правда” таслим бикунад……

Аммо сухан фаротар аз Сталин аст, сухан аз зулмпарварию золимдӯстии тоҷикон аст, ки мутаасифона, тақрибан ба хӯйи миллии мо бадал шудааст.  Қавми зулмпарвар қавми мазулм аст. Ва то золимпарвариро раҳо накунем, қавме озода ва озодидӯст нахоҳем шуд ва то замоне ки  озодидӯст нестем, ҷойамон дар паси саҳнаи Торих аст.

Тамом….. Сипос аз Сафарбеки Солеҳ!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *