СиёсатТоҷикистон

Тоҷикистон омори кушташудагон ва захмбардоштагони муноқишаи марз бо Қирғизистонро эълон кард

Тоҷикистон омори ҷонбохтагон ва захмиёни задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистонро  ба таври расмӣ эълон кард.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ҷони худро аз даст дода, 87 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Феҳрасти ҷонбохтагон номҳои  сокини Ҷамоати деҳоти Сурх – Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ – Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Иброҳим Ҳошимзода, Нусратулло Набиев, Ҳакимбой Ниёзов, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух – Меҳрӯзиддин Болтаев, сокини шаҳри Конибодом –  Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Умедҷон Юсуповро дар бар гирифтааст.

Дар рӯйхат ҳамчунин номи истиқоматкунандагони навоҳии дигар, асосан низомиён – Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич, Сафархӯҷа Ҳасанов – сокини ноҳияи Фархор, Аслиддин Абдузамонов – сокини ноҳияи Нуробод, Ғафурзода Некризи Набӣ – сокини шаҳри Турсунзода, Салоҳиддин Гадоев – сокини ноҳияи Ховалинг, Раҷабзода Маҳмадулло Раҷаб – сокини ноҳияи Муъминобод, Абдулло Саидов – сокини ноҳияи Нуробод ҳам зикр шудааст.

Ҳукумати вилояти Суғд ҳамчунин эълон кард, ки дар  ба хонаводаҳои ҳалокшудагону захмиён аз тарафи ҳукумат дар маҷмӯъ ба миқдори  3 миллион сомонӣ кумак расонида шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *