СиёсатТоҷикистон

Чаро мо то ҳанӯз фарҳанги муборизаи сиёсиро наомӯхтаем?

Шаҳобуддини Шуҷоъ, рӯзноманигори озод

Чанд рӯз қабл навори яке аз фаъъолон ва мубаллиғони  Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин “Бешарафонро шиносед! (қисми 3)” ба дастам афтод ва бо тақозои касби рӯзноманигориям онро тамошо кардам. Ин навор дар бораи аъмоли  аъзои хонаводаи Президенти Тоҷикистон ва чанд тан мансабдорони кишвар нақл мекунад. Ростӣ пас аз тамошои он то дер гоҳ худро бад эҳсос намудам. Ба ҳолати бади равонӣ афтоданам на аз он сабаб буд, ки қаҳрамонони ин “мустанад”, фарзандону домодҳои Эмомалӣ Раҳмон барои кайфу сафои худ ва андӯхти сарват  ба чӣ аъмоли зишту бад ва ғайриинсонӣ  ва қатлу ғорати  мардум даст мезананд, балки аз он сабаб рух дод, ки муаллифи он чӣ масоилеро мавриди баррасӣ қарор додааст. Кас аз шунидани лафзи гӯянда тасаввур мекунад, ки ягон филми фаҳшро мебинад. Дар ин филм танҳо навору аксҳои қаҳрамонон аз саҳнаҳои муносибати шаҳвонияшон  намерасанд, дигар ҳама ҷараёни  воқеаҳо аз рӯи нақли гӯяндаи он, ки воқеан ҳам ровии хуб аст, пеши чашми бинанда саҳнаҳои фисқу фуҷури филмҳои сексро ҷилвагар месозад. Ман дар бораи ҷузъиёти “мустанад”-и  Муҳаммадиқболи Садриддин  таваққуф намекунам, балки гуфтанӣ ҳастам, ки агар фарҳанги муборизаи сиёсии намояндаи як ҳизби сиёсӣ, ки даъвои ҳокимият мекунад, ин бошад, пас вой бар ҳоли мо! Ба ҳарамхонаи зиндагии шахсии дигарон даромадан ва аз боби зиндагии пасипардагии онҳо бо чунин тарз сухан гуфтан на дар чаҳорчубаи ахлоқи инсонӣ, на дар чавкоти ахлоқи диниву миллӣ  ва на дар қолаби фарҳанги сиёсӣ намеғунҷад. Ҳол он, ки Муҳаммадиқболи Садриддин намояндаи ҳизби сиёсиест, ки номаш вожаи “ислом”-ро дар худ дорад. Магар фарҳанги исломӣ таълим медиҳад, ки мо дар бораи дигарон, ҳатто рақиби худ  чунин суханони қабеҳ ва зиштро ба забон оварем?

Ба чунин аъмоли зишт даст задани  қаҳрамонони навор, аҳли хонаводаи Президент ва мансабдорони кишвар шояд то ҷое воқеият дошта бошад, вале онро дар муборизаи сиёсии худ ҳамчун силоҳ истифода бурдан обрӯи як ҳизби сиёсиро паст мазанад.  Баъдан барои дар чашми мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани симои воқеии ҳукумати хонаводагии Раҳмон ба ҳарамхонаи зиндагии онҳо дохил шудан ва аз боби достонҳои маҳрамонаи онҳо сухан гуфтан шарт нест: ҷинояту қонуншиканиҳои дигари онҳо, ки боиси ба ғорат рафтани сарвати миллат, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, муҳоҷир шудани миллионҳо нафар шаҳрвандон шудааст,  барои офаридани садҳо филму навор ва мақолаву китоб басанда аст.

Ба назар мерасад, ки ин навор ва навору барномаҳои дигари Муҳаммадиқболи Садриддин ҷавобе ҳастанд ба  ҳамин гуна аъмоли зишти Ҳукумати Тоҷикистон, ки тавассути “фабрикаи ҷавоб” ва гурӯҳи “Авангард” бар зидди мухолифини худ роҳандозӣ  мекунад. Чанде пеш телевизиони Тоҷикистон дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барномаеро нишон дод, ки дар он сухан аз боби ҳамҷинсгароиву бачабозӣ меравад. Аз чунин шеваву усули паст кор гирифтан  дар муборизаи сиёсӣ аз як тараф заъфи Ҳукуматро  нишон диҳад, аз тарафи дигар баёнгари сатҳи пасти маънавиёт ва хиради сиёсии ин низом аст. Аз ин ҷост, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақоли “чи гуна салом ҳамон гуна алейк” рафтор карда, саҳнаи муборизаи сиёсиро якҷо бо Ҳукумати Тоҷикистон ба саҳнаи муноқишаи фоҳишаҳо монанд кардаанд.

Таҳқиру дашном ва ҳатто таҳдид  дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо на танҳо  ба як   шеваи хоси муборизаи сиёсии бисёре аз чеҳраҳои ҷаълӣ (фейкҳо), фабрикаи ҷавоб  ва ифротиҳо табдил ёфтааст , балки бархе аз шахсиятҳои шинохтаи илмиву фарҳангӣ низ дар баҳсу мубоҳисаҳои сиёсиву илмӣ ва  фарҳангияшон низ дар муқобили андешаи дигар таҳаммулпазир нестанд ва аз дашному алфози қабеҳ ва новазо  кор мегиранд.  Аз хондани комментҳо ва шарҳи бисёре аз онҳо кас ба даҳшат меафтад.

Дар саҳнаи муборизаи сиёсии мухолифин  барномаву усули фаъъолияти  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  нисбатан ҷиддитар ба назар мерасад. Аз тамошои барномаҳои ин ҳаракати сиёсӣ метавон пай бурд, ки “Гурӯҳи 24” дар роҳи муборизаи сиёсӣ тадриҷан таҷриба пайдо менамояд ва фарҳанги  ин муборизаро меомӯзад. Ман боре надидаам, ки дар барномаҳои онҳо сухан аз боби зиндагии маҳрамонаи рақибони сиёсияшон рафта бошад, балки борҳо шоҳиди он шудаам, ки ровиёну муҷриёни барномаҳои ҳаракат ҳангоми пахши мустақим ба дашному таҳқирҳои фабрикаи ҷавоб ва тарафдорони ҳукумат сухани қабеҳ нагуфтанд ва одоби муоширатро риоя карданд. Ҳамчунин онҳо то ҷое роҳ намедиҳанд, ки ширкаткунандаҳои барномаҳояшон аз хатти сурхи ин одоб убур карда,  алфози қабеҳро ба забон оранд. Муборизаи сиёсӣ саҳнаи дашному ғайбат ва  таҳқиру дасиса нест, он фарҳанги худро дорад!

Дар охир интизорам, ки коршииносон ва корбарон дар ин бора назари худро иброз намоянд.

Related Articles

2 Comments

  1. Албатта дар сиёсат бояд ҳама якранг набошад, аммо ҷавоб додани фаҳш бо фаҳш ин нишондоди заъфи ҳардуҷонибро нишон медиҳад. Ман фикр мекунам, ки мухолифон то ҳол дарк накарданд кадом раванди ҳукматдориро пешмегиранд, агар дарк мекардад ба мисли ҳукумат рафтор намекарданд ва як интихоӣи нав ӣарои мардум мегузоштанд.

  2. Салом,
    Мо баробар ба оне ки масунияти мубориза бурдандро дорем барои халқ ҳамчун муаллим низ ҳастем!чаро ки мо даъво дорем ки чашми халқро боз кунем ва онҳоро ҳамчун сиёсатшинос омода созем, яъне дар роҳи илми сиёсат мо муаллими халқ ҳастем аз ин лиҳоз мо ҳақ надорем ба халқ сиёсат ё гуфтр ё кирдори ношоям биомӯзем! Бино бар ин ман ба навиштаҳои шумо мувофиқам!

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *