Илм ва маорифТоҷикистон

«ШАШМАҚОМ» ЯК МАҚОЛАИ ГУМШУДАПАЙДОИ УСТОД АЙНӢ

Дар осори гаронмояи устод Садриддин Айнӣ пояҳои ташаккули аксари илмҳои имрӯзро дидан мумкин аст. Барҳақ, устод нахустин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва пештози арсаи илму адаб буданд. Бавижа, илми мусиқишиносии тоҷик низ аз аллома Айнӣ шурӯъ мешавад.

Устод дар бораи санъат ва мусиқӣ мақолаҳои «Санъаткори бузург» (Ба рӯзи марги Ҳоҷӣ Абдулазиз), «Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик», «Ба санъаткорони тоҷик» ва «Шашмақом» офаридааст, ки ҳар яке аз аҳамияти баланди илмӣ – публитсистӣ бархӯрдоранд.

Ҳоло сухан дар бораи сарнавишти як мақолаи адиб – «Шашмақом» меравад, ки ҳамчун сарсухан ба чопи пурраи ҷилдҳои «Шашмақом» иншо шудааст. Дар мақола устод таъкид варзидаанд, ки ин сарсухан аст. Мураттибони куллиёти нависанда қайд кардаанд, ки ин мақолаи фарогирро устод соли 1948 бо хоҳиши раёсати санъат навиштааст. Аммо бо сабабҳои гуногун мақола дар вақти таъйиншуда омода намешавад ва аз нашри пурраи китоби бисёрҷилдаи «Шашмақом» берун мемонад. Минбаъд варианти тоҷикии он гум шуда, тарҷумаи таҳтуллафзӣ боқӣ мемонад. Ин тарҷумаро бо баъзе тағйироти услубӣ 24 декабри соли 1956 дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» дарҷ мекунанд.

Соли 1958 шогирди содиқи устод Айнӣ Раҳим Ҳошим дар моҳномаи «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») тарҷумаи тоҷикии «Сарсухан» – ро чоп кард. Ҳарчанд варианти русӣ ва ҳам тарҷумаи тоҷикии матлаб интишор ёфтаанд, аммо нусхаи асл ва мазмуну муҳтавои он барои пажӯҳишгарон чанд муддат муаммо боқӣ монд.

Шогирдону мухлисон ва санъаткорони тоҷик дар орзуи ба даст овардани нусхаи асл мегаштанд ва ниҳоят баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ба санъаткори бузурги тоҷик Фазлиддин Шаҳобов муяссар мешавад, ки дастхати муаллифро ба даст оварад ва онро ба матншиносону мураттибони куллиёти устод Айнӣ таслим кунад.

Устод дар ин мақолаи гаронмоя бинобар камчин будани маълумот доир ба таърихи мусиқӣ то аҳди ислом ва дастрас набудани онҳо «баъзе нуктаҳои баъд аз исломияти вайро таъкид карда» мегузарад. Дар оғози матлаб як нуктаи ҷолибро таъкид мекунад: «Мусиқаи халқи тоҷик бо адабиёти классики вай баробар тараққӣ карда ва ривоҷ гирифта омадааст ва як қисми шоирони тоҷик, ки дар шеър ном баровардаанд, дар мусиқа ҳам мутахассис будаанд. Ҳатто баъзе аз онҳо шеъри худро худ бастакорӣ карда (ба оҳанг дароварда), бо созу суруд худ месароидаанд».

Аз ин қайди устод ба мо ошкор мешавад, ки адабиёти классикӣ ва мусиқӣ дар гузашта ва ҳатто то замони рӯзгори адиб ҷонпайванд будаанд ва имрӯзҳо як андоза аз ҳамдигар фосила гирифтаанд. Ҳамин фосила сабаб шуд, ки на танҳо ба жанрҳои дигар, балки дар шашмақом низ матнҳои суст ва каммоя раҳ ёбанд.

Дар ин маврид ба аввалин шоири сурудсарои тоҷик Абулҳафзи Суғдӣ ишора мекунад ва маълумот медиҳад, ки ӯ асбобе бо номи «Мусиқор» ихтироъ кардааст. Устод дар такя ба мисраи «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт» зикр мекунад, ки Одамушшуаро низ аз илми мусиқӣ баҳравар будааст.

Ҳамин минвол, аз «Рисолаи мусиқӣ» – и Мавлоно Ҷомӣ то осори Аҳмади Дониш тадриҷан таваққуф карда, собит мекунад, ки илми мусиқӣ ва бахши муҳими он – шашмақом бо фарорасии исломият ҳаргиз ба сустӣ ё нестӣ мувоҷеҳ нашуд, балки бо ғанӣ гардидани таркиби шеъри тоҷикии порсӣ ба марҳилаи нави ташаккул расид.

Адиб дар аксари асарҳои худ аз шашмақом ва сарояндаҳои мардумӣ ёд мекунад. Бавижа, дар «Ёддоштҳо» ба манзараҳое вомехӯрем, ки аҳли дил як ҷо ҷамъ омада, бо танбӯру тору дойира базми суруд барпо мекарданд ва аз шом то субҳ домони мусиқӣ буду дастони эшон.

Устод дар рафти баёни матлаб ба як чизи бисёр ҳассос ишора мекунад, ки имрӯз низ ҳамчун муаммо боқӣ мемонад. Ин ба адвор (нота) шомил кардани шашмақом аст. Олим бо таассуф меафзояд, ки яке аз сабабҳои то ба мо нарасидани ҳама мақом ва оҳангҳои шашмақом сабт нашудани онҳо буд. Дар ин маврид, имрӯз низ муаммо ба чашм мерасад. Зеро шашмақомсароёни бузурги мо, ба истиснои чанд кас имкон надоранд ё камҳавсалагӣ нишон медиҳанд, оҳангҳои худро бо сифати баланд дар фиттаҳо (диску дискетҳо) сабт намекунанд.

Сабт дар студияҳои вижа бисёр нархи гарон дорад. Аз ҳамин хотир, Вазорати фарҳанг ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ фармуда, намунаҳои беҳтарини шашмақомро фиттабандӣ кунад, барои таърихи ояндаи илми мусиқӣ кори бузурге мешуд.

Агар мо бо ин роҳ расман оҳангҳо, пардаҳо ва мақомҳои навро кашф ва бо номи миллати худ муаррифӣ кунем, аз тарафи дигар ҳазорҳо армуғони монданӣ барои сайёҳон таҳия мешавад. Дар ин росто, Кумитаи рушди сайёҳӣ низ метавонад ибтикороте дошта бошад.

Дар маҷмӯъ, устод Айнӣ дар ин мақола ба муҳимтарин масъалаҳои шашмақом руҷӯъ карда, барои ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои судманд баён мекунад.

Беҳтарин пешниҳоди адиб дар он ифода меёбад, ки шашмақомро кашфи мардум медонад ва ба халқ наздик кардани ин падидаи муҳими санъатро таъкид меварзад. Ба ин мазмун навишта, ки шашмақомро одамони саводи мусиқӣ ва маълумоти махсуснадошта, барои дили худ бо завқи баланд иҷро карда, як қисмати онро шифоҳӣ то ба мо расондаанд. Имрӯз онро дар шакли зебо, мукаммал ва форам ба халқ қариб овардан ва аз хонавода оғоз кардани шунидани мусиқии классикӣ айни муддаост.

Бузургмехри Баходур,  «Ҷумҳурият», 12.05.2021    №: 94

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *