МусоҳибаСиёсатТоҷикистон

Шокирҷон Ҳакимов: “Машруъияти раиси муваққатан таъиншудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ надорад!”

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров рӯзи 25 май дар бораи бар канор рафтани худ аз ин мақом хабар дод ва раҳбарии ҳизбро бар дӯши Қиёмиддин Азизов вогузор кард.  Вале муовини аввали ӯ  Шокирҷон Ҳакимов ин тасмими ӯро бар хилофи Оинномаи ҳизб медонад. Дар ин бора сомонаи Равзан бо муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Шокирҷон Ҳакимов мусоҳиб шуд.

Cавол:  Сабаби истеъфои Раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон аз назари Шумо дар чист?

Ҷавоб: Эҳсоси анҷоми рисолатҳо  ва таъсири манфии воқеъиятҳои фарҳанги сиёсӣ, бо вуҷуди чанд маротиба тадриҷан ва пайгирона кӯшиши иштирок дар интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти олии қонунгузорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ набуданҳо, инкори ҳама гуна ҳамкорӣ аз ҷониби давлат, ба хусус ҷалби донишмандону кадрҳои болаёқати ҲСДТ ба ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва таҳдиду шиканҷаи чанд нафар фаъолони ҳизб ва бо баҳонаҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намудани баъзе намояндагони ҲСДТ ва ғайраҳо омилу сабабҳои истеъфои Раиси ҳизб шуд. Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки дар 15 соли ахир ин шашум  ё ҳафтум изҳорот дар бораи истеъфояш аст. Аммо қаблан таҳти дигар шароитҳою фурсатҳо аз истеъфо худдорӣ шуд. Ба фикрам ин дафъа шояд тасмимгириҳо ҷиддитару самимитар бошанд.

Савол: Шумо ба ҳайси Муовини аввал изҳор намудед, ки истеъфои Раис бар хилофи  Оинномаи ҳизб аст. Зоиров дар навбати худ мегӯяд, ки таъйини Раиси навро бояд Анҷумани навбатии интихоботӣ ҳал намояд. Инро чи гуна шарҳ медиҳед?

Ҷавоб: Ман на танҳо ҳамчун муовини аввали Раиси ҲСДТ, балки ба сифати доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ бояд зикр намоям, ки истеъфои Зойиров моҳиятан дуруст аст, вале тарзу усули амалӣ намудани он ба тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи ҲСДТ мухолифат мекунад. Бобҳои 11 ва 13- и Оинномаи ҳизб чунин ҳолатҳоро дурусту муфассал танзим кардааст. Яъне зарурати таъини иҷрокунандаи вазифаи Раис аслан вуҷуд надорад ва дар тафовут аз корхонаю баъзе муассисаҳои давлатӣ ҳизб ҳамчун шакли ҳуқуқию ташкилии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар асоси дастаҷамъона ва тариқи мақомотҳои интихобӣ идора карда мешавад. Масалан, фаррошу ронандаю қаровулу боғбону котиба ва дигар кормандони маошхӯри ҳизбро тибқи ҷадвали штатҳо ва буҷети тасдиқнамудаи Шӯрои сиёсӣ Раис метавонад ба кор қабул кунад ё аз кор озод намояд. Аммо яккатозию худхоҳию яккасардорӣ ба фаъолияти муътадили ҳизб ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ мувофиқ нест.

Хулоса,  ҳангоми беморӣ, ба муддати тулонӣ ба хориҷи кишвар рафтан ва дигар ҳолатҳое, ки Раис наметавонад вазифаҳояшро дурусту самаранок ба анҷом расонад, салоҳиятҳои ӯро Муовини аввал иҷро мекунад ва ҳангоми зарурат Шӯрои сиёсии ҳизбро даъват намуда, оид ба таъйини замони баргузории Анҷумани ғайринавбатӣ ё фавқулодда, муқаррар намудани меъёри намояндагӣ ва интихоби вакилону масъалаҳои дар он баррасишаванда қарор қабул мекунад.

Ҳамин ва дигар меъёрҳои Оинномаи ҲСДТ, ки риоя нашуданд, машруъияти раиси муваққатан таъиншуда заминаи ҳуқуқӣ надорад ва кирдори Раиси ҳизб мазмуни баромадан аз ваколатҳоро низ дораду дар он аломатҳои бесалоҳиятӣ низ вуҷуд доранд.

Савол: Ин ихтилофи назар дар Раёсати Ҳизб магар ба ҷудоии ҳизб таҳдид намекунад?

Ҷавоб:  Ба назари ман ҷудоӣ нест, аммо хатогии тактикӣ ҳаст. Зойиров номзади илм асту дар бораи назария ва таҷрибаю вижагиҳои фаъолияти ҳизбҳо тасаввуроти хуб дорад. Шояд таҳти таъсири дору ё таҳдиду дигар омилҳои субъективӣ қарор дошта бошаду вазъи рӯҳию равониаш низ халалдор гардида бошад. Аммо чунин тасмимгириҳои бемантиқу нодуруст бар хилофи стратегия ва арзишҳои ҲСДТ аст. Бинобар ин вазъияти баамаломада ҳолати кориро инъикос менамояд ва бояд бо истифода аз усулҳои сиёсию илмӣ ва дидору мулоқот танзим шавад. Муҳим дода нашудан ба сенарияҳои иғвогарону нохалафону рақибони носолими ҲСДТ мебошад.

Бо таҳаммул ва огоҳу бедор идома додани кору фаъолияти ҳизб авлавияту манфиатҳои стратегӣ бояд дошта бошад. Бидуни шакк, доираҳои муайяни манфиатдор ваҳдати дохили ҳизбиро намехоҳанд ва усули тафриқа андозу идора кунро бар зидди мо истифода хоханд бурд. Фаросату хиради инсонӣ ва фалсафаи дурусти сиёсӣ бояд ғалаба кунад.

Савол: Ба назари Шумо  Анҷумани интихоботӣ  метавонад  ин ихтилофи назарро бартараф  кунад?

Ҷавоб: Албатта, агар бар хилофи ҷудоиандозону бадхоҳони ҳизб раванди баррасии масъалаҳо, аз ҷумла интихоботи Раис, муовинони аввал ва муовинону дигар аъзоёни мақомоти раҳбарикунандаи оинномавии ҲСДТ дуруст танзим шаванд, на танҳо ин ихтилофи назарро ҳал мекунад, балки барои оғози тағйиротҳои сифатию таҳавулотҳо дар ҳизб бо риояи усули ворисият заминаи ҷиддию қавӣ мегузорад.

Савол:  Шумо худро аз рақибони курсии Раиси Ҳизб мешуморед ё не?

Ман қаблан 11 сол дар  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 5 сол дар Конгресси ягонагии халқи Тоҷикистон ва аз лаҳзаи таъсисаш дар Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон собиқаи корӣ дорам. Яъне дар шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ собиқаи корӣ дораму боз узви мақомоти раҳбарикунандаи чанд созмони фарҳангию илмию иҷтимоӣ низ мебошам. Бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи хуб дораму рисолаҳои номзадию докториам низ ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқию сиёсӣ бахшида шудаанд.

Ҳамин ва дигар омилҳои мусбати мусоидаткунандаро ба инобат гирифта, агар  ба мақоми Раисии ҳизб пешниҳод кунанд, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавию вазифаҳои оинномавии ҲСДТ тадриҷан кӯшиш хоҳам кард.

Мувофиқи мақсад мебуд, агар дигар номзадҳои эҳтимолӣ бидуни воҳимаю ҳаё- ҳуй ва риояи ҳадд, ба хусус потенсиали инсонию дарки масъулиятҳо вориди интихоботи Раиси ҲСДТ шаванд.

Ташаккур! 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *