Илм ва маорифТоҷикистон

Як иштибоҳи Ҳаким Фирдавсӣ (Ё чаро рӯди Сир дар “Шоҳнома” зикр нашудааст?)

Муҳтарам Ҳотам, шоир ва пажӯҳишгар

Бо таманнои пӯзиш аз рӯҳи нобиғаи беназир ҳаким Фирдавӣ масъалаи мазкурро, ки масъалаи калидии таърихи ниёгон аст, мехоҳам матраҳ намоям…

Масъалаи марзии Эрону Турон як масъалаи муҳимму баҳсталаби таъриху ҷуғрофияи ориёҳои бостонист, ки садсолаҳо идома доштаву имрӯз низ ҳаллу фасл нашудааст. Роҷеъ ба ҷуғрофиёи кишварҳои эрониву туронӣ асарҳои зиёд мавҷуд бошанд ҳам, бештар аз ҳама се асари машҳур – “Авасто”, “Бундаҳишн” ва “Шоҳнома” ин масъаларо дар худ бештар гунҷоиш додаанд. Мавқеияти ҷуғрофии ҳафт кишвари ориёӣ – Аризаҳ, Саваҳ, Воврубарашт, Вовруҷарашт, Хванирас, Видадафш ва Фарадафш (Хуросон, Бохтар, Шом ё Ховар ва Нимрӯз) панҷ сарзамини ориёӣ – Арияна, Турйа, Сайирма, Даҳя, Саена, шонздаҳ кишвари Аҳуроофарида – Эронвиҷ, Суғд, Марв, Балх, Нисо, Ҳарӣ, Ваекрета (Кобул), Урва, Хнента, Ҳарахватӣ, Ҳаетумант, Роға, Чахра, Варена, Ҳафтруд ва Упа Аудешу Аранг ҳанӯз ҳам пурра ошкор нагардидаанд. (Мо ин мавзӯъро дар китоби худ (ниг. “Эрони гумшуда” Душанбе, 2012) баррасӣ намудаем – М.Ҳ.)

Дар замони Ҷамшеду Заҳҳоку Фаридун ин кишварҳо ба як шоҳи умумӣ тобеъ буданд. Бо тақсим шудани ин сарзаминҳо дар миёни фарзандони Фаридун ба се бахш ҷудо шуданд ва баъди аз ҷониби бародарон кушта шудани Эраҷ Эрону Турон ном гирифтанд. Дар илми ориёишиносии имрӯз сарзаминҳои Эронӣ дар ҷануби руди Омӯ ва сарзаминҳои туронӣ дар шимоли ин руд дониста мешавад. Ин назар тақрибан се ҳазор сол, баъди муҳоҷирати ориёиҳо ба самти ҷанубу ғарб, дар навиштаҳо навишта шуда ва дар зеҳнҳо нишастааст, ки тағйир додани он хеле мушкил аст. Аммо воқеият ва мавқеияти Эрону Турон на оне буд, ки имрӯз мепиндоранду меангоранд. Воқеият он аст, ки тамоми кишварҳову сарзаминҳо ва руду кӯҳу кӯлҳое, ки дар “Авасто” зикр шудаанд, дар қисмати шарқии Осиёи Миёна ва бахши ғарбии кунунии Хитой мавқеият доштанд. Сарзаминҳо ва кишварҳо, рӯду кӯлу кӯҳҳои “Бундаҳишн” низ дар ҳамин мавқеият ҷой доштанд, аммо бар асари таҳрироти баъдӣ баъзе аз онҳо ба минтақаҳои кунунии Эрону Ироқ, ҷанубу ғарби Афғонистон ва ғайра кашонда шуданд. Дар “Шоҳнома” бошад, ҳол дигар аст. Дар ин шоҳасар рӯйдодҳо ва сарзаминҳо ва дигар воҳидҳои ҷуғрофӣ аз Каюмарс, яъне аз оғоз то подшоҳии Дороб дар минтақаҳои шарқи Осиёи Миёна ва аз подшоҳии Дороб то анҷом дар Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷавори он ба амал омадаанд. Мутаассифона, муҳоҷирати ориёиҳо аз ҷониби олимон ба эътибор гирифта нашуд ва ин ҳол боиси иштибоҳот дар ҷуғрофияи Эрону Турон гардид. Дар андаруни сандуқ аз ҷониби модар ба об андохта шудани Дороб як пайвандест, ки аз ҷониби Фирдавсӣ моҳирона истифода шуда, ҳамчун рамзи муҳоҷирати ориёиҳо зоҳир мегардад. Яъне рӯйдодҳои қисмати дуввуми “Шоҳнома” бо ҳамон номҳои воҳидҳои ҷуғрофии қисмати аввал дар дигар минтақа ба амал меоянд.  Вобаста ба ин ҳол ду Эрону ду Порс, ду Зобул, ду Бағдод, ду Исфаҳон ва бисёр шаҳрҳои дигар дар ду мавқеият зикр мешавад: яке дар пеш аз муҳоҷиратӣ ва дигаре дар баъдимуҳоҷиратӣ. Вале аз ҷониби олимони муҳаққиқи таърихи ориёиҳо ин ҳол ба эътибор гирифта нашуд ва дар шинохти ҷуғрофияи ориёҳо мушкилот ба бор овард. Воқеан ҳам дар “Шоҳнома” шинохт ва ошкор намудани ин нозукӣ хеле мушкил аст.

Дар “Шоҳнома” сарҳади миёни Эрону Турон руди Ҷайҳун аст. Ин руд чанд дафъа Омуй низ номида шудааст. Умуман дар “Шоҳнома” 37 номи об – руду дарё ва чашма истифода шудааст. Тавре маълум аст, имрӯз дар Эрон дарё ба маънои баҳру уқёнус истифода мешавад. Вале дар “Шоҳнома” дарё низ аксаран ба маънои руд истифода шудааст. Аз ин шумор дарёи Қулзум ва дарёи Ҳиндустон ба маънои баҳр омадаанд.  Руди Нил, дарёи Қулзум дарёи Қир, дарёи Қор, дарёи Сабз, Оби Зарқ, дарёи Рум, рӯди Зам  ҳамчун номи воқеӣ, балки ҳамчун рамзу ташбеҳ корбурд шудаанд. Дарёи Ховар, дарёи  Миср ба қисматҳои ғарбии Осиёи Пеш иртибот мегиранд.  Дарёи  Даҷла, ки иштибоҳан Арванд номида шудааст, ҳам ба дарёи Сир ва ҳам ба Даҷлаи кунунӣ тааллуқ мегирад. Дар ин миён руди Фурот, дарёи Порс ва чашмаи Сӯ, ки ин чашма ношинохта мондааст, ба мавқеияти Эрону Ироқи кунунӣ нисбат мегиранд. 18 руду дарёи дигар бо 20 ном ба сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна ва қисмати ғарбии кунунии Хитой мутааллиқ буда, дар шумори руду дарёҳои асосии “Шоҳнома” қарор доранд. Инҳо руди Кашаф (шояд Қашқадарё?), рӯди Ҷайҳун – Омӯй, дарёи Шаҳд (рӯди Торим), дарёи Об (қисман Сирдарё), Марврӯд (Мурғоб), руди Гулзарриюн (Чирчик), Косарӯд (Гёздарё, дар Сарикӯл), руди Синд (яке аз шохобҳои Торим),  Алмосрӯд (яке аз шохобҳои Торим), руди Тарак (воқеъ дар сарзаминҳои назди Балхаш), дарёи Чин (баҳре дар қисмати ғарбии Чин, ҳоло боқӣ намондааст) дарёи Гелон (Қашқадарё), руди Арванд (Сирдарё), дарёи Буст (эҳтимолан Вахш, аммо на дар Зобули кунунӣ), дарёи Ганг (Чирчик), дарёи Каймок (аслан Кимок, ҷануби Қазоқистон), Оби Зиреҳ-1 (дарёи Торим), дарёи Зиреҳ -2 (Сурхондарё),  дарёи Қаннуҷ (яке аз шохобҳои Торим) ном дошта дар ғарб Қашқадарёи кунунӣ, дар шимол кӯли Балхаш, дар ҷануб руди Ҷайҳун ва дар шарқ Хутанро фаро мегиранд.

Ҳангоми айниятдиҳии ин рудҳо маълум мегардад, ки ҳатто рӯдҳои хурди минтақаи мазкур дар «Шоҳнома» зикр гардидаанд. Вале дар ин миён аз рӯдхои Сир ва Вахш ҳеҷ гуна зикре ба амал наомадааст. Хуб, бигӯем, ки рӯди Вахш, бо рӯди Ому – Ҷайҳун ҳамчун яке аз шохобҳои он якҷоя зикр гардидааст, аммо чаро руди Сир, яке аз калонтарин рӯдҳои Осиёи Миёна аз назари ҳаким Фирдавсӣ дур мондааст? Охир ин руд дар адабиёти гуногуни тахрихии бисёр халқҳо бо номҳои гуногун, аз ҷумла, дарёи Шир, Рангҳа, Аранг, Арванд, Акес, Уху, Хуҷандруд, Мисргонруд, Яксарт, Танаис ва ғайра зикр шудааст. Дар Ҳинд ин рӯд Дутаганга, яъне Ганги дуюм ном дорад. Донишмандони таърихи ориёиҳо соҳилҳои ин рудро ҷойгоҳи бисёр рӯйдодҳои  даврони «Авасто», хостгоҳи Зардушт донистаанд. Дар тавзеҳоти «Авесто» омадааст: «Рангҳа номи яке аз ду руди муҳима ва варҷованд дар асотири эрониён аст, ки ҷои онро дар Эронвиҷ донистаанд ва борҳо дар бахшҳои гуногуни «Авесто»и нав аз он сухан ба миён меояд ва рўйдодҳои бисёре дар каронаи он иттифоқ меафтад.  Шпигел дар «Авесто»-и худ (ҷ. Ш.с. 236) Арвандро, ки баъзеҳо Даҷла пиндоштаанд, ҳамон Аранги «Бундаҳишн» ва Рангҳаи «Авесто» дониста, онро бо Сирдарё яке медонад… Ҳамчунин Пури Довуд Сирдарёро Аранг гуфтааст. Анкетил Дюперрон Сирдарёро чун Аранг шинохтааст. Ҳамаи донишмандон Ардвисура Аноҳиторо фариштаи муваккали Аранг – Сирдарё донистаанд.

Эзадбонуи Ардвисура  Аноҳито муваккали руди Рангҳа — Сирдарё буд. Фазлуллоҳ Рўзбеҳони Хинҷӣ (Исфаҳонӣ) дар «Меҳмонхонаи Бухоро» ном асараш Сайҳунро бо номи Оби Хуҷанд яке аз рӯдҳои чоргонаи олам донистааст, ки аз биҳишт сарчашма мегиранд. Рӯйдодҳои тамоми даврони таърихи Осиёи Миёна бе иштироки Сирдарё тасаввурнашаванда аст. Пас чаро ҳаким Фирдавсӣ аз зикри он дар «Шоҳнома» сарфи назар кардааст? Академик Бартолд низ Сирдарёро дар «Шоҳнома» пайдо накарда, онро руди Гулзарриюн тахмин кардааст.  Вале руди Гулзарриюн ин Сирдарё нест, балки руди Чирчиқ аст, ки аз ҷануби ғарбии Тошканд ҷорӣ мешавад.

Тавре ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» зикр мекунад, ӯ ин шоҳасарашро дар асоси номаҳои куҳане ба назм даровардааст, ки ду ҳазор сол пеш аз ӯ эҷод шуда будаанд. Ва ҳаким Фирдавсӣ, тавре аз саропои «Шоҳнома» ошкор мешавад, ҳангоми ба назм даровардани шоҳасараш он номаҳои куҳанро бекаму кост истифода бурдааст.

Дар замони Фирдавсӣ (имрӯз низ!) назаре вуҷуд дошт, ки сарҳади миёни Эрону Турон руди Ҷайҳун – Ому буд. Ин назар баъди муҳоҷирати ориёиҳо (эрониҳо) аз сарзаминҳои миёни рудҳои Омуву Сир ва баъди ишғоли сарзаминҳои онҳо аз ҷониби турониён шакл гирифта, дар тайи садсолаҳо сарҳадҳои аслии миёни Эрону Туронро, яъне Сирдарё будани ин сарҳадро аз хотирҳо зудуда кард. Дар номаҳои бостоние, ки ҳаким Фирдавсӣ  аз онҳо дар асараш истифода кардааст, рӯди Сир бояд ҳатман вуҷуд медошт. Ба қавли «Авасто» Арангруд (Сирдарё) ва Веҳруд (Омӯ) аз миёни рудҳои зиёд ду руди варҷованд ва Аҳуроофарида будаву мавриди ситоиши зиёд қарор гирифтаанд. Ва Аранг, яъне Сирдарё, яке аз рӯдҳои бузурги Осиёи Миёна аст, на як руди хурде, ки сарфи назар карданаш осон бошад.

Оре, чанд рӯди хурде, ки ба Сирдарё мерезанд, дар «Шоҳнома» зикр шудаанд, вале Сирдарё не. Пештар зикр кардем, ки гунаи дигари номи Рангҳа ё Аранг Арванд аст. Ҳаким Фирдавсӣ Арвандро зикр мекунад, вале ҳамоно онро ба Даҷла нисбат медиҳад. “Агар паҳлавонӣ надонӣ забон, Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон” – мегӯяд ҳаким Фирдавсӣ.

Ин ҷо низ мисли дигар номҳову сарзаминҳо, масалан Эрону Порсу Бағдоду Зобул ва ғайра Арванд дар қисмати аввали «Шоҳнома» ба Сирдарё ва дар қисмати дуввуми он ба Даҷла нисбат мегирад. Вақте Фаридун барои саркӯб кардани Заҳҳок меояд, баъди тайи манзилҳо «Дигар манзил он шоҳи озодмард Лаби Даҷлаву шаҳри Бағдод кард». Тавре баъдан ташреҳ хоҳад шуд, ин ҳам Арванд – Сирдарё ва Бағдоди водии Фарғона аст (ҳоло низ шаҳри Бағдод дар Фарғона вуҷуд дорад! Мо ин мавзӯъро дар китоби худ «Эрони гумшуда» шарҳи муфассал додаем. ниг. М. Ҳотам «Эрони гумшуда», Душанбе, 2012). Вақте Гев  Кайхусрав ва модарашро аз Турон аз таъқиби Пирон – сарлашкари Турон гурезондаву ба Эрон оварданӣ мешавад, аз сари роҳашон руде мебарояд, ки «Буд он обро ном Гулзарриюн, Будӣ дар баҳорон чу дарёи хун». Тавре зикр гардид, Гулзарриюн руди Чирчиқ аст. Гев Кайхусрави шашсола ва модарашро аз дарё гузаронда, ба назди дарёи дигаре меояд, ки он Ҷайҳун гуфта шудааст. Афросиёб, ки ба таъқибашон меомад, дар роҳ вақте ба  Пирон вохӯрдаву асли воқеаро мефаҳмад, ба паҳлавони худ Ҳумон мегӯяд, шитоб бояд кард: “Ки чун Геву Хусрав зи Ҷайҳун гузашт, Ҳама ранҷи мо бод гардад ба дашт”. Ва тавре маълум аст, то ба Ҷайҳун расидан бояд аз Сайҳун – Сир ё Арванд бояд гузашт. Арванд номи дигари Аранг аст, ки аксари муҳаққиқони “Авасто” онро ба Сирдарё татбиқ намудаанд. Вале дар замони Сосониҳо ин руд ба гунаи Арванд ба Даҷла айният дода шуд, ки тавре мебинем, саҳеҳ нест. Ва мушоҳидаҳо ошкор месозанд, ки Фаридун Сирдарёро (Арвандро) аз соҳили ҷанубӣ ба соҳили  шимолӣ убур намуда буд. Вале Гев бо Хусрав ва модари ӯ Сирдарёро (на Ҷайҳунро) аз шимол ба ҷануб убур кард.

Рӯди Ҷайҳун дар “Шоҳнома” бори нахуст вақте зикр мешавад, ки Салму Тур ба муқобили Манучеҳршоҳ ба нахустин пойтахти Эрони ҳамон даврон Тамеша, ки Фаридун бунёд гузошта буд, лашкар мекашанд. Тамеша ҳоло низ дар ҷануби водии Фарғона, дар ҷумҳурии  Қирғизистон бо номи Тамоша вуҷуд дорад. Яъне, лашкари Салму Тур дар водии Фарғона аз Сирдарё убур менамояд, на аз Ҷайҳун. Ва он ҳам аз шимол ба ҷануб, на аз ҷануб ба шимол

Лаҳзаи дигар, вақте Гаршоспи Зав, шоҳи Эрон, аз дунё дармегузарад, Пашанг ба Афросиёб пайғом мерасонад, ки аз Ҷайҳун бигзару дар Эрон касеро ба тахти шоҳӣ нишастан намон. Ва барои ҳуҷум ба Эрон “Яке лашкар орост Афросиёб Зи дашти Сапеҷоб то рӯди Об”. Ин ҷо низ ҳам Ҷайҳун, ҳам руди Об танҳо Сирдарё буда метавонаду халос, зеро аз Сапеҷоб ё таври дигар, Испиҷоб, ки дар шимолу шарқии Тошканди кунунӣ ё дар ҷануби Қазоқистон воқеъ гаштааст, танҳо аз Сирдарё метавон убур намуд. Дар байти  “Гар аз Чоч як пай ниҳӣ пеши рӯд, Ба нӯки синонат фиристам дуруд», низ Сирдарё дар назар аст, аммо тавре мебинем, номаш зикр намегардад.

Дар як ҷанги миёни Эрону Турон дар Канобад, ки тибқи пажӯҳиши мо дар дашти Конибодоми кунунӣ воқеъ шуда буд, сарлашкари турониён Пирон кушта мешавад ва дар ин ҷанг эрониён ғалаба мекунанд. Афросиёб, ки дар Кундуз ё Канг, ки Фаридун дар наздики Чоч (Тошканд) сохта буд, қарор дошт. Вай хабар меёбад, «Ки лашкар ба наздики Ҷайҳун расид, Ҳама рӯи кишвар сипаҳ густарид». Ин ҷо низ бешубҳа Сирдарё дар назар аст, зеро танҳо ба назди ин руд расидани Кайхусрав метавонист боиси ташвишу изтироби Афросиёб гардад. Дигар ин ки дар миёни Канобад ва Чоч (Конибодом ва Тошканд) танҳо руди Сир вуҷуд дошта метавонаду бас. Афросиёб низ лашкар омода намуда «Ба Ҷайҳун бифармуд то бугзаранд, Ба киштӣ ҳама обро биспаранд». Ин ҷо низ маълум аст, ки аз Сирдарё  бояд бигзаранд. Кайхусрав низ омодагии ҷангро шунида, аз Сайҳун (ки дар “Шоҳнома” Ҷайҳун зикр шудааст) гузашта, аз Суғд (воқеъ дар шимоли Фарғона – Чусти кунунӣ) ва Кашонӣ (эҳтимолан Косон – М.Ҳ.) лашкар меғундорад. Вай вақте ба дарёи Гулзарриюн (Чирчик) мерасад, Афросиёб, ки дар Ганг – Кундуз – Байканд, (оне, ки Фаридун сохта буд) дар назди Чоч қарор дошт, ба таҳлука меафтад. Ин гуна мисолҳо фаровонанд…

Ҳамин тариқ, дар қисмати аввали «Шоҳнома» рӯди Омуй (Ҷайҳун) сад дар сад ҷойи Сирдарёро гирифта, сарҳади миёни Эрону Туронро аз даврони Каюмарс то замони Дороб, ки руди Сирро фаро мегирифт ба мавқеияти худ кашондааст. Вале дар қисмати дуввуми «Шоҳнома», баъди подшоҳии Дороб Ҷайҳун вазифаи аслии худро бар ҷой оварда, воқеан ҳам руди ҳудуди миёни Эрону Турон ҷараён менирад. Умуман рӯди Ҷайҳун (бо номи Омуй низ)  дар “Шоҳнома” тақрибан 80 маротиба зикр гардидааст, ки аз ин шумор 60 маротиба ба ҷои Сирдарё ва 20 маротиба ба ҷойи худ истифода гардидааст.  Дар ин қисмати «Шоҳнома» руди Арванд  низ  воқеан ҳамчун руди Даҷла зоҳир мегардад.

Эрон бо Турон аз шимолу ҷануб сарҳади обӣ ва аз шарқу ғарб сарҳади хушкӣ дошт. Ҳудудҳо ё сарҳадҳои сарзаминҳои Эрони бостонро дар шимол руди Сир (Аранг, Арванд), дар шарқ қаторкӯҳи Фарғона ва Сарикӯл, дар ғарб хатти Хуҷанд – Хоразм (Саразм) – Тирмиз, дар ҷануб руди Веҳруд, яъне Ҷайҳун (!) ташкил медод. Сарзаминҳои шимоли руди Сир дар водии Фарғона, инчунин аз водии Сарикӯл то воҳаи Урумчӣ гоҳе дар тасарруфи Эрон ва гоҳе дар тобеияти Тӯрон қарор доштанд. Нимаи шимоли шарқии Эронвиҷ ё Ориёно – водии кунунии Олой ба Турон  ва ними ҷануби ғарбии он ба Эрон шомил мешуд. Эрони бостон аз чор тараф дар иҳотаи Турон воқеъ гашта буд. Турон аз ҳамсояҳояш – туркҳову  чиниҳо ва дигар  кишварҳо ҳамеша мадад мегирифт, аммо Эрони бостон чунин имконият надошт. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлониву пай дар пай эрониҳо ба муҳоҷират рӯ оварданд…

Дар даврони Курӯш ва Доро тамоми номҳои нахустмеҳани ориёиҳо ба таври сунъӣ дар минтақаҳои Эрони ғарбӣ аз ҷониби мубадони зардуштӣ номгузорӣ гардиданд. Сарҳади Эрони бостонро аз Сирдарё ба Ҷайҳун кашонданд. Эрони бостону Эронвиҷро ба  чоҳи тилисми фаромӯшӣ андохтанд…

Ин як иштибоҳи танҳо Ҳаким Фирдавсӣ набуд, иштибоҳи таърихи ҳазорсолаҳо  буд. Имрӯз фурсати он расида, то ки дари ин тилисмро бикушоем, ҳақиқатро ошкор созем. Мутаассифона мо то ҳоло гӯш ба қимор ҳастем, ки олимони кишварҳои хориҷ дар ин боб чи мегӯянд, то онро тӯтивор такрор кунем. Агарчи мо сарзаминҳои таърихиамонро эй басо аз даст додаем, таърихи пуршарафамонро набояд аз даст раҳо кунем!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *