Осиёи МарказӣСиёсат

Қирғизистониҳо дар Ню- Йорк ба муқобили “таҷовузи низомии Тоҷикистон” пикет оростанд

Қирғизистониҳо дар Ню – Йорк дар назди бинои СММ барои хотима бахшидан ба “таҷовузи низомии Тоҷикистон”  гирдиҳамоӣ намуданд.

Аксҳои ин тазоҳурот  дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.

Ҳудуди даҳ нафар қирғизистониёни муқими Ню Йорк дар як гирдиҳамоии сулҳомез  дар назди бинои СММ ширкат варзиданд.

Зодагони Қирғизистон дар даст плакат даъват мекунанд, ки ба “таҷовузи низомии Тоҷикистон” алайҳи Қирғизистон хотима дода шавад. Ин дар ҳолест, ки  ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон алайҳи низлмиён ва сокинони ҳамдигар бо моддаи таҷовузи мусаллаҳона, куштори мардуми осоишта  ва тахриби молу амволи сокинон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Ёдовар мешавем, ки низоъ дар марз рӯзи 28 апрел дар минтақаи нуқтаи тақсимоти оби “Головной” рух дод, ки дар он сарҳадбонони Қирғизистон ба ҷониби сокинон ва сарҳадбонони Тоҷикистон оташ кушоданд.  Дар ҷавоб сарҳадбонони Тоҷикистон низ ба ҷониби онҳо оташ кушоданд ва амалиёти мусаллаҳона то рӯзи 29 апрел идома ёфт. Дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷонибҳо дар бораи мусолиҳа ва хуруҷи нерӯҳо танҳо шоми 1 май ба мувофиқа расиданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *