Осиёи МарказӣҲуқуқи башар

Қирғизистон боздошт ва озори шаҳрвандони Тоҷикистонро рад кард

Қирғизистон изҳороти фаъъоли ҳуқуқи башари Русия Валентина Чупикро дар бораи боздошт ва озори ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳои Бишкек ва Ошро рад кард.

Дар ин бора  ​​24.kg хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки изҳороти Валентина Чупин дар бораи дар фурӯдгоҳҳои Қирғизистон мавриди боздошту озор ва таҳқир қарор гирифтани  мусофирони тоҷикистонӣ ва таҳдиди аз қаламрави Қирғизистон хориҷ намудани онҳо воқеият надоранд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ин маълумотро такзиб кард ва изҳор дошт, ки сарҳадбонон дар фаъолияти расмии худ аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба роҳбарӣ мегиранд. Гузариши шаҳрвандон аз сарҳади давлатӣ ба таври умум сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод ва қавмият сурат мегирад.

Омадааст, ки Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти фаъъоли ҳуқуқи башар Валентина Чупикро беасос мешуморад ва тамоми чораҳоро меандешад, ки муноқишаи байни ду давлат пешгирӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш фаъъоли ҳуқуқи башари русиягӣ Валентина Чупик  бо нашри як изҳорот дар бораи ҷой доштани ҳодисаҳои боздошт, озор ва таҳқири мусофирони тоҷикистонӣ дар фурӯдгоҳҳои Қирғизистон сухан ронда, аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки барои пешгирӣ шудани ин қонуншиканӣ чора андешанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *