Осиёи МарказӣСиёсат

Қирғизистон ҳаракати нақлиёт тавассути марз бо Тоҷикистонро комилан қатъ кард

Марз бо Тоҷикистон баста аст. Дар ин бора Kaktus. Media бо истинод ба навиштаи  раиси Девони Вазирон Улуғбек Марипов дар сафҳаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

“Чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли масъалаҳои мушкилот комилан қатъ карда шавад. Дар баробари ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мо мақсад гузоштем, ки марзҳоямонро тақвият диҳем. Барои ин, мо барои марзбонони худ тамоми шароити заруриро фароҳам меорем. Сокинони маҳаллӣ низ дар ҳалли ин мушкил  нақш доранд. Аз ин рӯ, ман шуморо даъват мекунам, ки сабр кунед ва моро фаҳмед. Зиндагӣ дар марз чӣ гуна аст, танҳо онҳое, ки дар он ҷо зиндагӣ в мекунанд,  дарк менамоянд. Ман борҳо гуфтам ва боз мегӯям, ки, ки ин одамон қаҳрамонанд. Бори дигар такрор мекунам: ҳадафи асосии мо беҳтар кардани зиндагии мардуми оддӣ аст. Барои ин мо ҳама корро анҷом медиҳем, то  қадам ба қадам ба ин аҳдофамон расем », – навиштааст ӯ.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон  тавзеҳ дод, ки ҳаракат дар посгоҳҳо қаблан ба сабаби пандемия маҳдуд шуда буд. Аммо, шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд аз гузаргоҳҳо барои транзит ба дигар давлатҳо гузаранд. Ҳоло гузаргоҳҳо танҳо барои бозгашти мусофирон ба ватанашон: тоҷикон – ба Тоҷикистон, қирғизҳо – ба Қирғизистон боз аст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи низоъ дар марз аз 28 апрел то 1 май беш аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар захмӣ ва бехонаву дар шуданд.

Рӯзи 1 май тарафҳо барои оташбас созиш ба даст оварданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди делимитатсия ва демаркатсияи баъзе бахшҳои тавсифнашударо ба итмом расонанд ва ҳуҷҷатҳои демаркатсияи миллии солҳои 1924-1927, ки ҷониби Тоҷикистон бо он исрор меварзад, истифода бурда шаванд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *