Осиёи МарказӣСиёсат

Ҳизби «Ота Макен» мегӯяд, ки Қирғизистон ҳадафи таҷовузи барномарезишудаи низомиёни Тоҷикистон қарор гирифт

«28 апрели соли 2021, кишвари мо ҳадафи  таҷовузи тарҳрезигардида ва омодашудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои роҳзанони мусаллаҳ аз ин давлат қарор гирифт. Режимҳои худкома барои баланд бардоштани маҳбубияти худ аксар вақт бидуни андеша дар бораи қурбониён, оқибатҳо ва ояндаи халқи худ ва дигар халқҳо аз усули «ҷангҳои хурди пирӯзмандона»  истифода мебаранд »- гуфта мешавад дар изҳороти ҳизби “Ота Мекен”, ки аз ҷониби  вакили  Наталя Никитенко дар Жогорку Кенеш паҳн карда шуд.

Дар ин бора хабаргузории  24.kg иттилоъ медиҳад.

Ин ҳизби сиёсӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки Тоҷикистон ба сифати як кишвари таҷовузгар эътироф карда шавад ва тамоми хисороти ҷониби Қирғизистонро ин кишвар ҷуброн намояд.

Қарори Порлумони Қирғизистон дар бораи изҳороти ҳизби “Ота Мекен” то ба кунун маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Хотиррасон мекунем, ки  29 апрел миёни нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захм бардоштанд.

1 май  Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқ карданд, ки оташбасро қатъ кунанд ва нерӯҳои низомиро ба ҷойҳои будубоши доимии худ бозгардонанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *