Осиёи МарказӣСиёсат

Ҳушдори Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон аз худдорӣ кардан аз сафар тавассути Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз ҳама навъ сафар, ҳатто убури транзитӣ тавассути қаламрави Қирғизистон худдорӣ кунанд.

 “Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд”,-омадааст дар изҳороти ин вазорат.

Бояд гуфт, ки мутобиқи қарори Девони вазирони Қирғизистон ин кишвар аз 21 май то поёни ҳама гуна баҳсҳои марзӣ равуоро бо Тоҷикистон қатъ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқашон ва ё мавриди муносибати бад қарор гирифтан дар Қирғизистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек тавассути телефонҳои +996500442211 ва  +996312511637 муроҷиат намоянд.

Гуфта мешавад, ки ин маҳдудиятҳо ба намояндагони дипломатии ҳар ду тараф ва аъзои хонаводаи онҳо ва кормандони  намояндагии  давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин ашхоси мансабдори Тоҷикистону Қирғизистон дахл надонад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи низоъ дар марз аз 28 апрел то 1 май беш аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар захмӣ ва бехонаву дар шуданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *