Осиёи МарказӣҲуқуқи башар

HRW хостори таҳқиқи куштори ғайринизомиён дар муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон гардид

Сӯзондани даҳҳо хона ва гузоришҳо дар бораи истифодаи силоҳи таркандаи доманаи тахрибаш густурда бояд мавриди таҳқиқи фаврии Қирғизистон ва Тоҷикистон гирад. Кишварҳо бояд талафоти ғайринизомиён ва тахриби амволи ғайринизомиро таҳқиқ кунанд, то масъулинро барои нақзи ҷиддии қонунҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар ин бора  дар изҳороти  созмони байналмилалии ҳуқуқи башар Human Rights Watch хабар дода шудааст.

Мудофеони ҳуқуқи башар инчунин ҷонибҳоро даъват мекунанд, ки ба шаҳрвандон тамоми шароити дифои ҳуқуқиро муҳайё кунанд

«Нерӯҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар бояд аз истифодаи силоҳи таркандаи доманаи тахрибаш густурда  дар манотиқи аҳолинишин худдорӣ кунанд. Қонунҳои ҷанг, ки ба даргириҳои марзӣ татбиқ карда мешаванд, ҷонибҳоро водор мекунанд, ки ҳадафҳои низомиро аз ҳадафҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла хонаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ, ки барои ҳадафҳои низомӣ истифода намешаванд, фарқ кунанд, то ҳаёти ғайринизомиёнро ҳифз  кунанд. Ҳамлаҳои беравия ва номутаносиб мамнӯъ аст !”, қайд мекунад HRW.

Нерӯҳои амниятии ҳарду давлат ҳамчунин бояд шаҳрвандонро аз содир кардани ҷиноятҳои наздимарзӣ алайҳи ашхос ва амволи онҳо боздоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар даргириҳои марзии байни нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзҳои 28-29 апрел рух доданд, аз ду ҷониб ҳадди аққал ҳудуди 50 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён ва кӯдакон кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд ва амволи ғайринизомӣ сӯзонда ва ё хароб гардиданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *