Осиёи МарказӣСиёсат

Абдулло Абдулло: “Суқути низом дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест!”

Абдулло Абдулло, Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ аз ихтилофҳои шадид миёни сиёсатгарон сухан гуфт ва ҳушдор дод, ки агар барои наҷоти кишвар як иҷмоъи сиёсӣ шакл нагирад, суқути низом  аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора хабаргузории “Тулӯъ-Нюз” хабар медиҳад.

“ Агар ин ихтилофот рафъ нашаванд ва мардум  ба саволҳои худ ҷавоб пайдо накунад,  суқути низом эҳтимол дорад”- афзӯд ӯ

Муҳаммад Юнуси Қонунӣ,  сиёсатмадори дигар ба раҳбарони ҳукумат ҳушдор дод, ки дар сурати ислоҳ накардани низом   дастовардҳои 20 соли охир аз даст хоҳад рафт ва кишвар ба бӯҳрони ҷиддитар дучор хоҳад шуд.

“Агар роҳбарони ҳукумати мо ислоҳотро қабул накунанд, воқеиятҳои айнии ҷомеаи Афғонистонро қабул накунанд, иродаи мардуми Афғонистонро барои идомаи сиёсати ғайримиллии худ қабул накунанд, суқут дар Афғонистон ногузир хоҳад буд” – таъкид намуд Қонунӣ.

Аз муташанниҷ шудани вазъи Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳи НАТО кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ҳам нигаронанд. Директори Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин 3 июн  дар суҳбат бо Sputnik гуфт, ки “ вазъ дар Афғонистон бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ торафт бад мешавад ва эҳтимолияти сар задани як ҷанги густурда дур нест”.

Хотиррасон мекунем, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО тибқи нақша боя то 11 сентябр хоки ин кишварро тарк кунанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *