СиёсатҲамкорӣҶаҳон

Амрико кӯмакҳои худро ба Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳо ҳам идома хоҳад дод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Афғонистонро пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомӣ ҳам дастгирӣ хоҳанд кард.

“Ҳамкориҳои Афғонистон ва ИМА пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомӣ ба поён нахоҳанд расид, мо кӯмакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро минбаъд ҳам идома хоҳем дод” –  гуфт Ҷо Байден дар нишаст бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Президенти Амрико гуфт, ки “афғонҳоро акнун зарур аст ояндаи худро худашон  муайян кунанд ва гарчанде ин хеле мушкил аст, ба хушунати бемаънӣ бояд хотима бахшанд”.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар навбати худ гуфт, ки тасмими Байден дар бораи хурӯҷи нерӯҳо “таърихӣ” аст ва ӯ онро “эҳтиром ва дастгирӣ мекунад”.

“Мо дар муносибатҳои худ як сафҳаи наверо боз хоҳем кард, ки дар он шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида бо назардошти манфиатҳои тарафайн на танҳо ҳарбӣ, балки ҳамаҷониба хоҳад буд. Мо аз ин рӯҳбаланд ва қаноатманд ҳастем. Мо тасмим дорем, ки ба ваҳдат ва муттаҳидӣ ноил шавем”,- афзӯд ӯ.

Пас аз мулоқот бо Байден, президенти Афғонистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки қарори ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо мустақил аст ва вазифаи Кобул аз он иборат аст, ки “ оқибатҳо” – и онро таъмин намояд.

Вай суханони Байденро дар бораи он, ки “сафорати ИМА дар Кобул фаъолияти худро идома хоҳад дод ва ба кӯмакҳои  амниятии ИМА ба Афғонистон  суръат бахшида хоҳанд шуд”, таъйид кард.

Раҳбари Пентагон Ллойд Остин низ рӯзи 25 июн дар Вашингтон бо Ғанӣ ва Абдуллоҳ мулоқот карда, масъалаи раванди хурӯҷи артиши Амрикоро аз Афғонистон баррасӣ кард. Дар изҳороте, ки Пентагон интишор дод, қайд карда шуд, ки “ҷонибҳо бори дигар аҳамияти ин нуктаро таъкид карданд, ки Афғонистон дигар ҳеҷ гоҳ ба сифати паноҳгоҳи террористон хидмат нахоҳад кард.”

Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидинаш бояд то 11 сентябри соли равон нерӯҳояшонро аз Афғонистон хориҷ кунанд. Ҳафтаи гузашта Фармондеҳии марказии ИМА гузориш дод, ки Вашингтон беш аз 50% артиши  Амрикоро аз Афғонистон хориҷ  кардааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *