Осиёи МарказӣСиёсат

Амруллоҳи Низом: “Никоҳи нав ё талоқи муваққат? “

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо ҳамтои эрониаш дар хусуси масоили амниятӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ суҳбат кардааст.

Акнун суоли матраҳ ин аст, ки дар бораи кадом намуди ифротгароӣ ва терроризм гап задаанд:

1) Оне, ки Эрон қабулаш дорад ва ё оне, ки Тоҷикистон эълонаш кардааст?

2) Эрон ҲНИТ ва таҳсилкардаҳои боздошт шудааш дар Тоҷикистонро нерӯҳои солим медонад, вале Тоҷикистон онҳоро ифротгаро ва теруристӣ эълом кардааст. Пас инҳо дар чӣ бора сӯҳбат кардаанд?

3) Ё мабодо ҳамон тавре, ки хеле аз порсигӯҳои Эрон барои туркнажодҳои ин кишвар, ки дар раъси қудрат қарор доранд, душман, ифротгаро ва терурист шинохта мешаванд, ҳамон тавре, ки дар Тоҷикистон ҳам хеле аз тоҷиктаборони асил барои ҳукумати зидди тоҷикии ЭШРи ғайри тоҷик душман, ифротгаро ва терурист ҳастанд, гапида бошанд? Агар ин варианти сеюм дуруст бошад, пас метавон гуфт, ки ин сафару сайру саёҳати Шероз тӯҳфаи чашмбодомиҳои Эрон барои чашмбодомиҳои Тоҷикистон аст.

Хулоса, Эрон барои дидори тозаи қошҳои зебои ЭШР мисли ҲНИТ аз баҳри собиқ донишҷӯёни худ ҳам гузашта ва сафари ҷаноби Раҳимзода дар раъси як ҳайъати воломақомро ба Теҳрон оғози анҷоми сардии равобити ду кишвар дониста, бо ифтихор аз онҳо истиқбол кардааст.

PS:

Дар ойини Ҷумҳурии Исломӣ, ки расман дар асоси фиқҳи шиъӣ амал мекунад, никоҳи муваққат кори савоб дониста мешавад, аммо инашро намедонам, ки оё тибқи корномаи Вилояти Фақеҳ талоқ муваққат ҳам амал мекунад ва ё на?

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *