Илм ва фарҳангОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Андешаҳо пас аз тамошои филми қазоқии “Томирис”

Имрӯз ҳамин филмро дар шабакаи YouTube  тамошо кардам, ин филм таърихи шоҳдухтари шарқииронӣ Томирисро ҳикоя мекунад. Ҳамчунин таърихи кушташавии Куруши Кабирро низ дар бар мегирад.

Таърихи шоҳдухтари шарқииронӣ Томирис ва ба шаҳодат расидани Курушро фақат Ҳеродот ба қалам даровардааст дигари муаррихони қадим ва асрҳои миёна ба гуфтаҳои ӯ такя карда навиштаанд.

Кулли муаррихони шинохта ба як хулосае омадаанд, ки навиштаҳои Ҳеродот саҳеҳ нестанд, аввал аз сабабе, ки худи Ҳеродот ин қиссаро аз забони тоҷирон баргирифтааст на кам аз 80-100 сол пас, дувум ин, ки оромгоҳи Куруш дар ватанаш, яъне Ирони кунунӣ вуҷуд дорад ва такя ба манбаъҳои торихӣ дар фатҳи даштҳои Осиё шахсан Куруш иштирок накардааст.

Аммо асли ин пости ман дар саҳеҳ будан ва набудани гуфтаҳои Ҳеродот нест, балки дар афсонабофиҳои филмсозони Қозоқистон мебошад.

Ман аз аввал то охир ин филмро тамошо кардам ва дар ин филм як таърихдуздии ошкорро дидам:

  1. Кулли қаҳрамонони филм ва натанҳо онҳо балки ҳамаи одамон ба пуррагӣ чеҳраи муғулӣ доранд ба ҷуз чанд тан гӯё Бохтариёни гуреза (агар иштибоҳ накунам нақши устоди бохтариро бародари мо Фируз Сабзалиев бозидааст), ки аз зулми Куруш ба саҳрои сакоҳо паноҳ бурдаанд;
  2. Қасри ё бошишгоҳи пешвои Сакоҳо (моссмогетҳо) ҳамон хонаи Бадахшонӣ аст, ки аз берун ба юрта онро монанд кардаанд;
  3. Аҷибаш ҳамин, ки ғайр аз исми Томирис дигаронро ҳама туркӣ-муғулӣ ном мебаранд.
  4. Бобои Форобӣ ҳам ба бобои Хулагу монанд шудааст онҷо. )

Албатта ба пуррагӣ аён аст, ки як филми фантастикӣ сохтаанд ва ҳеч пояи илмӣ-тоърихӣ надорад ва фақат ба чанд тан “урра-патриотҳои” худашон шояд таъсире расонад!

Бинобар ин барои хонандагон бахусус хонандагони тоҷик ҳаминро тавсия медиҳам, ки агар ҷое бо қозоқ, қирғиз, тотор ва ғайра дар гирди таърихи Томирис ва ин филм ба баҳс ворид шавед саволҳои зеринро ба онҳо диҳед:

  1. Агар шумо худро сакоӣ ва бахусус авлоди Томирис мешуморед пас чанд вожае аз забонҳои онҳо гӯед;
  2. Агар меъмории бошишгоҳи шоҳи Сакоӣ ба шумо рабте дорад пас як мисол биоваред, ки то ба кунун аз чунин меъморӣ истифода мебаред ва ҳамчу далел хонаи Бадахшониро ба онҳо оваред;
  3. Агар дар ҳақиқат ҳам Томирис ва қабилаи онҳо дар дашти Қипчоқ (Қозоқистони кунунӣ) зистааст, пас мондагориҳои бостоншиносиро биёваред;
  4. Ва билохира бигузор решаи исми Томирис ва дигар қаҳрамонони он замонро биҷӯянд дар луғатномаҳо ва фаҳманд, ки то кадом андоза онҳо ба таърихи мо, яъне порсу тоҷик алоқа доранд!

P/S

Чунин, ки Аллома Иқбол мегӯяд:

Аз хоби гарон хез, аз хоби гарон хез!

Кошонаи моро инҳо ба тороҷ бурданд ва ҳоло таърихи моро низ, Туркия аз як самт мағзшӯйӣ дорад, Қазоқистон аз як самт, моро онҳо араб ва Ирониҳоро форс мегӯянд ва дасти моро ба гузаштаи хеш чунон кӯтоҳ кардаанд, ки пагоҳ забони моро ҳам гӯйише аз туркӣ эълом менамоянд! Ҳаминро бидонед миллате, ки таърих надошт умраш ҳам кӯтоҳ, таърихро ҳифз намоед то наслҳои оянда лаънат нагӯянд ба мо!

Худо ҳофиз!

Корбатри шабакаи Фейсбук  Ил Ҳом

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *