Ахбор

Барандагони ҷоизаи озмуни “Эъҷози сухан” муайян гардиданд

Озмуни адабии “Эъҷози сухан”, ки бори нахуст аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон “бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита баргузор гардид”, ҷамъбаст шуд.

Дар ин бора Радиои “Тоҷикистон” хабар медиҳад.

Дар хабар омадааст:

“Мухбири Радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода дар наминатсияи китобхонӣ ва мухбири шабакаи “Садои Душанбе” Умедалӣ Холов дар номинатсияи шеърхонӣ соҳиби шоҳҷоизаи “Эъҷози сухан” гардиданд, ки ин ҷоиза дар ҳар номинатсия 10 000 сомонӣ мукофот дорад.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар ду номинатсия ба 12 нафар ғолиб диплому мукофотҳои пулӣ доданд. Ба ғайр аз ғолибони ҷойи аввал, ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номинатсия 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номинатсия 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) мукофотпулӣ эҳдо гашт.

Бар асоси баҳогузории аъзои доварон 2 ҷойи дуюм дар наминатсияи китобхонӣ насиби корманди телевизиони “Синамо” Низомов Асҳобиддин ва корманди радиои “Тоҷикистон” Абдуҷалили Амон, дар номинатсияи шеърхонӣ насиби собиқадори радио Абдурашид Ализода ва корманди телевизиони “Тоҷикистон” Гулчеҳра Сатторзода гардид. Се ҷойи сеюм бошад, дар номинатсияи китобхонӣ ба корманди шабакаи “Фарҳанг” Маҷид Салимзода, корманди телевизиони “Тоҷикистон” Тоирхон Асроров, корманди телевизиони Суғд Наргис Каримова ва дар номинатсияи шеърхонӣ ба кормандони телевизиони “Тоҷикистон” Тағоев Куҳзод, Бобоҷонов Абдулаҳад ва корманди радиои “Тоҷикистон” Бузургмеҳр Боймуродов дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар озмун 64 нафар дар номинатсияи китобхонӣ ва 78 довталаб дар номинатсияи шеърхонӣ худро номнавис карда, 18 довталаб бо сабабҳо иштирок накарданд. Ҳамчунин, 39 нафар ба сипосномаву дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд”.

Неъмат Салимзода

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *