ВарзишТоҷикистон

Баргузории намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии “Авто-ретро Душанбе”

26 июни соли 2021 дар майдони назди “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” – и шаҳри Душанбе намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои “Авто-ретро Душанбе” баргузор мешавад.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба қарори Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин намоиш бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру экзклютивӣ ва мототсиклҳо” доир мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  “Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» 14 сентябри соли 2019  дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокдорони  он ретро-мошинҳои нодир ва маъруфи  тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон   — шаҳри Душанбе   дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозии пойтахт  баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши  пойтахт  гузашта буд”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *