Илм ва фарҳангОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Сайти нашрияи Девони Вазирони Ӯзбекистон фаъолияташро бо забони тоҷикӣ оғоз кард

Сайти нашрияи Девони Вазирони Ӯзбекистон “Янги Ӯзбекистон” фоъолияти  худро  бо забони тоҷикӣ оғоз кардааст.

Дар ин бора Asia бо истинод ба худи ин нашрия иттилоъ медиҳад. 

Сайти ин нашрия, ки дар интернет бо суроғаи  yuz.uz қобили дастрас аст, бахши тоҷики худро дар ин суроға фаъол кардааст – yuz.uz/tj.

Нашрияи “Янги Ӯзбекистон” дар шарҳи ин иқдоми худ навиштааст, ки “ин на танҳо ба тоҷикони Ӯзбекистон, балки ба тоҷикони тамоми ҷаҳон имкон медиҳад, ки иттилооти дақиқ  ва шаффофро дар мавриди Ӯзбекистони муосир дарёфт кунанд”.

Гуфта мешавад, ки нашрияи «Янги Ӯзбекистон» 25 январи соли гузашта таъсис ёфта, ҳоло тақрибан бо теъдоди  8000 нусха нашр мешавад ва сайти худро дар баробари забони тоҷикӣ  ҳамчунин бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, инглисӣ ва қазоқӣ низ  фаъол намудааст. Нашрия мазкур  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле фаъол буда, моҳона бештар аз як миллион корбар онро мавриди  баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

То ба сари қудрат  омадани Шавкат Мирзиёев вазъи расонаҳои тоҷикзабон дар Ӯзбекистон ба ҳолати буҳронӣ расида буд.  Дар ҳоли ҳозир дар бархе аз вилоятҳо расонаҳои тоҷикӣ фаъол шуда, нашрияи Маҷлиси Олӣ ва Девони Вазирони Ӯзбекистон “Овози тоҷик”  низ бо забони тоҷикӣ  ба нашр мерасад.  “Овози тоҷик” соли 1924 дар Самарқанд таъсис ёфтааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *