ИқтисодТоҷикистонҲамкорӣҶомеа

БОР ба Тоҷикистон барои харидории воксини зидди КОВИД-19 25 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон барои харидории 3 миллион воя воксини зидди бемории КОВИД-19  25 миллион доллар ё гранти бебозгашт хоҳад дод

Дар ин бора 30 июн вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода   дар Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Аз 26.8 миллион долларе, ки барои харидории воксин ва васоили дигари тиббӣ зарур аст,  25 миллионашро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон пардохт менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон пештар ҳам  барои хариди ваксинаи зидди вируси куруно аз БОР беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт гирифта буд ва гранти навбатии Бонки Осиёи Рушд барои хариди восин то соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон бо вуҷуди дарёфти грант ё бурсия   барои харидории воксин аз ниҳодҳои молии гуногуни ҷаҳон грант то ба ҳол расман аз ҳеч кишваре воксин харидорӣ накардааст.

Қаблан Ҳинду Чин  ба Тоҷикистон  492 ҳазор воя воксини ройгони зидди COVID-19 дода буданд.

Мутобиқи  иттилои Вазорати тандурустӣ  то кунун дар кишвар ҳудуди  300 ҳазор нафар шаҳрвандон  воксин гирифтаанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *