Ахбор

Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ Толибонро ба таслим шудан даъват кард

Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳаракати «Толибон»-ро  ба таслим шудан даъват кард. «Агар хоҳед, ки зинда бимонед, таслим шавед!». Ин муроҷиати вай ба толибон имрӯз дар сафҳаи фейсбукиаш интишор ёфтааст.

Вай иттилоъ додааст, ки дар шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии неруҳои интизомӣ дар ҳудуди Афғонистон зиёда аз 385 толиби террорист кушта ва беш аз 300 нафари дигар захмӣ ва боздошт шудаанд.

“Барои саркӯб кардани террористон — ирода, нақша ва тавонмандӣ мавҷуд аст”, — навиштааст Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ. Вай барои дастгирии фарогир ва қатъии  неруҳои амниятии ҳукумат аз тарафи халқ изҳори сипос ва миннатдорӣ кардааст.

Мутобиқи гузориши қаблан нашр намудаи “Washington Post”, ҳукумати Афғонистон “Сафарбаркунии миллӣ”-ро, ки ҳадафи он мусаллаҳ кардани ихтиёриёни маҳаллӣ ва эҳёи гурӯҳҳои мусаллаҳи қавмӣ ҷиҳати мубориза бо ”Толибон”* мебошад, шурӯъ кардааст. Тибқи  навиштаи рӯзнома, президент Ашраф Ғанӣ ин иқдомро маъқул донистааст. Зимни мулоқот бо сарварони бонуфузи собиқ гурӯҳҳои мусаллаҳи қавмии зидди шӯравӣ ва толибон Ашраф Ғанӣ аз онҳо даъват кардааст, ки “ҷабҳаи воҳид” таъсис диҳанд ва неруҳои амниятии Афғонистонро дар “таҳкими сулҳ” ва “дифоъ аз низоми ҷумҳурӣ” дастгирӣ кунанд.

Роҳбари Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ чунин мешуморад, ки ҳатто агар ”Толибон“* кӯшиш кунанд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ бо роҳи низомӣ ҳокимиятро дар ҷумҳуӣ ғасб намоянд, ин “иштибоҳи калон” -и онҳо хоҳад буд.

Ба фикри Абдуллоҳ, тасарруфи низомии қудрат аз тарафи толибон* дар Афғонистон ғайриимкон аст.

«Онҳо метавонанд дар як давраи кӯтоҳ ва ё миёнамӯҳлат кӯшиш кунанд ва муваффақ шаванд ва пас аз он мо баъзе мушкилот мувоҷеҳ шавем. Аммо, агар толибон* роҳи ҳалли низомиро интихоб кунанд, ин иштибоҳи бузурге аз тарафи онҳо хоҳад буд”, — гуфтааст Абдуллоҳ зимни мусоҳиба бо CNN.

Ҳамин тавр ӯ иттилоотро дар бораи он ки пас аз тарки Афғонистон кардани ИМА ҷангҷӯён метавонанд назорати ин кишварро дар шаш моҳ ба даст оранд, шарҳ додааст.

Ёдовар мешавем, ки вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ чанде пеш вазири мудофиаи кишвар таъйин шуд. Номзадии уро Абдуллоҳ Абдуллоҳ пешниҳод кардааст.

Муҳаммадӣ соли 1961 дар деҳаи Рухаи вулусволии (ҳоло вилояти Панҷшер) -и вилояти Парвон таваллуд шудааст. Дар замони ҳукмронии муҷоҳидон дар Кобул ӯро фармондеҳи полки 40-уми пиёдагард таъйин карданд. Дар даврони муқовимат бо толибон* Муҳаммадӣ фармондеҳи кулли Горди миллии Афғонистон интихоб шуд. Вай яке аз роҳбарони асосии ҷабҳаи муттаҳидаи кишвар таҳти сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва ба неруҳои ҷабҳа дар ҳудуди шимолии Кобул роҳбарӣ мекард.

Пас аз суқути Аморати Исломии “Толибон”*, Муҳаммадӣ дар вазифаҳои фармондеҳи полиси Кобул, сардори ситоди артиши миллӣ, вазири корҳои дохилӣ ва вазири дифоъ кор карда буд ва сипас дар давраи ҳукмронии Ашраф Ғанӣ аз мақомаш барканор гардид ва то замони вуқӯи шароити хос дар вазифаҳои давлатӣ тайъин нашуда буд.

Ба ҳамин тартиб, барои аввал дар давраи президент Ашраф Ғанӣ тоҷики маҳаллӣ ба ин вазифа таъйин карда шуд. Муҳаммадӣ бо муносибати оштинопазираш нисбат ба толибон* маъруф аст. Вазири дифоъи қаблӣ Асадуллоҳ Холид буд, ки дар пасманзари муваффақиятҳои низомии ахири толибон* ногаҳон бемор шуда, кишварро барои табобат тарк кард ва номаи истеъфои худро ба президенти Афғонистон вогузор кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз эълони ИМА дар мавриди хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон, толибон* фаъолиятҳои низомӣ ва террористии худро дар Афғонистон шиддат бахшиданд. Тибқи маълумоти охирин, ҷангиён кӯшиш мекунанд, ки роҳи Кобулро ба самти шимол қатъ ва аз имкони таминот аз Россия ва Чин маҳрум кунанд.

Коршиносон бо як садо мегӯянд, ки низоми  мавҷуда баъд аз рафтани ИМА мустақилона қудратро дар кишвар нигоҳ дошта наметавонад. Ҳукумати кунунӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар бораи кумаки ҳарбӣ фаъолона гуфтушунид мекунад.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *