Дар бораи моОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Вакили дифои қирғизистонӣ аз Суди Байналмилалии Ҷиноӣ хост, ки амали кормандони низомии Тоҷикистонро баррасӣ кунад

Вакили дифои қирғизистонӣ Сония Тухтағозиева  бо дархости оғоз намудани тафтишот нисбати хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон оид ба далели содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ алайҳи аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Суди Байналмилалии Ҷиноӣ  муроҷиатнома фиристод.

Дар ин бора ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст.

“Имрӯз, бо истифода аз ҳуқуқи танзимкардаи моддаи 15 Оинномаи Рим, ман аз номи ҷабрдидагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба прокурори Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ муроҷиатнома (шикоят) фиристодам, ки тибқи банди 53 Оинномаи Рим амали  хизматчиёни ҳарбӣ ва фармондеҳони олии Тоҷикистонро барои содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди таҳқиқ қарор диҳад”,- навиштааст Сония Тухтағозиева.

Вакили дифоъ инчунин қайд кардааст, ки дар ҷараёни пешниҳоди шикоят ба Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ ягон кӯмаке аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон расонида  нашудааст.

“Мехостам махсус қайд намоям, ки ман дар ҷараёни муроҷиат ба Суди Байналмилалии Ҷиноӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратура) ягон кӯмак нагирифтаам,  баръакс  онҳо бо ҳар роҳ аз пешниҳоди ҳадди аққал ягон маълумот даст мекашиданд, гарчанде ки дар кишварҳои муқаррарӣ мақомоти давлатӣ дар чунин маворид вазифадоранд бо шикоят ба судҳои байналмилалӣ муроҷиат кунанд. Онҳо на танҳо вазифаҳои муқаррарии худро иҷро кардан намехоҳанд, балки барои шаҳрвандони ташаббускор халал ҳам мерасонанд”,- таъкид кардааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 29 апрел муноқиша миёни  нерӯҳои марзибони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амалиёти мусаллаҳона табдил ёфт, ки бар асари он аз ҳар ду ҷониб  даҳҳо нафар қурбон ва садҳо нафар захм бардоштанд.  Бо вуҷуди он, ки маҳз марзбонони қирғизистонӣ сабабгори муноқишаи мусаллаҳона буданд,  ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро ба таҷовузи низомӣ гунаҳгор медонад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *