СиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

“Гурӯҳи 24” ба ин ҳаракати сиёсӣ рабт доштани вакили судиҷрочии зиндонӣ Шамсиддиновро рад кард

Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба ин созмон рабт доштани собиқ вакили судиҷрочии зиндонӣ Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар охири соли 2020 бар асоси ҳафт банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қаллобӣ ва харидуфурӯши ғайриқонунии замин ба ҳабс маҳкум шуда буд, ва чанде пеш   алайҳаш  бар асоси моддаи 307 (замимаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ “ даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстримистӣ( ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм”, яъне ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” парвандаи нав боз шудааст,  рад кард.

Дар изҳороте, ки дар сомонаи ин ҳаракати сиёсӣ нашр шудааст, аз ҷумла омадааст, ки Шамсиддинов “ ҳеҷ гоҳ ба мо муроҷиат накардааст, мо бо ҳам ягон кори муштараке надоштем ва дар маҷмӯъ ин шахс ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  ҳеҷ рабте надорад”.

Тибқи шаҳодати бародари Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 7 июн ба радиои Озодӣ муфаттиш гуфтааст, ки “Саиднуриддин моҳи январи имсол дар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст.” Вале наздикони Шамсиддинов ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ба гуфтаи вакили дифои Шамсиддинов Файзи Олӣ” зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст,… танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар додгоҳҳои минтақа ба сомонаи Президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт”. Мутобиқи қонун ин ҷиноят аз се то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Ҳаракати Сиёсии “Гурӯҳи 24”  ин иттиҳоми нав алайҳи  Шамсиддиновро шарҳ дода, гуфтааст, ки мақомоти кишвар бо ин кор мехоҳанд ” бо як тир ду нишон зананд”: ба мардум ҳушдор диҳанд, ки ҳар гуна иртибот бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба ҷазои шадид дучор хоҳад шуд ва ҳамчунин  нишон диҳанд, ки мақомот роҳи саркӯб кардани ҳар  муборизи роҳи адолатро пайдо намуда,  ӯро равонаи зиндон мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкор ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон  Умаралӣ Кувватов таъсис дода шуд. Моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. Ҳоло раҳбарии онро Суҳроб Зафар бар ӯҳда дорад.

Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24”  аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ифротӣ дониста шуда, фаъъолияташ  аз моҳи октябри соли 2014 дар Тоҷикистон  манъ карда шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *