Илм ва фарҳангТоҷикистон

Даргузашти профессор Нигина Шаропова дар рӯзи зодрӯзаш

Собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, равоншинос ва наркологи шинохта, доктори илми тиб  Нигина Шаропова 27 июн дар рӯзи зодрӯзаш  дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт.

Бино бар иттилои Sputnik мабнӣ ба шаҳодати наздикони Шаропова, ӯ аз бемории диққи нафас ранҷ мекашид ва ахиран ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Вале мақомоти Тоҷикистон ин иттилоъро расман тасдиқ накарданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар  дар пайи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ то ба ҳол ягон ҳолати фавти шаҳрвандон сабт нашудааст.

Нигина Шаропова, духтари табиби шинохта Минҳоҷ Ғуломов солҳои 1999 – 2004 дар мақоми муовини Сарвазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, солҳои 2004 – 2006 дар вазифаи ҷонишини Вазири тандурустӣ ва то охири умраш дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи падараш кор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи Баширхон Исҳоқӣ, ректори вақти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино соли 1996 дар синни 66-солагӣ аз ҷониби силоҳбадастони номаълум  ба қатл расонида шуд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *